logo

ҳуқуқ

«ҚАРЗ БЕХОНААМ КАРД…»

Матлаби шаҳрванд Сулаймон Шарифзода, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 18 майи соли 2020, № 94 (23949) таҳти унвони «Қарз бехонаам кард, ё чаро суд аризаи маро ба инобат нагирифт?» ба чоп расидааст, дар Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Тавре муайян гардид, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ташкилоти амонатии қарзи хурди «Ҳамров» нисбат ба Сулаймон Шарифзода дар бораи эътирофи ҳуқуқи моликият ба молу мулки багаравгузошта ва кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бо он асос аризаи даъвогӣ пешниҳод намудааст, ки С. Шарифзода дар асоси шартнома аз 26 августи соли 2009-ум 150 000 сомонӣ қарз гирифта, ҷиҳати таъмини шартномаи қарз манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, гузаргоҳи дуюми кӯчаи Қаротегин, хонаи 75 - ро тибқи шартнома ба гарав гузоштааст. Аммо С. Шарифзода маблағи қарз ва фоизҳои онро дар муҳлати муқарраршуда барнагардондааст.
Бо ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур аз 10 июни соли 2011 аз ҳисоби С. Шарифзода ба фоидаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҳамров» қарзи асосӣ 150 000 сомонӣ, фоизҳои он 72375 сомонӣ, ҷаримаҳо 59 512 сомонию 50 дирам, ҷамъ 281 887, 50 сомонӣ рӯёнда шуд. Рӯёниши қарзи мазкур аз ҳисоби фурӯши манзили багаравгузоштаи С. Шарифзода мебошад. Ҷиҳати иҷрои ҳалномаи суд аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансур музояда оид ба харидуфурӯши манзили зикршуда эълон карда шуда, бинобар пайдо нашудани харидор бонк манзили гаравмондаро ба ихтиёрдории худ қабул кардааст.
Бо ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур аз 12 декабри соли 2012 аризаи даъвогии ҶСП «Ташкилоти амонатии қарзи хурди «Ҳамров» қонеъ гардида, манзили мавриди баҳс моликияти бонк эътироф шуда, С. Шарифзода бо аҳли оилааш аз ин манзил бе додани дигар манзил кӯчонида шудааст. Ҳалномаи мазкур бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 5 марти соли 2013 бетағйир, шикояти кассатсионии С. Шарифзода беқаноат мононда шудааст.
С. Шарифзода санаи 28 феврали соли 2020 ариза вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида дар бораи бекор кардани ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур аз 12 декабри соли 2012 пешниҳод намудааст.
Бо таъйиноти суди ноҳияи Шоҳмансур аз 4 марти соли 2020 аризаи ӯ рад карда шудааст. Бо қарори коллегияи суд оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2020 таъйиноти зикргардида бетағйир, шикояти хусусии С. Шарифзода беқаноат мононда шудааст.
Муаллифи нома ваҷҳ овардааст, ки бо таъйиноти суди ноҳияи Шоҳмансур аз 4 марти соли 2020 аризаи ӯ беасос рад карда шудааст.
Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсон, ки агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои судии қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб шикояти назоратӣ пешниҳод карда шавад.
Дар сурати ба санадҳои судӣ норозӣ будан, С. Шарифзода метавонад, аз болои онҳо бо риояи талаботи Кодекси мурофиавии гражданӣ аввал ба суди шаҳри Душанбе, дар ҳолати ба қарорҳои ин суд розӣ нашудан ба Суди Олӣ шикояти назоратӣ пешниҳод намояд.

А. ИСҲОҚӢ,муовини раиси Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2020    №: 134    Мутолиа карданд: 1136
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед