сиёсат
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТ
21 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаи мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар минтақаи ҷанубии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо дарназардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар ин минтақа, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои зарурӣ андешанд. Дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзӯр карда шавад.
Ҳамчунин, Сарвари давлат супориш доданд, ки дар баробари пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад, ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус равона созанд.
Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин, доир ба таҳким бахшидани қудрати мудофиавии давлат, тақвият додани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, устувор намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.07.2020 №: 136 Мутолиа карданд: 913