фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зуҳуров Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Зуҳуров Шукурҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 10 марти соли 2010, № 838
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2314