ҳуқуқ
ҲАБҲОИ СИНТЕТИКӢ. МАВОДИ НАШЪАОВАРЕ, КИ ОҚИБАТҲОИ ФОҶИАБОР ДОРАД
Чанде қабл дар шаҳри Душанбе бо ҳаҷми махсусан калон маводи нашъаовар - 2224 ҳаби синтетикӣ мусодира шуд, ки аз Аврупо интиқол ёфта буд. Ин дар натиҷаи амалиёти вижаю тӯлонии кормандони раёсати ВКД дар пойтахт ба даст омад. Таҳқиқи ҳодисаи мазкур нишон дод, ки дар паси ҳамлу нақл, қочоқ ва савдои ҳабҳои нашъаовар ширкату созмонҳои фаромиллӣ меистанд, ки тавассути ин маводи марговар соҳиби миллионҳо доллар мешаванд. Агар ин ҷиноят ошкор ва маводи нашъаовар мусодира намешуд, ҷони теъдоди зиёди одамонро дар хатар мегузошт.
КӢ ҲАБҲОИ СИНТЕТИКИРО БА ТОҶИКИСТОН ОВАРД?
Тибқи иттилои раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин шабакаи фаромиллӣ ҳабҳои синтетикиро дар дохили қуттиҳои чой ҷойгир намуда, тавассути нақлиёти боркаш ба кишвари мо интиқол додааст. Дар натиҷаи амалиёт муайян шуд, ки ташкилкунандаи интиқоли ҳабҳо аз давлатҳои хориҷа шаҳрванд Зафар Рамазонзода буда, номбурда зиёда аз ду сол инҷониб бо ин амали ғайриқонунӣ машғул мебошад. Айни замон ӯ дар яке аз кишварҳои Аврупо қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад. Ҳаммаслаки ӯ Собирҷон Содиқов, ки қабулкунанда ва паҳнкунандаи ин маводи марговар буд, ҳоло дар ҳабс қарор дорад.
ТАРАБХОНА ҶОИ ФАРОҒАТ Ё ИСТЕЪМОЛИ НАШЪА?
Дар робита ба тренди афзуншавии интиқол ва истеъмоли маводи нашъаовари синтетикӣ, ки мавқеи маводи нашъаовари маъмулии афғониро торафт танг месозад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик (10 ноябр) чунин гуфта буданд: «Солҳои охир дар мамлакат воридот ва истеъмоли ҳабҳои синтетикӣ низ афзуда, ба масъалаи ташвишовар табдил ёфтааст. Танҳо дар соли равон аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 11 ҳазор ҳабҳои синтетикӣ мусодира карда шуд. Борҳо таъкид намудам, ки нашъамандӣ ба саломатии мардум ва генофонди миллат таъсири ҷиддӣ расонда, боиси вайрон гардидани оилаҳои ҷавон, таваллуди кӯдакони маъюб ва бадбахтии хонаводаҳо мегардад. Ҳоло зиёда аз 6400 нафар гирифторони чунин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд».
Дар иртибот ба нигаронии ҷиддии Сарвари давлат вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода таъкидан иброз дошт: «Вақтҳои охир паҳншавии ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон, хусусан, дар тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушии ҷумҳурӣ авҷ гирифтааст». Вазир афзуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманди кормандони милитсия соли 2019 шаш гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ (ҷамъ 17 нафар) дастгир ва 2 ҳазор ҳаби синтетикӣ мусодира гардид.
Инчунин, Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 июл зимни нишасти матбуотӣ роҷеъ ба ин масъала чунин иброз дошт: «Истеъмолгарони асосии воситаҳои нашъаовари синтетикии психотропӣ ҷавононанд. Як ҳаби он аз 15 то 20 доллари ИМА нарх дошта, ҷинояткорон онро маъмулан дар муассисаҳои фароғатӣ мефурӯшанд. Агентӣ оқибатҳои ҷиддии ин тамоилро дарк карда, барои аз байн бурдани қочоқи ин навъи воситаҳои нашъаовар ҳамаҷониба талош меварзад».
ВОРИДОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАОВАР АЗ АФҒОНИСТОН КАМ ШУД, АММО...
Бино ба гуфтаи сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовар Бозоралӣ Сафарализода бори аввал дар Тоҷикистон ҳаби синтетикии психотропии нашъадор соли 2006 мусодира шуда буд. Баъди ин, ошкорсозӣ ва мусодираи ин маводи маргбор хусусияти системавӣ ва доимӣ касб намуд. Он бо роҳи қочоқ ворид мешуд. Таҳлили ҳолатҳои ошкоргардида нишон медиҳад, ки аз як тараф бо тақвияти мубориза алайҳи қочоқи нашъаи истеҳсоли Афғонистон воридоти он кам гашт. Аз тарафи дигар, дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъаовари синтетикии психотропӣ афзоиш ёфтааст.
- Аз соли 2007 то шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 91 ҳазор дона ҳаб ва беш аз 64 килограмм моддаҳои психотропӣ мусодира шудааст. Дар шаш моҳи соли равон, аз ҷониби агентӣ 10 ҷиноят ошкор ва дар натиҷа 1649 ҳаб, инчунин, зиёда аз 14 килограмм моддаҳои психотропӣ аз муомилот бароварда шуд. Худ тасаввур кунед, ки агар ин миқдорро ҷавонони гумроҳ истеъмол менамуданд, чӣ оқибати даҳшатоваре медошт? То ҳодисаи имсола аз ҳама миқдори зиёди моддаҳои синтетикӣ дар ҷумҳурӣ соли 2018 ошкор шуда буд, ки 15 880 ҳабро ташкил медод, - гуфт Б. Сафарализода.
ШУМОРАИ НАШЪАМАНДОН КОҲИШ ЁФТ
Рустам Шарипов, муовини директори муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи М. Ғ. Ғуломов, тавзеҳ дод, ки маводҳои нашъаовар ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: депрессантҳо, стимуляторҳо ва галлюсиногенҳо.
– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба солҳои пеш муроҷиати истеъмолкунандагони маводи нашъаовари гурӯҳи депрессантҳо (афюнӣ) ба муассисаи мо коҳиш ёфтааст. Вале шумораи нафароне, ки аз гурӯҳи стимуляторҳо (маводҳои нимсинтетикӣ ва синтетикӣ) истифода мебаранд, зиёд аст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ теъдоди расмии нафарони гирифтории нашъамандӣ дар кишвар ба 5190 нафар расидааст. Агар ин рақамро ба ҳамин давраи соли 2016 қиёс намоем, шумораи гирифторон қариб ду ҳазор нафар коҳиш ёфтааст,- изҳор дошт Р. Шарипов.
МДМА КАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН МУСОДИРА ГАРДИД?
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, аз 7555 дона ҳаби психотропии синтетикии соли 2019 мусодирашуда, 6945 ҳаби МДМА (метилендиоксиметамфетамин) мебошад, ки дар хориҷа истеҳсол гардидааст. Ин намуд дар Тоҷикистон бори аввал соли 2012 мусодира гардид, ки аз Ҷумҳурии Исломии Эрон тариқи транзит аз қаламрави Тоҷикистону Қазоқистон ба Малайзия равона шуда буд. Метамфетамини мусодирагашта қариб 63 килограммро ташкил медод. Худи ҳамон сол боз ду шаҳрванди эронӣ бо 92 грамм метамфетамин дар пойтахт ба даст афтид, ки онро ба таври чакана фурӯхтан мехостанд.
ТЕРРОРИЗМ ВА МАВОДИ НАШЪАОВАР
Чуноне «Ҷумҳурият» хабар дода буд, 1 июл дар Италия полиси молиявӣ партияи рекордӣ – 14 тонна ё худ 84 миллион ҳабро, ки арзишаш тақрибан як миллиард евро мебошад, мусодира намуд. Аз дохили 40 силиндри контейнерҳо миллионҳо амфетамин баромад, ки рамзи «каптагон» дошт. Ин рамзи маводи нашъаовари истеҳсоли гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» мебошад. Тибқи маълумоти полис, он дар Сурия истеҳсол шуда, пулашро бояд ба маблағгузории фаъолияти террористӣ масраф мекарданд.
Рустам Шарипов меафзояд, ки ҳабҳои психотропӣ хатарноктарин навъи нашъа ба ҳисоб рафта, аввал ба системаи марказии асаб, баъдан оҳиста – оҳиста ба дилу рагҳои хунгард ва дигар узвҳо зарари ҷиддӣ расонда, ақлу ҳушро коста мегардонад. Нашъамандон воқеиятро фаромӯш карда, девонаавзою бадхашм мешаванд ва аз ҳеҷ амали ноҷо рӯй намегардонанд.
ОХИРИ КОРИ НАШЪАҶАЛЛОБОН ПУШТИ ПАНҶАРА АСТ
Чанде қабл суди ноҳияи Сино як гурӯҳ шаҳрвандонро барои муомилоти ғайриқонунии маводи психотропӣ паси панҷара равон кард. Тавре судяи суди мазкур Д. Абдураҳимзода ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, саркардаи ин гурӯҳи ҷиноятӣ Даврон Ашӯров мебошад, ки қаблан ду маротиба маҳз бо ин ҷурм ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Бо вуҷуди ин, боз даст ба ҷинояти вазнин зад. Ҳангоми аз ҷониби кормандони раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД дастгир шуданаш аз ӯ як миқдор ҳаб мусодира шуд. Мувофиқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъаовар ҳабҳои мусодирагардида моддаи психотропии навъи МДМА будааст.
Дар пайи тафтишот, ҳаммаслаконаш низ дастгир шуданд. Ҷои таассуфи ҷиддист, ки онҳо духтарҳо - Дунё Маликмуҳаммедова, Фотима Носирова, Мадина Ҳамробоева ва Надежда Латипова буданд.
Оқибати ин амалҳои ҷинояткорона ҳамин шуд, ки Д. Ашӯров 9 сол, Д. Маликмуҳаммедова 5 солу 6 моҳ ва боқимонда 6-моҳӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.2020 №: 135 Мутолиа карданд: 940