ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ОДАМКУШӢ
Боздошти бародари қотил
Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани як ҷинояти одамкушӣ хабар дод, ки дар содир намудани он марди 34-солаи сокини пойтахт гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, гумонбар 7 июли соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ хоҳари 36 - солаашро зери латукӯби шадид қарор додааст. Ин моҷарои фоҷиавӣ дар манзили истиқоматӣ ба амал омада, ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳоло гумонбар, ки қаблан бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) суд шудааст, дар боздошт қарор дошта, тафтишоти ҳодиса давом дорад.
КОРДЗАНӢ
Марде, ки падару писарро захмӣ кард, ба ҷавобгарӣ кашида шуд
Кормандони милитсия дар шаҳри Исфара, як сокини ҳамин шаҳрро, ки аз ӯ марди 51-сола ном бурда мешавад, ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, боздоштшуда 7 июли соли ҷорӣ дар натиҷаи муноқишае як марди 54-сола ва писари ӯро бо зарби корд захмӣ кардааст. Дар натиҷа, падару писар ҳар ду ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар робита ба ин, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазинин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
КОРРУПСИЯ
Кирдори қаллобие, ки дер напоид
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ёрмаҳмад Нуровро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба мақомоти прокуратура ирсол кард.
Дар ин бора маркази матбуоти агентӣ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, Ё. Нуров барои дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ҷойгир намудани шаҳрванд «А», ки ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида буд, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз бародараш шаҳрванд «Б» 1200 доллари ИМА талаб намудааст. Дар ҳамин ҳол, 18 апрели соли 2020 баъди аз шаҳрванд «Б» гирифтани маблағи мазкур боздошт гардидааст.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ё. Нуров бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) оғоз гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.07.2020 №: 129 Мутолиа карданд: 931