logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. КОХИ СУЛҲИ МО БЕГАЗАНД АСТ

Дар шароити басо ҳассоси ҷаҳонӣ зархаридони хориҷӣ дар сар фикри молу мансаб ва андешаҳои заҳрогин мепарваранд ва тамоми ҳодисаҳои дар Тоҷикистон бавуқӯъомадаро  нодуруст шарҳ дода, фазои осудаву осоиштаи мамлакатро гардолуд намудан мехоҳанд.
Ин навбат онҳо дар атрофи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани чанд нафар мутахассисони пуртаҷриба ҳангомаҳо барпо кардан хостанд.
Бо соҳиб шудани бештари овозҳои аъзои Маҷлиси миллӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Рустами Эмомалӣ барои мо як падидаи бисёр фараҳбахш ба шумор меравад, аммо зархаридони хориҷиро ба ғазаб овардааст. Ҳарчанд барои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ин тадбир хеле муҳим мебошад, аммо ин омил ду - се ҳангомаҷӯи хориҷиро  нороҳат кардааст.
Рустами Эмомалӣ зодаи замони истиқлолият аст ва бо фикру назари тоза аз насли калонсол тафовут дорад, ки ин ба манфиати гурӯҳҳои иғвогаре мисли террористони ҲНИ нест. Зеро онҳо ғайр аз бардурӯғ Худову расул гуфтан дигар чизеро сарфаҳм намераванд ва барои онҳо ба вазифаи роҳбарикунанда омадани ҷавони боистеъдоде чун Рустами Эмомалӣ як фоҷиа аст.
Рустами Эмомалӣ дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи сиёсат ҳамчун роҳбари кордону бомаҳорат ном баровард. Ӯ дар мактаби сиёсие парварда шуд, ки барои миллати тоҷик сулҳ овард ва якпорчагии миллати тоҷикро таъмин кард. Симои шаҳри Душанбе маҳз бо кӯшишу заҳматҳои пайвастаи Рустами Эмомалӣ дигаргун гардида, ба як макони дилфиреб табдил ёфт. Бунёди садҳо биноҳои ҳозиразамон, боғу гулгаштҳо, роҳҳои бисёрқабата, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, боғчаҳо ва толорҳои замонавӣ ҳусни шаҳри Душанберо ба куллӣ тағйир доданд.
Мо боварии комил дорем, ки истифода шудани чунин таҷрибаи ғании корӣ дар Маҷлиси миллӣ барои ҳаёти сиёсии мамлакат бетаъсир нахоҳад монд. Ин гуна ташаббусҳо идомаи сиёсати ваҳдатгароёна буда, эътимоду боварӣ ба ҷавонон дар арсаи сиёсати вақт бори дигар ба он ишорат мекунад, ки барои ҷавонон шароити мусоиди корӣ фароҳам омадааст ва онҳо имрӯз лаёқати идораи сохторҳои роҳбарикунандаро доранд.
Тоҷикистон имрӯз арсаи татбиқи ташаббусҳои созанда аст ва мо ба Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ гирифта истодаем. Ҳарчанд душманони миллати мо бо ҳар роҳу васила ин равандро халалдор карданӣ мешаванд, аммо кохи бегазанди сулҳу ваҳдати мо дигар аз боду борон газанд нахоҳанд ёфт.   
   
Ромиз АБДУЛЛОЕВ, сардори раёсати илм
ва  инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б. Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2020    №: 135    Мутолиа карданд: 752
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед