қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ГАРАВХОНА (ЛОМБАРД)»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 520; с.2014, №11, мод.662) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- мавзӯи гарав дар гаравхона – молу мулки манқули аз муомилот бароварданашуда ва молу мулки манқуле, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд карда нашудааст;».
2. Аз матни моддаи 2 аломати қавсайн ва калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 4:
- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Сармояи оинномавии гаравхона бояд на камтар аз се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд ва дар шакли пул ташаккул дода шавад.».
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Гаравхона ба намудҳои зерини фаъолият машғул шуда метавонад:
- додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон;
- қабул ба гарав, нигаҳдошт ва хариду фурӯши молу мулки манқул, аз ҷумла хариду фурӯши молу мулке, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо доранд ва ашёи атиқа;
- хизматрасонӣ оид ба нигаҳдошти ҳуҷҷатҳо ва маводи арзишноки шаҳрвандон;
- фурӯши молу мулки багаравмонда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нархгузории молу мулки пешниҳодшуда мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё шартҳои шартнома;
- муайян намудани намуд, навъ ва хусусиятҳои молу мулки ба гаравхона пешниҳодгардида;
- фаъолияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.»;
- қисмҳои 12, 13, 14 ва 15 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«12. Зимни анҷом додани фаъолият гаравхона бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»-ро риоя намояд.
13. Гаравхона фавран ва бе огоҳонидани пешакӣ бояд ҳама гуна амалиётро бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ, ки дар рӯйхати шахсони алоқаманд бо терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дохил гардидаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намояд.
14. Гаравхона оид ба ошкорсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, баҳодиҳӣ, назорат ва коҳиш додани хавфҳои вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳои зарурӣ меандешад ва мунтазам оид ба хавфҳои ошкоргардида ба мақомоти дахлдори танзим ва назорат ва мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар медиҳад ва бояд ин маълумотро ба мӯҳлати на кам аз панҷ сол нигоҳ дорад.
15. Мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар якҷоягӣ бо мақомоти танзим ва назорат ва ё мустақилона бо мақсади ошкор кардани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санҷиши фаъолияти гаравхонаҳоро мегузаронад.».
4. Моддаи 41 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 41. Мавзӯи гарав ва нигаҳдошт дар гаравхона
Мавзӯи гарав ва нигаҳдошт дар гаравхона, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 моддаи 4 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, метавонад ҳама гуна молу мулки манқул бошад, аз ҷумла:
- молу мулке, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;
- воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти маишӣ;
- ҳуҷҷат ва маводи арзишнок барои нигаҳдошт;
- телефони мобилӣ, компютер, планшет ва таҷҳизоти дигари электронӣ;
- ашёи атиқа;
- молу мулки манқули дигари арзишнок.».
5. Моддаи 51 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 51. Талабот оид ба ҳудуди гаравхона ва ҷойи махсуси нигоҳдории молу мулки гаравхона
1. Гаравхона бояд дар биноҳо, иншоот ва иморатҳое, ки объектҳои асосии сохтмонӣ мебошанд, ҷойгир карда шавад ва ба талаботи бехатарӣ ва муҳофизат ҷавобгӯ бошад.
2. Гаравхона дар ҷойҳои зерин ҷойгир карда намешавад:
- дар объектҳои сохтмонашон нотамом, сохтмони муваққатӣ, дӯконҳо, дар зери айвонҳо ва иншооти дигари монанд;
- дар биноҳо, иншоот ва иморатҳое, ки дар онҳо муассисаҳои кӯдакона, таълимӣ, тандурустӣ, динӣ, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ ҷойгиранд;
- дар иншооти инфрасохтори нақлиётӣ.».
6. Дар қисми 3 моддаи 7 калимаи «предмети» ба калимаи «мавзӯи» иваз карда шавад.
7. Дар сархати сеюми қисми 3 моддаи 9 калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба аломати вергул ва калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
8. Матни қисми 3 моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур гаравхона дар давоми се рӯзи корӣ баъд аз маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ӯҳдадор аст ба молгузор огоҳиномаи хаттӣ ва (ё) электронӣ фиристад. Агар дар шартномаи қарз ва (ё) нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, огоҳиномаи хаттӣ тавассути почта ҳамчун мактуби фармоишӣ бо лифофа ва зикри номгӯйи замима ба огоҳинома дар бораи супурдан фиристода мешавад. Дар огоҳиномаи хаттӣ ва (ё) электронӣ маълумоти зерин дарҷ мегардад:».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1713
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2020, № 97
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 26 июни соли 2020, № 46
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.07.2020 №: 124 - 125 Мутолиа карданд: 1531