logo

иқтисод

СУҒД. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛА

Дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи якуми соли равон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилоят, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 гузориш дода, таъкид кард, ки дар ин давра ҷиҳати бартарафсозии асари манфии омилҳои беруна, бахусус пайомадҳои бемории коронавируси COVID-19, ба таври мунтазам ба роҳ мондани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои ниёзи аввал, пешгирии ба таври сунъӣ болоравии нархҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдою хизматрасонӣ, таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатии нави истеҳсолӣ, баҳрабардории босамар аз иқтидорҳои мавҷуда, боло бурдани ҳосилнокии зироат, боғу токзор, зиёд кардани саршумори чорво, беҳтар ба роҳ мондани обрасонӣ ба деҳқонон, таъмири саривақтии пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар кардани боздеҳи ҳар як ваҷаб замин  таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Сарфи назар аз омилҳои воқеиву субъективӣ,  дар нимсола нақшаи даромади буҷети давлатӣ 100,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷети вилоят 1 миллиарду 84,2 миллион сомонӣ ворид шуд. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории воридотивазкунанда  марҳила ба марҳила тавсеа ёфта, дар ним сол ба миқдори 252,5 ҳазор тонна орд ва 2 ҳазору 740 тонна равғани рустанӣ истеҳсол шуд. Тавре зикр гардид, ин дар қиёс ба соли қаблӣ каме зиёд бошад ҳам, ҳанӯз ҷавобгӯйи талаботи рӯз нест.
Дар нимсола гардиши савдои хориҷии вилоят ба 811,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, ҳаҷми воридот 638,8 миллион ва содирот бошад,  172,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба имконот кам буда, ба рушди бемайлони иқтисодиёти вилоят мусоидат намекунад. Бо назардошти вазъи иқтисодии мамлакат ва таъсири манфии бемории коронавирус таваҷҷуҳи асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба истеҳсоли номгӯи маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда равона гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, дар робита ба ин масъала таъкид кард, ки раванди татбиқи супоришҳои Сарвари давлат  дар ин самт ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ҳарчанд дар ҳудуди вилоят истеҳсолу коркарди маҳсулот ба роҳ монда шудааст, танҳо дар ним сол ба маблағи 300 ҳазор доллари амрикоӣ моҳӣ, 1 миллиону 855 ҳазор доллар маҳсулоти ширӣ, 3 миллиону 455 ҳазор доллар сабзавот, 5 миллиону 524 ҳазор доллар биринҷ, 20 миллион доллар равғани рустанӣ ва маҳсулоти дигар ворид шудааст, ки боиси нигаронист. Аз 38 ҳазору 500 тонна нахи пахта, ки дар вилоят истеҳсол мешавад, танҳо 7 - 8 ҳазор тоннаи он дар корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии вилоят то ҳадди ниҳоӣ коркард мешавад, ки қобили қабул намебошад.
Дар масъалаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат низ нишондиҳандаҳо мувофиқи матлаб нестанд. Дар шаш моҳи соли равон дар 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳамагӣ 48 корхонаву коргоҳи нав бо таъсиси 650 ҷойи нави корӣ бунёд шудааст, ки назар ба имконияту захираҳо кам аст. Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 3 июл дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар робита ба ин масъала таъкид карда буданд, ки бо чунин нишондиҳандаҳо дар муҳлати муқарраршуда расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ мушкил мегардад.
Раиси вилоят аз масъулини соҳаҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва ҷоннок кардани фаъолият дар ин самтҳоро талаб кард.

Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2020    №: 133    Мутолиа карданд: 1048
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед