иқтисод
ХУҶАНД. КОМБИНАТИ ШИР БАЪДИ ТАҶДИД БА КОР МЕДАРОЯД
Дар натиҷаи ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо бахши хусусӣ комбинати шири шаҳри Хуҷанд иқтидорҳои хешро барқарор мекунад.
Дар ин бора Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, иттилоъ дода, гуфт, ки чанде пеш раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхона дидан карда, барои зудтар бакорандозии он дастур дод.
- Корхонаи «Комбинати шир» бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба кор оғоз хоҳад кард. Муассиси корхона соҳибкори ватанӣ Раҳмонбек Раҷабов бо таҳияи лоиҳаи бузург ва ҷалби 20 миллион доллари ИМА якҷо бо шарикони хориҷӣ корхонаро эҳё карданист, - иброз дошт Музаффар Юнусов.
Раҳмонбек Раҷабов гуфт, ки, аллакай, гуфтушунид бо шарикон ба воситаи Бонки аврупоии рушд ҷараён дошта, коршиносон заминаҳои моддӣ ва ҳаҷми истеҳсолро муайян намудаанд.
Тибқи лоиҳа корхона дар чанд марҳила навсозӣ гардида, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва гӯштиро ба роҳ хоҳад монд. Дар назар аст, ки дар комбинат беш аз 400 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад ва марҳилаи аввали он дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Айни замон дар «Комбинати шир» коргоҳи хурди яхмосбарорӣ фаъол буда, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот ҳисса мегузорад.
Кароматулло АТО
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.07.2020 №: 137 Мутолиа карданд: 977