сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЯКУМИН ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо рӯйдоди муҳим – 80 – солагии зодрӯзаш самимона табрик карда, таманниёти неки худро ба соҳибҷашн иброз намуданд.
Пешвои миллат фаъолияти самарабахши солҳои тӯлонии Нурсултон Назарбоевро дар маснади Президенти Қазоқистони дӯст бахусус зикр карданд, ки боиси эҳтироми умум ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ дар дохили кишвар ва берун аз паҳнои он, аз ҷумла дар Тоҷикистон, гардидааст. Ҳамчунин, аҳамияти робитаҳои деринаи бародарӣ ва дӯстии мустаҳками ду пешво - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев барои рушди бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи муосири Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.
Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд.
Қаблан Сарвари давлати мо унвонии якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.07.2020 №: 124 - 125 Мутолиа карданд: 676