ҳуқуқ
ДОЛЛАР. ВАҚТЕ МУОМИЛА ҒАЙРИҚОНУНӢ АСТ...
Чанде пеш суди ноҳияи Сино шаҳрвандон Дилшод Қосимов ва Фарҳод Саидовро дар муомилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомро ба маблағи 74066 сомонӣ ҷарима кард.
Рафти тафтишот муайян кард, ки Дилшод Қосимов, роҳбари ҶДММ «Тоҷикояндасоз» (ширкати мазкур ба хизматрасонии барасмиятдарории ҳамагуна ҳуҷҷатҳои барои гирифтани раводиди давлатҳои хориҷӣ алоқаманд машғул мебошад), дар асоси маслиҳати пешакӣ бо менеҷер-муҳосиби ҷамъияти мазкур Фарҳод Саидов хилофи талаботи қонунгузории кишвар амал намуда, 30 январи соли 2020 ба номи Олимҷон Яқубов ва Сафаралӣ Каримов шартномаҳои алоҳида ба маблағи 2000 долларии ИMA барои гирифтани раводиди «Шенген», ки сафар ба давлатҳои Аврупо, бахусус Ҷумҳурии Литваро, имконпазир менамояд, ба имзо расондааст. Аз шахси мусоидаткунандаи милитсия, ки ба сифати мизоҷи шартӣ баромад мекард, маблағи 3300 долларро бо қурби 9,7 сомонӣ барои 1 доллар баробар ба 32 010 сомонӣ ва 6950 сомонӣ, ки бояд, дар маҷмӯъ 4000 долларро ташкил медодааст, қабул карда, бо ин ҳаракатҳои худ амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро анҷом додааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Сино Дилшод Қосимов ва Фарҳод Саидов бо моддаи 286 қисми 3 банди «б»-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, дар асоси он ҷарима ба андозаи як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 74 066 сомонӣ барои ҳар кадоме ба фоидаи давлат таъйин гардид.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” харидуфурӯши асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи бонкҳои ваколатдор, ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар ва нуқтаҳои мубодила, ҳамчунин, ба воситаи биржаҳои асъор, ки ба тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.
А. ҲАМДАМЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино,
С. АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.07.2020 №: 127 Мутолиа карданд: 1301