logo

иқтисод

ХАТЛОН. СОДИРОТИ ИМТИЁЗИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА СЕМЕНТ

Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон 1733 тонна маҳсулот, аз ҷумла 19 вагон пиёз (1140 тонна), 1 вагон сабзӣ (49 тонна) ба Қазоқистону Россия ва 8 вагон сементро (544 тонна) ба Ӯзбекистон содирот кардааст, - гуфт ба хабарнигори  «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.

Дилшод Шарифзода, сардори истгоҳи роҳи оҳани Хатлон, зимни суҳбат гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳибкорӣ, ҳавасмандсозии кишоварзону тоҷирони вилоят ва зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳани минтақаи Хатлон - Амузанг, ҳамасола КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои соҳибкорон ва интиқолдиҳандаҳо имтиёзҳо пешниҳод мекунад. Масалан, барои кашондани семент аз истгоҳи Ёвон то Амузанг тавассути нимвагон 60, вагони болопӯш 40 ва барои интиқоли пиёз ва маҳсулоти кишоварзии зудвайроншаванда аз ҳамаи истгоҳҳои вилоят 60 дарсад сабукӣ пешниҳод шудааст.
Инчунин, барои соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ ҷиҳати интиқоли бори аз минтақаи Хатлон содиршаванда ва ба минтақаи Хатлон воридшаванда 40 дарсад сабукӣ, барои интиқоли бори транзитие, ки тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад, дар вагонҳои инвентарӣ 40 ва дар вагонҳои шахсӣ 35 дарсад сабукӣ муқаррар шудааст.
- Кишоварзону саноатчиёни шаҳру навоҳии вилоят аз истгоҳҳои Бохтар, Ёвон, Шаҳритуз, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара ва Кӯлоб ҳангоми воридоту содироти маҳсулот метавонанд бе мушкилӣ аз ин имтиёзҳо истифода баранд, - гуфт Д. Шарифзода.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2020    №: 123    Мутолиа карданд: 1018
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед