иқтисод
САНГВОР. БИНОҲОИ ЗАМОНАВӢ ҚОМАТ МЕАФРОЗАНД
Дар ноҳияи Сангвор ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 102 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шуда, аз онҳо то имрӯз 52 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дар 50 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Сохтмони бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки аз ҷумлаи иншооти калонтарини ҷашнӣ дар ноҳия ба шумор рафта, тибқи лоиҳаи сохтмонӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад, дар арафаи анҷомёбист. Ҳоло 12 бинокори ҶДММ «Бедак» аз рӯи нақшаи фармоишгар дар қисмати таҳхонаи иншоот корҳои ороишию андовагиро анҷом дода истодаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор идома дорад. Бино аз ду ошёна иборат буда, аз рӯи нақша, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Дар ноҳия солҳо боз барои муолиҷаи беморони сироятӣ бинои алоҳидаи табобатӣ мавҷуд набуд. Ин аст, ки соли ҷорӣ дар раванди барномаҳои бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар шафати беморхонаи марказӣ сохтмони бинои нави замонавии беморхонаи сироятӣ оғоз гардид. Бунёду ба истифода додани бинои навро табибон аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудии саломатии аҳолии кӯҳистон арзёбӣ мекунанд.
Тавре Қурбонзода Темур Сафар, муовини якуми раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ноҳияи Сангвор ҳамсоли Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон буда, дар ин ҷо ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди барномаҳои ободонӣ бунёду навсозии даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шудааст.
- Сокинони ноҳия ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри амалӣ шудани ҳадафҳои созандагӣ аҳлона меҳнат мекунанд, то ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд, - гуфт Темур Қурбонзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.07.2020 №: 134 Мутолиа карданд: 620