logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

КОРРУПСИЯ
Судя ҳангоми гирифтани пора ба даст афтод
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани судя хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, Зайдулло Собирзода, судяи суди шаҳри Ҳисор, аз шаҳрванд «А» барои нисбаташ таъйин намудани ҷазои сабуктар 30000 сомонӣ ҳамчун пора талаб намуда, 12 апрели соли ҷорӣ аз ин маблағ 10000 сомониашро пешакӣ гирифтааст. Вале ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда 14 апрели соли равон дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Зайдулло Собирзода бо моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
 

ДУЗДӢ
Милитсия ба дасти гумонбар завлона зад
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти сокини ноҳияи Қубодиён хабар дод, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад.
Зайниддин Саидбеков (соли таваллудаш 1999) дар ҳудуди ноҳия тариқи шикастани қуфли дару терезаҳо вориди мағозаву дорухонаҳо шуда, асосан, маблағҳои пулиро ба яғмо бурдааст. Аз ҷумла, кормандони ШВКД дар ноҳия муайян кардаанд, ки номбурда шоми 2 июли соли равон бо чунин усул вориди дорухонаи марбут ба соҳибкор Баҳодур Қурбонов, воқеъ дар маркази ноҳия шуда, аз он ҷо 17 ҳазор сомониро тасарруф намудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, З. Саидбеков дар панҷ ҳолат ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад, ки ҳоло алайҳи ӯ бо моддаи 244 - и Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.


ҒОРАТГАРӢ
Яғмогари фирорӣ боздошт  шуд
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе сокини пойтахтро, ки аз ӯ марди 30-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани кирдори ғоратгарӣ боздошт намуданд.
Тавре сомонаи ВКД хабар медиҳад, гумонбар пеш аз зуҳри 20 июл дар кӯчаи Р. Набиеви пойтахт ба ҷавонзани 22-сола дарафтода, 800 доллари амрикоӣ ва телефони мобилии ӯро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар умум, зарари аз ин амал расондашуда 9 ҳазору 100 сомонӣ ҳисоб карда мешавад, ки вобаста ба ин ҳолат тафтишот оғоз гардидааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2020    №: 137    Мутолиа карданд: 1111
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед