сиёсат
ДАВЛАТМАРД. АЗ ҶАВҲАРИ ҶАВОНМАРДӢ ТО ХИРАДИ АЗАЛӢ
Саргузашти пешвоёни одил, сиёсатмадорони маъруф, сулолаи амирон ва хонҳои бузург шаҳодат медиҳад, ки на ҳамаи зимомдорони замон дар тӯли таърих дар баробари хидмат ба халқу миллат, забону фарҳанг ба мақому ҷойгоҳи Пешвои давлат, Пешвои миллат ё Пешвои дин мушарраф шудаанд. Пешво будан танҳо ифтихор, вазифа ва мансаб нест, балки инсони комил, раҳбари хирадманд, дурандеш, сиёсатмадори ҳушманд, ҳомии халқу Ватан, пуштибони дину фарҳанг будан аст. Пешвои миллат аз худ гузаштан ва дар худ боқӣ мондан, душманшиносу худогоҳ шудан, худсозию худсӯхтан барои миллат, давлат, кишвар ва саодатмандию хушбахтии ҷамъият аст.
Аз нигоҳи фалсафаи ислом ҳар киро Худованд иззат, эҳтиром, мақом, фазилат ва ҷойгоҳи арзишманд ато намояд, дигар ягон васвасаи иғвоангез, дасисаи аҳли низоъ ва хушунат наметавонад эҳтиром ва мақоми ӯро осебпазир созад ва баръакс ҳар киро Худои бузург хору гумроҳ намояд, ҷумла ҷаҳон вайро аз гумроҳӣ ва хоршавӣ қудрати наҷот додан надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи нафаронест, ки Худованд ӯро иззату эҳтиром дода, лоиқ ва шоистаи раҳбарӣ гардондааст. Ба ибораи дигар Офаридгор ба дӯши Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузург – Пешвоии миллати тоҷикро сазовор дониста, ӯро аз шарри ҳаводис дар паноҳи раҳмати худ ҳифз намудааст.
Тавре таърихи давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад, Пешвои муаззами миллат замоне зимоми қудрати сиёсии кишварро ба даст гирифтанд, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг ва фитнаҳои бузург афтода, хатари аз байн рафтани миллату давлат, забону таърих ва тамомияти арзӣ пеш омада буд. Мардум ба гурӯҳ ва созмонҳои мухталиф ҷудо гашта, ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд. Он рӯзҳои мудҳиш ошуфтагӣ, парешонии рӯзгор, нооумедӣ ва хушунат ҷомеаро фаро гирифта буд. Фирор роҳи зинда мондани қишре аз ҷомеа гардид. Ҳар инсон дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ва макони амн буд. Киштии давлат ва миллат дар амвоҷи тӯфон бесарнишин боқӣ монда буд.
Афрод ва гурӯҳҳои ҷинояткор аз ин фурсат истифода намуда, ба ҷони олимон, намояндагони мардумӣ, кормандони давлатӣ, уламои исломӣ сӯиқасд менамуданд. Ҳастию бақои миллат дар зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд. Дар чунин рӯзгори тираву тор ҷомеа ва кишвари Тоҷикистон ниёз ба Пешвои хирадманд ва инсони шариф дошт, то бори амонат ва масъулияти кишвардориро ба зиммаи хеш бигирад. Маҳз дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои мавҷудияти миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардид.
Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори Пешвои миллат аз ибтидо чун Офтоби тобон нурафшон буд. Ӯ пуржаҳои низоми иқтисодии кишварро, ки дар натиҷаи дигаргун гаштани сохтори сиёсию низоми давлатдорӣ ва ҷанги таҳмилӣ аз ҳам пошида, валангор гашта буданд, аз нав дар шароити низоми демократӣ бозсозӣ намуд.
Президенти маҳбуби кишвар барои худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳёи мероси таърихӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанг силсилаи ҳамоиш ва бузургдошти бузургони миллат ба монанди Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ва Носири Хусрави Қубодиёниро дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуд. Бо талошҳои Сарвари давлат мероси миллӣ ва шахсиятҳои маъруфи илмию ирфонӣ омили муҳими ба ваҳдат расидани миллати ҷангзадаи тоҷик гардид. Аз ин рӯ, эътироф ва эҳтиром гузоштан ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат, пеш аз ҳама, садоқат ва эҳтиром доштан ба миллат ва давлатдории миллӣ аст.
Бо талошҳои Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон бо 128 давлати ҷаҳон муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ барқарор намудааст. Сиёсати фарҳангдӯстӣ, меросмеҳварӣ ва шинохти таъриху тамаддуншиносии Президенти мамлакат барои тақвият, мустаҳкам гардидани ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ нигаронда шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва душманшиносии ҷавонони кишварро бедор намудааст.
Далер КОМИЛОВ, мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ, дотсент,
Раҳматулло КАРИМОВ, сармуҳаррири рӯзномаи “Сарвар ва миллат” - и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2020 №: 138 Мутолиа карданд: 713