logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7 - 9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8, № 5, мод. 270, мод. 271; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, № 1660) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 29 қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«7. Ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуқуқ дорад ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони зерин иштирок намояд:
- ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ доштан ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад.
8. Ҳуқуқшиноси давлатӣ дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» иштирок менамояд.».
2. Моддаи 291 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 291. Пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат
1. Пардохти ҳаққи хизмати адвокате, ки ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, аз ҳисоби  давлат ба шахсони зерин кафолат дода мешавад:
- шахсе, ки имконияти пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгарро надошта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
- ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ доштан ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.
2. Ҳангоми таъмини ҳимоятгар аз ҳисоби давлат судя қарор ва суд дар бораи таъини адвокат ба сифати ҳимоятгар ва пас аз ба анҷом расидани пешбурди парванда дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат  таъинот мебароранд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1695


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2020, №78

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 28
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2020    №: 124 - 125    Мутолиа карданд: 1740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед