logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Қотил 14 сол паси панҷара рафт
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон Нурмуҳаммад Нуров, ки дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гунаҳкор дониста мешавад, ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, маҳкумшуда дар пайи хусумати шахсӣ Хуршед Ғолибовро, ки мехост бо духтараш хонадор шавад, ба қатл расонд. Ҳодиса дар манзили истиқоматии Нурмуҳаммад Нуров ба амал омада, марҳум Х. Ғолибов бо зарби корд кушта шудааст.
Кирдори судшуда бо моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани дигар) бандубаст гардида, бо ҳукми суд Н. Нуров муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.


ЗАМИН
Раиси хоҷагӣ ба қаллобӣ айбдор мешавад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ хабар дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, Тоҳир Абдиев дар мақоми раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Э. Умарови ноҳияи Деваштич фаъолият намуда, солҳои 2016 - 2020 аз шаҳрванд Ф. Нишонов барои ҷудо намуда додани 10,27 гектар қитъаи замин дар чанд маврид 28800 сомонӣ гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Т. Абдиев бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г»-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо расондани зарари ҷиддӣ ва истифода аз мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.


БАНГДОНА
Набӣ Тошев барои кишти ғайриқонунӣ ҷавоб мегӯяд
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Панҷакент, дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2020» дар боғчаи наздиҳавлигии Набӣ Тошев, сокини шаҳр, 14 бех рустании бангдонаро дарёфт ва решакан карданд.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, кормандони милитсия дақиқ карданд, ки Н. Тошев, истиқоматкунандаи кӯчаи Робеаи Балхӣ № 98-и шаҳр, рустании бангдонаро бо нигоҳубини махсуси агротехникӣ парвариш намудааст.
Ҳоло барои чунин амали ғайриқонунӣ нисбат ба Н. Тошев бо моддаи 204 Кодекси ҷиноятӣ (парвариши ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2020    №: 124 - 125    Мутолиа карданд: 1211
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед