сафарҳо
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
КОРХОНАИ ДӮЗАНДАГИИ ҶДММ «СУҒДИЁН» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
2 июл дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён» шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи дӯзандагӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» таҷдиду навсозӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагӣ, рангубори матоъ ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар корхона бо фароҳам овардани шароити мусоид дар як баст зиёда аз 200 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, дар асоси талаботи бозори дохилӣ ва фармоиши ташкилоту муассисаҳо дӯхти либосро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд.
Мавриди зикр аст, ки корхона соли 1992 дар масоҳати 4,26 гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Бо сабаби вазъияти ногувори солҳои баъдӣ, он бо иқтидори пурра фаъолият намекард ва аксари кормандони муҳандисию техникиаш бекор монданд. Дар як вақт ҳамагӣ 15 нафар кор мекарданд ва дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагияш пурра корношоям гардида буд.
Роҳбарияти ҶСП «Корпоратсияи Сомон Суғд» дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади саҳм гузоштан дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи дӯзандагии «Суғдиён»-ро ба пуррагӣ барқарор намуда, дӯхти либосҳои гуногунро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монданд.
Дар баробари васлу насби 180 дастгоҳи наву замонавии дӯзандагӣ, инчунин коргоҳҳои шустушӯю пардоздиҳӣ ва рагуборкунии ин корхона ба таври муосир сохта шудаанд ва оянда кор дар ин ҷо шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад, ки боз 200 нафари дигар бо ҷойи кору маоши хуб таъмин мегарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Суғдиён» бо чандин ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди «Текстил трейд»-и Федератсияи Россия ва «Бил Бом Бо»-и Ҷумҳурии Беларус шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар оянда маҳсулоти дӯзандагии он ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.
Айни замон корхона дар баробари дӯхти либосҳои зебою шинам барои кӯдакон ва калонсолон, инчунин ниқобу хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ истеҳсол менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба сифати либосҳои дӯхташаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити имрӯза бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дӯхти либоси босифат, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи корхонаҳои истеҳсоли шишаи сохтмонию маишӣ ва рангубори ресмони пахтагӣ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, муаррифӣ шуд.
Таъкид гардид, ки корхонаи истеҳсоли шишаи сохтмонӣ ва маишӣ бо харҷи 22 миллион доллари ИМА дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд мешавад. Дар он бояд дар як сол 7 миллиону 200 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ ва маишӣ истеҳсол гардад.
Корхонаи рангубори ресмони пахтагӣ бошад, дар заминаи бинои нотамоми ҳамшафати ҶДММ «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо харҷи 2 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа, дар он дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагӣ рангубор карда мешавад.
ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ НАВИ ҲАСИББАРОРИИ ҶДММ "ШИРКАТИ АЗИЗӢ" ВА МУАРРИФИИ ФЕРМАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ "ДӮСТИ АЗИЗ"
2 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи нави ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати Азизӣ"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Он аз бинои асосӣ, чор бинои ёрирасон ва ошхона иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуаҳад Самадзода бунёд ёфт.
Бо ба истифода додани коргоҳи ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати Азизӣ" 32 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Мавриди зикр аст, ки пеш аз оғози кор мутахассисон аз курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат гузашта, нозукиҳои фаъолият дар чунин коргоҳҳоро аз худ мекунанд.
Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, ташкили коргоҳро дар коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 20 корхонаи саноатӣ дар назар буда, то имрӯз 8-тои он мавриди истифода қарор гирифтааст. Коргоҳи мазкур аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсолиаш дар як шабонарӯз аз 800 то 1000 килограмм маҳсулотро ташкил медиҳад. Корхона бо маҳсулоти нотайёри дохилӣ айни ҳол 40 навъи ҳасиб истеҳсол менамояд.
Бояд зикр намуд, ки ширкати мазкур ба бозори истеҳсоли ҳасиби кишвар аз соли 2015 ворид шуда, дар ин муддат бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазир тавонист мавқеи худро пайдо намояд. Махсусан, пас аз он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи парандапарварӣ як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ муқаррар намуд, фаъолияти ширкат низ чун дигар корхонаҳои ин соҳаи зудрасу сердаромад тақвият ёфт. Аз ҷумла, барои бо нархи дастрас таъмин намудани истеҳсолоти дохилӣ бо ашёи хом, яъне гӯшти мурғ, моҳи марти соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи парвариши мурғи гӯштӣ ба фаъолият пардохт. Ин имкон медиҳад, ки коргоҳи ҳасиббарорӣ дар ҳамаи фаслҳои сол бо ашёи хом таъмин бошад.
Дар доираи дастгириҳои давлатӣ ва бо истифода аз имтиёзҳои муқарраргардида, масъулони ширкат, ҳамчунин, фабрикаи парвариши мурғи тухмдеҳро низ ба истифода доданд. Акнун, пас аз ба тухм даромадани чӯҷаҳо, як қисми маҳсулот барои истеҳсоли ҳасиб истифода мешавад, қисми дигарашро ба бозори истеъмолӣ мебароранд.
Маҳсулоти тайёри корхона дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе, харидорони зиёд дорад. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда ба бозорҳои хориҷӣ низ роҳ ёбанд.
БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ НИҲОЛҲОИ ПАХТА ДАР КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ БА НОМИ ҶАББОР РАСУЛОВ
2 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои ниҳолҳои пахта дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов аз наздик шинос шуда, бо саҳмдорони он мулоқот карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки кооператив соли 1929 ташкил гардида, феълан, дорои 6036 гектар замин мебошад ва аз ин ҳисоб 1598 гектарашро замини обии корам ташкил медиҳад. Дар ноҳия Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов аз бузургтарин ҷамъиятҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, 956 саҳмдор дорад.
Имсол хоҷагӣ дар масоҳати 710 гектар кишти пунбадона гузарондааст, ки айни ҳол хуб нашъунамо ёфтааст. Дар хоҷагӣ, асосан, навъи пахтаи “Дӯстӣ” парвариш мешавад, ки ба иқлим ва боду ҳавои минтақа мусоид мебошад. Зикр шуд, ки кишоварзон бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ҳамасола аз ҳар гектар бештар аз 30 сентнер ҳосил гирифта, фоидаи хуб ба даст меоранд. Ҳамчунин, дар майдони боқимондаи киштшаванда дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ парвариш мешавад.
Аҳли заҳмат дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, барои рӯёндани якчанд ҳосил тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд. Ғайр аз пахта, айни ҳол дар масоҳати 200 гектар гандуми тирамоҳӣ, 110 гектар шолӣ ва 10 гектари дигар картошка кишт шудааст. Дар қисмати боқимондаи заминҳо кишоварзон пиёз, помидор ва ҷуворимакка корида, ба масъалаи парваришу ҷамъоварии хӯрокӣ чорво низ диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Аз ин ҷост, ки дар масоҳати 94 гектар ду навъи беда ва 36 гектари дигар барои хӯроки чорво зироатҳои силосбоб парвариш меёбанд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои ду фермаи чорвопарварӣ буда, ба пуррагӣ талаботи худро бо хӯроки чорво қонеъ мекунад ва ҳамасола онро ба фӯруш низ мебарорад. Иброз гардид, ки дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов ба нигоҳубину парвариши дарахтони мевадиҳанда диққати хоса зоҳир гардида, айни ҳол дар 156 гектар буттамевазор бунёд гардидааст ва дар 29 гектар замини дигар дарахтони тут нигоҳубин карда мешавад. Хоҷагӣ дар се минтақа – Ёва, Навобод ва Мараҷаб фаъолияти босамар дорад.
Кооперативи тиҷоратӣ 4 бошишгоҳи саҳроӣ дошта, ҳамаи онҳо бо таҷҳизот ва мошинолоти корӣ таъмин мебошанд. Имкониятҳои фароҳамовардашуда ва таҷрибаи зиёди корӣ боиси он гардидааст, ки кооператив ҳамасола фаъолияти худро густариш дода, истеҳсоли номгӯй ва миқдори маҳсулоти кишоварзиро сол ба сол афзоиш медиҳад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзони кооператив дидан карда, бо навъҳои тухмие, ки дар заминҳои хоҷагӣ истифода мегарданд, шинос шуданд. Аҳли заҳмат тухмии намудҳои гуногуни пахта, ҳамчунин бештар аз 10 номгӯи дигари зироатҳои кишоварзиро ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин тухмиҳо, асосан, барои кишти такрорӣ пешбинӣ гардида, имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи дастурҳои Пешвои миллат дар масоҳати 1447 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронда мешавад. Тибқи нақша, сабзавот, намудҳои гуногуни сабзӣ, шолӣ, мош ва хӯроки чорво такроран корида шуда, кишоварзон азм доранд, ки аз як замин чанд ҳосил ба даст оранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими кишвар, кишти такрориро вусъат бахшанд. Зеро тухмии хушсифат омили асосии ба даст овардани ҳосили хуб буда, ба ин васила, метавон маҳсулнокии заминро низ баланд бардошт.
Пешвои миллат ба аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулов ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёндани чанд ҳосил ва вусъат додани ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ «ДЕҲМОЙ – 1»
2 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, ҳамчунин, ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.
Нахуст Сарвари давлат дар деҳоти Деҳмойи ноҳия пойгоҳи обкашии «Деҳмой – 1»-ро, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру таҷдид гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пойгоҳ ҳанӯз солҳои 60-уми қарни гузашта дар маҷрои дарёи Сир бунёд ёфта буд ва 6 агрегати он ниёз ба таъмири пурра дошту ду агрегати дигараш фаъолият намекард. Аз ин сабаб, дар самти обёрии заминҳои кишоварзӣ дар деҳоти Деҳмой, Гулхона, Сомониён, Ғулакандоз, инчунин, қисман заминҳои ҳудуди деҳоти Ҳаёти Нав мушкилӣ ба вуҷуд меомад. Ҳамакнун, ин мушкил аз байн рафт ва минбаъд тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой – 1» 7885 гектар замини кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби полизӣ таъмин мешавад. Зеро 5 агрегати мавҷудаи пойгоҳ аз таъмири пурра бароварда шуда, дар ҷойи агрегатҳои фарсуда ду муҳаррик ва ду дастгоҳи обкашии наву замонавӣ насб гардид. Муҳаррикҳои нав имкони то 20 дарсад сарфа намудани қувваи барқро дошта, ҳар яки он дар як сония то 1300 литр оби полизӣ интиқол медиҳад. Дар маҷмӯъ, иқтидори пойгоҳ дар як сония интиқоли 9,2 метри мукааб оби полизӣ мебошад.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки тавассути ин пойгоҳ канали магистралии Деҳмой ва каналҳои Хоҷабоқирғон 2 ва 3 бо оби полизӣ таъмин мегарданд.
Дар заминаи таъмиру барқарорсозии пойгоҳи обкашии «Деҳмой – 1», аз ҷумла насби ду агрегати нав, таъминоти оби полизӣ дар мавзеи Рухак беҳтар мешавад. Дар ин ҷо 400 гектар заминҳои корами ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 210 гектар заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан аз сабаби норасоии об қисман кишт мешуданд, шодоб гардиданд.
Ҳоло дар пойгоҳи обкашии «Деҳмой – 1» 13 нафар мутахассиси соҳа фаъолият дошта, кафолати тӯлонӣ коршоям будани агрегатҳои он таъмин аст.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон (марҳилаи 2) ва Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ ва идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон муаррифӣ шуд. Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон (марҳилаи 2), ки мақсади татбиқаш беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот дар қисми тоҷикистонии ҳавзаи Сирдарё тавассути идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мебошад, 100 дарсад иҷро гардидааст. Дар ин доира, пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ҷумла таъмиру таҷдиди пойгоҳи обкашии «Деҳмой – 1», ҳамчунин, каналу қубурҳои асосии обгузари системаи ирригатсионии Оқсу дар ноҳияи Спитамен ва канали Хоҷабоқирғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз таъмири пурра бароварда шуд.
Таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳаз намудани бинои идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи Зарафшон ва Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар шаҳри Панҷакент, барқарорсозии 11 пойгоҳи обкашӣ, 20 чоҳи амудӣ, 7 садд, инчунин, селроҳаҳо, таъмиру таҷдиди 1000 километр ҷӯйборҳои дохилихоҷагӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз корҳое мебошанд, ки дар доираи Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ ва идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон иҷро гардидаанд. Татбиқи лоиҳаи мазкур 80 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба хотири сари вақт тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, шабакаҳои обгузар ва таъмини пайвастаи оби полизӣ, инчунин, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷаббор Расулов якто техникаи махсуси пуриқтидору замонавӣ туҳфа шуд.
Сарвари давлат ҷиҳати истифодаи дурусти дастгоҳу таҷҳизоти мавҷуда, сари вақт ва ҳарчи бештар обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой – 1» масъулонро муваззаф намуданд.
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ХОЛМАМАТ»
2 июл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои сабзавот дар хоҷагии деҳқонии «Холмамат» шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Холмамат», ки соли 2019 ташкил гардидааст, дорои 4,3 гектар замини корами обӣ мебошад. Вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ, хоҷагидорон дар кишти асосӣ 2,3 гектар помидор шинонда, аллакай, аз як гектари он ҳосилро ҷамъ меоваранд. Аз рӯйи маълумоти саҳмдорон, аз ҳар чинак то як тонна ҳосил ба даст оварда мешавад.
Дар қатори помидор, ҷуворимакка барои дон шинонда шудааст, ки он дар баробари ҳосилбандӣ, ҳамчунин, бо таъмини соя дар серҳосилии помидор замина мегузорад. Ниҳоли помидорро дар ин майдон моҳи март шинондаанд ва аз ҳосилбандии он кишоварзон қаноатманд мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки 1 гектар бодиринг, 0,5 гектар помидор ва 0,5 гектар карам дар хоҷагии деҳқонии «Холмамат» кишти такрорӣ мебошад.
Саҳмдорон қаблан дар масоҳати 1,5 гектар картошка ва 0,5 гектар карам кишт намуда, аз он ҳосили фаровон ҷамъ оварданд. Ҳосили картошка аз кишти асосӣ ба 35 ва карам ба 25 сентнер расидааст, ки ин нишондод ба талаботи соҳа дар иқлими ноҳияи Ҷаббор Расулов мутобиқ аст.
Соли равон кишоварзони хоҷагӣ парвариши занбӯри асалро низ ба роҳ монданд. Айни замон хоҷагии мазкур дорои 20 оилаи занбӯри асал мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти саҳмдорон, хоса истифодаи самараноку оқилонаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Холмамат» баҳои баланд дода, ба кишоварзон, барои саҳми арзанда дар таъмини амнияти озуқаворӣ, изҳори миннатдорӣ карданд.
Сипас, Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар хоҷагии деҳқонии «Холмамат» ташкил шуд, дидан намуданд.
Ба иттилои масъулони соҳа, имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 2400 хоҷагии кишоварзӣ ба қайд гирифта шуда, масоҳати заминҳои корами обӣ 12167 гектар, лалмӣ 2184, боғ 1404 ва токзор 60 гектарро ташкил медиҳад.
Дар намоишгоҳ аз 6 деҳоти ноҳия хоҷагидорон иштирок намуда, дар ду пирамида, 10 хайма ва растаҳо маҳсулоти нонию номгӯи гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полизӣ, меваҳои шаҳдбор ва, инчунин, асали табииро, ба маъраз гузоштанд. Гуфта шуд, ки имрӯз дар ноҳия 2780 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст.
Фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати пайвастаи сокинон, хоса хоҷагидорони ноҳияи Ҷаббор Расулов марбут дониста, таъкид намуданд, ки ҳисси масъулияту маданияти баланд ва истифодаи самараноку оқилонаи замин аз ҷониби кишоварзон баҳри таъмини пурраи бозори истеъмолии мамлакат замина хоҳад гузошт.
ШИНОСОӢ БО ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ДАР ДЕҲОТИ ДЕҲМОЙ
2 июл дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Заркор”-и деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд.
Ғулом Тӯрабоев 0,18 гектар замин дорад ва дар масоҳати 0,09 гектар гармхона ташкил намуда, дар 0,03 гектар лимӯ, 0,03 гектар помидор ва 0,03 гектари дигар бодиринг кишт намудааст. Қитъаҳои дигари замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби ин оила самаранок истифода гардида, ҳамеша ҳосили фаровон ба даст меорад ва дар чорводорӣ низ муваффақияти зиёд дорад.
Ғулом Тӯрабоев ва хонаводааш, ҳамчунин, ба чорводорӣ машғул буда, 13 сар чорвои хушзот парвариш менамоянд ва аз ин ҳисоб манфиати зиёд мебинанд.
Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти ин оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшту шир таъмин намуда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори хуш доранд.
Ташкили гармхона ва аз як қитъа замини наздиҳавлигӣ гирифтани се чор ҳосил шаҳодати истифодаи мақсадноки замин аз ҷониби сокини деҳаи “Заркор”-и деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғулом Тӯрабоев мебошад.
Ҳамчунин, ин деҳқони соҳибтаҷриба бо мақсади истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ дар байни қаторҳои ниҳолҳои лимӯ, ки дар гармхона парвариш мешаванд, маҳсулоти лӯбиёгӣ кишт карда, ҳосили зиёд ба даст меорад.
Дарвоқеъ, хоҷагидорону сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо истифода аз имконияти мавҷуда ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба истифодаи мақсадноки заминҳои таъйиноти кишоварзию наздиҳавлигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва аз ин ҳисоб манфиати зиёд низ ба даст меоваранд.
Барои мисол, рӯзгори сокини деҳаи “Заркор”-и деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғулом Тӯрабоев ва аҳли оилааш аз ҳамин ҳисоб аст, зеро оилавӣ дар замин меҳнат менамоянд.
Аснои шиносоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ин деҳқони асил дар истифодаи замин баҳои баланд дода, бори дигар аз аҳамияти захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзии мамлакат дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Ғулом Тӯрабоев лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд, тақдим намуданд.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Ғулом Тӯрабоев ба хотири муаррифии натиҷаи самараи бадастовардаи аҳли оилааш намоишгоҳ ташкил намуда, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, зардолу ва олуча, ба маъраз гузошт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи заҳмати сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов фаровонии маҳсулотро самараи меҳнати содиқона дар самти истифодаи мақсадноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ маънидод намуданд.
ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ МАВСИМИИ БАНДУБАСТИ ПИЁЗ ДАР ШАҲРАКИ МЕҲРОБОД
2 июл дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи мавсимии “Баракат” шинос шуданд.
Корхонаи мавсимии “Баракат” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирҷамол Ҷамолов дар масоҳати 1,17 гектар бунёд ёфта, аз ду қитъа иборат мебошад, ки яке 0,49 ва дигаре 0,68 гектарро дар бар мегирад. Дар он, асосан, пиёз бо усули муосир тоза ва коркард шуда, дар халтаҳо гирифта мешавад ва барои фурӯш ва содирот пешниҳод мегардад.
Дар давраи коркарди пиёз, ки 2 моҳ идома мекунад, беш аз 500 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб мешаванд.
Соҳибкорон, дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону кишоварзон, моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ беш аз 10800 тонна пиёзро ба кишварҳои хориҷ содирот карда, ҳамчунин, барои зимистонгузаронӣ дар анборҳо 1000 тонна пиёз захира намудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 14609 гектар замини корам мавҷуд буда, аз он 12522 гектарашро заминҳои обӣ ва 2087 гектарашро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд.
Хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввалу аз ҷиҳати экологӣ тоза, то имрӯз дар масоҳати 541 гектар кишти пиёз гузарондаанд.
БОЗДИД АЗ МАЙДОНИ ПАРВАРИШИ ҚАЛАНФУРИ БУЛҒОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "НАРЗУЛЛО"
2 июли соли 2020, дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар хоҷагии деҳқонии "Нарзулло" бо ҷараёни парвариши қаланфури булғорӣ шинос шуданд.
Хоҷагӣ аз соли 2008 инҷониб фаъолият дошта, кишоварзон, асосан, ба парвариш ва нигоҳубини қаланфури булғорӣ машғуланд. Хоҷагӣ дорои 8 гектар замин мебошад, ки аз он 5 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол 9 нафар дар хоҷагӣ ҳамчун саҳмдор фаъолият дошта, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил, тақрибан, 20 нафари дигар ба кори мавсимӣ ҷалб мегардад.
Имсол хоҷагидорон майдони кишти қаланфури булғориро аз 2,3 га ба 3 га расонда, ҳамчунин, парвариши помидору қаланфури тунд, пиёз, боимҷон ва пахтаро низ ба роҳ монданд. Таъкид гардид, ки хоҷагии деҳқонии "Нарзулло", дар вилоят яке аз хоҷагиҳои фаъол дар самти парвариш ва истеҳсоли қаланфури булғорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми арзанда дорад. Ҳосили имсолаи қаланфур хеле зиёд аст, аз ин рӯ, кишоварзон нақшаи содироти ин маҳсулотро тарҳрезӣ менамоянд.
Дар доираи таъкидҳои Пешвои муаззами миллат, хоҷагидор Набиҷон Холматов сол ба сол истеҳсоли ин навъи маҳсулотро зиёд менамояд, зеро даромади асосии зиндагии ӯ ва саҳмдорони хоҷагӣ аз замин аст.
Маврид ба зикр аст, ки кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов имсол майдони кишти зироатҳои гуногунро ба 14 ҳазору 709 га расонданд, ки аз ин 12 ҳазор гектараш замини корами обӣ буда, 2 ҳазору 187 гектари дигарро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд. Тибқи иттилои идораи кишоварзии ноҳия, аз маҷмӯи заминҳои киштшуда, бо дарназардошти заминҳои наздиҳавлигӣ, дар қаламрави ноҳия 60 гектар қаланфури булғорӣ кишт шудааст.
Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси хоҷагии деҳқонии "Нарзулло" барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати кишвар дар самти истифодаи мақсадноки замин изҳори сипос карда, барои дар оянда зиёд намудани майдони кишти қаланфури булғорӣ ва содироти он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бино ба таъкиди Пешвои миллат, имрӯз бояд деҳқонон нисбат ба солҳои гузашта бо масъулияти баландтар меҳнат намоянд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд, зеро пандемияи ҷаҳонии бемории коронавирус, мардуми сайёраро, пеш аз ҳама, ба мушкилоти ғизоӣ рӯ ба рӯ намудааст.
Кишоварзони ноҳия низ ҷиҳати амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд ва бозорҳои дохилиро бо маводи ғизоии хушсифат ғанӣ гардонанд.
ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ИСТИРОҲАТИИ ҶДММ «БАҲОРИСТОН»
2 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо ҷараёни сохтмони бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон», ки дар соҳили баҳри Тоҷик воқеъ аст, шинос шуданд.
Бунёди иншооти нави истироҳатӣ аз тадбирҳои навбатии роҳбарияти ҶДММ «Баҳористон» мебошад, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолият, ҷалби ҳарчи бештари меҳмонон, истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани шароитҳои муосиру замонавӣ анҷом дода мешавад.
Бино бо тарҳи ҷолиб сохта шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Ҳуҷраҳо дорои муосиртарин шароиту имкониятҳои истироҳатию фароғатӣ ва табобатӣ буда, барои то 80 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар бинои нав, ҳамчунин, меҳмонхона ва ҳавзи шиноварӣ бунёд ёфта, ҳудуди он бо тарҳу намои хосса оро дода мешавад. Гирду атрофашро гулгашту фаввораҳо зебоии хосса мебахшанд. Он, ҳамчунин, дорои таваққуфгоҳ хоҳад буд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва рафти корҳои сохтмонӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сохтмончиён ҷиҳати ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир сохтани ин иншооти истироҳатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бунёди чунин иншооти истироҳативу сайёҳӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд давоми солҳои охир даҳҳо чунин иншоот, бо сатҳу сифати баланд бунёд шудаанд.
Осоишгоҳи маъруфи «Баҳористон» бо шароиту имкониятҳои мусоиди фароғативу табобатиаш солҳост, ки шумораи хеле зиёди табобатгирандагон ва истироҳаткунандагони дохилу хориҷи кишварро ба худ ҷалб менамояд.
Осоишгоҳ бо инфрасохтори замонавӣ, заминаи хубу муосири ташхисию табобатӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ маҳбубияти зиёд дорад. Минтақаи сабзазору хуррами осоишгоҳ 22 гектарро дар бар мегирад. Тарҳи зебои биноҳои истироҳатию табобатӣ, пайроҳаҳои зебову чароғон, гулҳои рангоранг, фаввораҳо, суҳбаткадаҳои бо кандакории миллӣ сохташуда, гӯшаҳои кӯдакона, чаманзорҳои сабзу хуррам маҳбубияти ин осоишгоҳро миёни сайёҳону истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ зиёд намудааст.
Бо мақсади қабули меҳмонон, 6 бинои истиқоматӣ бо ҳуҷраҳои гуногундараҷаи бароҳат ва шабакаи ягонаи муътадилкунандаи ҳарорати дохили бино бунёд гардидаанд. Дар маҷмӯъ, осоишгоҳи “Баҳористон” дорои 10 коттеҷи бо тарҳи нодир сохташуда барои 40 нафар, ду коттеҷи ВИП, ошхона барои 880 нафар, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, фитнес-клуб, толори варзиш, 2 ҳавзи шиноварии тобистонаву зимистона, минтақаи обутоби бадан, 2 майдони варзиш, корти теннис, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва кӯли сунъӣ мебошад. Шароити табиии мувофиқ ва заминаи муосири ташхисию табобатӣ бо сатҳи баланди хизматрасонӣ имкон фароҳам овардааст, ки ҳамасола теъдоди истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар ин маҷмааи солимгардонӣ афзояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.07.2020 №: 122 Мутолиа карданд: 2333