барқияҳо
БАРҚИЯҲОИ ТАСАЛЛИЯТ
7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис!
Хабари фоҷиабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи инҷониб гардид.
Ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
* * *
7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзё Абэ низ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари дар ҷануби Япония сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонмиқёсро ба бор овардаанд, моро хеле андуҳгин кард.
Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷиабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.07.2020 №: 126 Мутолиа карданд: 3415