ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ЧАЗО
ҶИНОЯТИ ГӮШНОШУНИД
Хоҳар бародарашро ба қатл расонд
Як сокини ноҳияи Деваштич, ки дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ ҷавонзани 18 - сола ном мебарад, дар пайи муноқишае бародари 22 – солаашро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст.
Тибқи иттилои ВКД, ҳодиса 25 феврали соли ҷорӣ дар манзили истиқоматӣ ба амал омада, ҳоло кормандони милитсия ҷавонзанӣ 18-соларо ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки бо марг анҷом шуд, дастгир намудаанд.
Феълан нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ…), ки аз дувоздаҳ то понздаҳ соли ҳабсро пешбинӣ менамояд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
САРКАШӢ АЗ АНДОЗ
ё ҷавобгарӣ барои 2103823 сомонии пинҳонкарда
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати саркашӣ аз пардохти андоз хабар дод.
Маркази матбуоти агентӣ вобаста ба ин ҳолат хабар медиҳад, ки Фурӯзон Тӯйғунов ҳамчун намояндаи ваколатдори ҶДММ «Озод сохтмон» дар давраи фаъолияти кориаш аз 29 октябри соли 2018 то 1 январи соли 2020 ба воридоту содироти молу маҳсулоти ниёзи мардум машғул шуда, дидаву дониста бо роҳи дар эъломияҳои андоз пешниҳод намудани маълумоти баръало таҳрифшуда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 1973526 сомонӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба маблағи 130297 сомонӣ саркашӣ намудааст, ки дар маҷмӯъ, 2103823 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳолат нисбат ба Ф. Тӯйғунов бо моддаи 292 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ (саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.07.2020 №: 134 Мутолиа карданд: 1004