суханрониҳо
СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД, 3 ИЮЛИ СОЛИ 2020, НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Ҳозирини муҳтарам!
Дар давоми се рӯзи сафари навбатӣ ба чандин шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мо бо вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷараёни корҳои созандагӣ шинос шуда, якчанд иншооти истеҳсоливу иҷтимоии навбунёдро мавриди истифода қарор додем.
Чунон ки аз мушоҳидаву таҳлилҳо бармеояд, дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, таҳти таъсири пайомадҳои манфии он қарор гирифтаанд ва Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои нахустини пайдоиши ин беморӣ ҳамаи чораҳои пешгирикунандаи заруриро амалӣ карда, ин равандро идома дода истодааст.
Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID – 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи иқдомоти зикршуда мебошад, ки аз ҷониби аҳолӣ, роҳбарону кормандони корхонаҳо ва соҳибкорон бо хушнудӣ пазируфта шуд. Татбиқи саривақтии тадбирҳои дар ин санад пешбинишуда ба нигоҳ доштани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал мусоидат карда истодааст.
Тавре ки дар машварати кории гузашта моҳи марти соли ҷорӣ хотирнишон карда будам, шиддат гирифтани хавфҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгирӣ кардан ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, ҷиҳати тақвият бахшидани иқтидори иқтисодии кишвар ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар созем.
Бори дигар таъкид менамоям, ки дар чунин шароит масъулияти шахсии роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он дар иҷрои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии пешбинишуда бояд боз ҳам баланд бардошта шавад.
Тибқи таҳлилҳо, дар вилоят баъзе масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳалли фаврӣ мехоҳанд. Масалан, нақшаи ҷамъоварии андозҳо, аз ҷумла андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар панҷ моҳи соли равон 87,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 154 миллион сомонӣ ворид нагардидааст. Бақияи қарзи андозҳо (бо дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар вилоят ба санаи 1-уми июни соли 2020 ба 86 миллион сомонӣ баробар шудааст. Мавҷудияти бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гувоҳи он аст, ки ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо сохторҳои маҳаллии Кумитаи андоз ва андозсупорандаҳо қонеъкунанда нест.
Бинобар ин, ба роҳбарони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҷиҳати иҷрои қисми даромади Буҷети давлатӣ, аз ҷумла иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо, таъмини самаранокии қисми хароҷоти буҷет, кам намудани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа, чораҳои фаврӣ андешанд. Ҳамчунин, вобаста ба диверсификатсияи манбаъҳои андозбандӣ (кам кардани вобастагии қисми даромади буҷет аз ҳисоби 3 – 4 субъекти хоҷагидор) барои дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ карда шавад. Ҳамзамон бо ин, роҳбарону масъулонро зарур аст, ки дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва мунтазам дастгирӣ кардани соҳибкорон, ташаккули манбаъҳои нави андозбандӣ ва ба ин васила, зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет пайваста чораҷӯӣ намоянд.
Дар моҳҳои январ – марти соли 2020 ба соҳаҳои афзалиятноки вилоят ба маблағи 500 миллион сомонӣ сармояи ватаниву хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки 270 миллион сомонии онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Таъкид месозам, ки ин нишондиҳанда ночиз аст ва корҳо дар ин самт бояд тақвият бахшида шаванд.
Ҳоло дар вилоят 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дошта, дар доираи онҳо корҳои бунёду барқарорсозӣ ба маблағи беш аз 2,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расидаанд. Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки назорати босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда татбиқ гардидани лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ҷоннок намоянд.
Бо дарназардошти вазъи имрӯза, яъне таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки тавассути ҷалби бештари сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок, содироти он ва зиёд намудани манбаъҳои андозбандӣ эътибори аввалиндараҷа дода, дар ин самт тамоми имкониятҳоро истифода баранд. Дар робита ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки доир ба иҷрои корҳо дар самтҳои зикршуда ба Ҳукумати кишвар мунтазам ҳисобот диҳанд.
Дар панҷ моҳи соли 2020 ҳиссаи вилояти Суғд дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар 51 фоиз ва суръати рушди он 18 фоизро ташкил кардааст. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 корхона бо 370 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла 10 корхона доир ба истеҳсоли хӯрокворӣ, 5 корхонаи дӯзандагӣ, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон таъсис дода шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба имконияту захираҳои вилоят тамоман паст мебошанд. Хотирнишон месозам, ки бо чунин нишондиҳандаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда расидан ба ҳадафи стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бисёр мушкил мегардад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар шароити паҳншавии бемориҳои сироятӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ яке аз тадбирҳои асосӣ ва муҳими пешгирӣ кардани пайомадҳои манфии он ба иқтисодиёт мебошад. Дар ин росто, зарур аст, ки доир ба таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои истеҳсолӣ ва пешгирии аз кор мондани корхонаҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар то аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар бахши истихроҷи маъдан суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Илова бар ин, дар моҳҳои январ – майи соли 2020 дар якчанд корхонаи коркарди гандуми вилоят истеҳсоли орд ба қайд гирифта нашудааст, ки ин ташвишовар мебошад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки якҷо бо роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба таъмини фаъолияти доимии иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ омода намудани кадрҳои идоракуниву муҳандисӣ чораҳои мушаххас андешад. Бори дигар таъкид менамоям, ки андешидани тадбирҳо дар самти барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва дарёфти бозори фурӯш вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар вилоят дар моҳҳои январ – майи соли 2020 назар ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли либосҳои мактабӣ 70, нон ва маҳсулоти нонӣ 54, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 6 ва консерваҳо 7 фоиз кам шудааст, ки чунин ҳолат низ андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд. Зеро татбиқи сиёсати воридотивазкунӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин, вазорату идораҳои дахлдор мебошад.
Мо зимни сафари корӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ ва чанд рӯзи охир дар вилоят якчанд корхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту технологияҳои муосири истеҳсолиро доир ба коркарди ниҳоии маҳсулот ифтитоҳ кардем. Истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатнок бозори фурӯши худро чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар меёбад ва ташкили чунин коргоҳу корхонаҳо бояд аз ҷониби сохтору мақомоти давлатӣ ҳаматарафа дастгирӣ карда шавад. Дар робита ба ин, роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор месозам, ки бо мақсади ба роҳ мондани гуногуннавъии маҳсулоти саноатӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадам ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон густариш диҳанд. Ҳамчунин, зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва бахши хусусӣ лоиҳаҳои сармоягузории бунёди корхонаҳои нави саноатиро таҳия намуда, ҷиҳати дарёфти сарчашмаи маблағгузории онҳо мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Бо мақсади баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва бо дарназардошти таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи энергетика ва истиқлолияти энергетикии кишвар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бояд бо ҷалби технологияҳои каммасраф ба роҳ монда шавад. Маҳз ҷалби технологияҳои пешқадам ба рушди соҳаҳои коркард, афзоиши иқтидори иқтисодии вилоят ва татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат карда метавонад.
Илова бар ин, дар шароити паҳншавии пандемияи коронавируси COVID – 19 ва маҳдуд шудани содироти маводи ғизоӣ, аз ҷумла гандум, аз ҷониби як қатор кишварҳои шарики мо андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ муҳим буда, дар ин самт истифодаи ҳамаи имкониятҳо бояд таъмин карда шавад.
Моҳи гузашта дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон доир ба самаранок истифода бурдани замин, гирифтани се – чор ҳосил, ташкили захираи дусолаи озуқаворӣ аз ҷониби ҳар як оилаи кишвар ва дигар тадбирҳо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дода шуданд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он низ вазифадоранд, ки ба ин масъалаҳо ҷиддӣ муносибат карда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои зикршударо таъмин созанд.
Роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро бори дигар вазифадор менамоям, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан заминҳои президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва боз ҳам баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ҷоннок намоянд. Барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ зарур аст, ки ба масъалаи кишти такрорӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Бояд гуфт, ки ченаки назоратии кишти картошка дар хоҷагиҳои ҷамоавии вилоят муайян намуд, ки дурнамои кишти он 4,5 ҳазор гектар иҷро нашудааст. Ҳарчанд ки баъди ченаки назоратӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 880 гектар кишти картошка гузаронда шуда, ҳоло дар майдони қариб 1800 гектар кишти картошка ҳамчун кишти такрорӣ идома дорад, роҳбарону масъулонро зарур аст, ки иҷрои ҳатмии супориши Роҳбари давлатро таъмин намоянд.
Дар панҷ моҳи соли 2020 кишоварзони вилоят ба маблағи 978 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди он ки дар гармхонаҳои вилоят ба ҳолати 5 июни соли 2020 дар майдони 26 гектар сабзавот кишт шуда, 684 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст, вале ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Зеро дар вилоят барои дар майдони бештар ташкил кардани гармхонаҳо имконияти зиёд мавҷуд мебошад ва бо ҳамин роҳ бозори истеъмолии кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин карда, содироти маҳсулоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тозаро афзоиш додан мумкин аст. Дар баробари ин, зарур аст, ки барои захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавот дар давраи тирамоҳу зимистон сардхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир бунёд карда шаванд.
Гарчанде дар вилоят бо мақсади коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ якчанд корхонаи муосир фаъолият дорад, аммо иқтидори соҳа ҳанӯз нокифоя мебошад. Дар ин давра аз вилоят маҳсулоти консерва ва хушкмева ҳамагӣ ба маблағи 3,4 миллион доллар содирот шудаст, ки чунин нишондиҳанда бо дарназардошти имкониятҳои вилоят дар ин самт қонеъкунанда нест. Бо вуҷуди дастуру супоришҳои пайвастаи Роҳбари давлат оид ба масъалаи афзоиш додани содирот, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ содироти пиёз ва мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки иқтидори содиротии вилоят то ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодааст ва чунин вазъ аз масъулон андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд. Ба Агентии содирот супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ҳамкориро бо мақомоту субъектҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ тақвият бахшида, ҳаҷми содироти сабзавоту мева ва маҳсулоти коркарди онҳоро афзоиш диҳад.
Шароити имрӯзаи иқтисоди ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки ҷиҳати ҳарчи камтар кардани вобастагии кишвар аз воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ мунтазам чораҷӯӣ намоем. Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисон ва кишоварзони вилоят вазифадоранд, ки тавассути истифодаи самараноки заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд карда, талаботи аҳолиро ба маҳсулоти ниёзи аввал ҳарчи беҳтар таъмин намоянд.
Дар вилоят бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ як силсила чораҳо амалӣ шуда истодаанд ва зарур аст, ки корҳо дар ин самт боз ҳам ҷоннок карда шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар доираи татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ, дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо иншооти хурду бузурги истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супурда шудаанд. Танҳо дар панҷ моҳи соли 2020 барои бунёди иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва истеҳсолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 452 миллион сомонӣ сармояи асосӣ равона карда шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки сари вақт ва мақсаднок аз худ кардани маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳо ҷалбшаванда, бо тарҳи замонавӣ бунёд намудани иншооту биноҳои банақшагирифташуда ва истифодаи самараноки онҳоро ҷиддӣ назорат намоянд.
Тибқи нақша, дар соҳаи маорифи вилоят барои солҳои 2016 – 2020 бояд 61 лоиҳа ба маблағи 430 миллион сомонӣ амалӣ карда шавад. Дар давоми чор сол 77 фоизи он иҷро гардидааст. Вобаста ба ин, роҳбарони вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илм вазифадоранд, ки бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ва аҳолӣ доир ба бунёди муассисаҳои таълимии нав ва иҷрои нақшаи пешбинигардида тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳифзи сиҳатии омма ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки, хусусан, дар шароити имрӯза ниҳоят мубрам гардидааст ва бояд ба ин самт таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Ҳоло дар вилоят 1114 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 1073 муассисаи давлатии тиббӣ ва 41 муассисаи хусусӣ, фаъолият дорад. Вале дастрасии аҳолӣ, махсусан сокинони деҳоти дурдаст, ба хизматрасонии тиббӣ қонеъкунанда нест.
Дар шароити паҳншавии пандемияи COVID – 19 ва илтиҳоби шуш зарур аст, ки таъминот бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ куллан беҳтар карда шавад. Илова бар ин, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ ва ташхису табобати бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад.
Тибқи маълумот, дар соли таҳсили 2019 – 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 2670 нафар, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 400 нафар ва дар коллеҷҳои тиббии кишвар зиёда аз 13 ҳазор нафар ҷавонони вилояти Суғд таҳсил доранд. Вале то имрӯз норасоии кадрҳои соҳиби маълумоти олӣ қариб 800 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ 456 нафарро ташкил медиҳад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир ба ҳалли ин масъала тадбирҳои фаврӣ андешад.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 123 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супурда шудааст ва дар соли 2021 ифтитоҳи боз 60 иншооти тандурустӣ пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин, даҳҳо маркази саломативу бунгоҳи тиббӣ, инчунин, беморхонаву дармонгоҳҳо таъмирталаб ва баъзеи онҳо дар биноҳои номутобиқ ҷойгир мебошанд. Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти нави тандурустӣ, таҷдиду таҷҳизондани муассисаҳои тиббии таъмирталаб ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Илова бар ин, масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд. Дар ин росто, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро зери назорати қатъӣ қарор диҳад ва иҷрои босифати онҳоро таъмин намояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии вилоят, дар навбати аввал ба табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ, ки барои табобати беморон фидокорона заҳмат кашиданд, изҳори сипос менамоям.
Мову шумо бояд дар ҳама гуна шароити ғайричашмдошт ҳамчун шахсони масъули ҷомеа ва миллати муттаҳиду бонангу номус ба хотири боз ҳам устувор сохтани пояҳои давлатдории миллӣ ва ободонии Ватани азизамон якдилона саъю талош намоем.
Ҳукумати кишвар бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 вазифадор гардид, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба ҷорӣ намудани сабукиҳо ва имтиёзҳои андозиву қарзӣ барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳибкории хурду миёна, табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва соҳаҳои осебпазири иқтисодиёт чораҳои мушаххас андешад. Вобаста ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсадноку дуюмдараҷа, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпуливу кумакпулиҳо ва беҳсозии хизматрасониҳои тиббиро таъмин намоянд.
Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус орд, равғани рустанӣ, биринҷ ва дигар маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва мунтазам таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, чораҳои саривақтӣ андешанд. Ҳамзамон бо ин, бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти соҳа дар ҳамаи фаслҳои сол, махсусан зимистону баҳор, ба масъалаи бунёд ва истифодаи мақсадноки сардхонаву гармхонаҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву аҳолӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад. Илова бар ин, хотирнишон менамоям, ки омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода, дар навбати аввал омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бо дарназардошти вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани мушкилиҳо дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ дар ҳар як оила барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ ва риояи сарфаю сариштакорӣ аз ҷумлаи корҳои муҳиме мебошад, ки бояд зери назорати тамоми роҳбарону масъулон қарор дошта бошад.
Бори дигар роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолонро таъкид месозам, ки ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва аҳолиро вобаста ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамеша дастгирӣ намоянд ва барои онҳо ҳамаи шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам оваранд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давоми соли 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ санҷишҳо дар самти иҷрои қонунгузорӣ оид ба молия ва Буҷети давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Деваштич ва Спитамен ҳолатҳои тасарруф ва хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор намуда, дар натиҷа 55 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 14 миллион сомонӣ зарар ошкор ва ба буҷет барқарор карда шудааст.
Зимни санҷишҳои вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҳолатҳои бо вайрон намудани қонуни зикршуда гузарондани ҷашни зодрӯз, хатнасур ва тӯйи домодиву арӯсӣ ошкор гардидаанд ва 380 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 325 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Санҷиш дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Спитамен, Деваштич ва Айнӣ ҳолатҳои беасос пардохт накардани музди меҳнат ё тасарруфи маблағҳои музди меҳнатро ошкор кардааст, ки дар натиҷа оид ба ин ҳолатҳо 22 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифта, дар натиҷа ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, муомилоти маводи дорувории пастсифат, бе иҷозатнома ва бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ машғул шудан ба фурӯши маводи доруворӣ, азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд. Дар натиҷаи санҷишҳо, дар ин самт 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID – 19 ва фавран бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт, ҷудо намудани маблағ барои таъмини таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардонӣ ҳамаи чораҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд. Вале санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, ки шахсони алоҳида аз вазъи бамиёномада истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд. Масалан, мудири анбори беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ намуда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст. Сокини шаҳри Исфара Пӯлотов С. бошад, дар давоми моҳи майи соли равон бе иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ва бе таъмини шароити дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ машғул гардида, 22 майи соли 2020 ғайриқонунӣ 3200 адад маҳлули антисептикии қалбакӣ омоданамудаашро дар бозори шаҳр ба фурӯш баровардааст. Ғайр аз ин, ӯ такроран 23 майи соли равон 2400 адад маҳлули антисептикии ғайриқонунӣ омоданамудаашро ба сокини шаҳри Исфара Ҷӯраев Р. ба маблағи 4320 сомонӣ фурӯхтааст. Нисбат ба номбурда 18 июни соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар самти вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба истифодаи мақсадноку самараноки замин 446 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 337 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 8700 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ вобасташуда ба ҳолати аввала баргардонда шудаанд.
Барои ғайриқонунӣ додани замин ва харидуфурӯши он нисбат ба 3 нафар шахсони масъули кумитаҳои идораи замин, 7 нафар кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, 12 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳот ва 17 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2019 дар ҳудуди вилоят 6378 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 295 ҷиноят ё 5 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши ҷинояткорӣ, асосан, аз ҳисоби ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта 178 ҳолат, ғоратгарӣ 181 ва худсарона ишғол намудани замин 84 ҳолат сурат гирифтааст.
Ҷинояткорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 140, Ашт 104, Истаравшан 60, Панҷакент 34, Бобоҷон Ғафуров 33, Айнӣ 30, Бӯстон 28, Спитамен 18, Хуҷанд 16 ва Истиқлол 5 ҳолат афзудааст.
Дар соли 2019 ва панҷ моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 120 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ба қайд гирифта шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 353 килограмм чунин воситаҳо мусодира гардидаанд.
Аз ҷониби мақомоти прокуратура дар соли 2019-ум 189 ва шаш моҳи соли ҷорӣ 109 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин, иҷрои Стратегияи миллӣ оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 дар фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва дигар субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавриди санҷиш қарор гирифта, дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва субъектҳои амаликунандаи стратегияи зикршуда қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ошкор гардидаанд.
Бинобар ин, тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки минбаъд низ назоратро дар самти таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун ҷоннок намоянд ва ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои худ тадбирҳои заруриву саривақтӣ андешанд. Хусусан, мақомоти прокуратура вазифадоранд, ки назоратро аз болои амалигардонии тафтиши босифату ҳамаҷонибаи ҳолатҳои рухдода тақвият бахшанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсиву иқтисодии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус ҷавонон, тақозо менамояд, ки тамоми неруи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи дастоварди муқаддастарини халқамон – истиқлолу озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Бовар дорам, ки сокинони бонангу номуси вилояти Суғд дар оянда низ барои рушди давлати соҳибистиқлоли худ содиқона заҳмат кашида, дар пешрафту ободонии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳар яки шумо – роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, сохтору мақомот ва фаъолон вазифадоред, ки мардумро ба заҳмати созандаву ободгарона раҳнамоиву сафарбар намоед ва дар ин ҷода, пеш аз ҳама, худатон намунаи ибрат бошед. Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор мехоҳам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.07.2020 №: 123 Мутолиа карданд: 2346