иқтисод
ҶДММ «ТЕКСТИЛ – ИМПЕКС» ЯГОНА КОРХОНАЕ, КИ БА ИСТЕҲСОЛИ МАТОИ ДУХОБА МАШҒУЛ АСТ
Чанде пеш корхонаи ҶДММ «Текстил – Импекс» - и шаҳри Хуҷанд аз Федератсияи Россия ба маблағи беш аз 150 ҳазор доллари ИМА 32 дастгоҳ ва технологияи нави истеҳсолӣ харид. Баъди бакорандозии онҳо боз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Айни замон дар корхона 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ 12 навъи матои духобаи гуногунро бо сифати баланд истеҳсол мекунад. Дар Тоҷикистон истеҳсоли матои духоба танҳо дар ҶДММ «Текстил – Импекс» - и шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст. Корхона имкон дорад, ки бозорҳои дохилиро бо ин намуди матоъ пурра таъмин намояд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2020 №: 138 Мутолиа карданд: 641