иқтисод
«НАССОҶИ ХУҶАНД» БАРОИ МАКТАББАЧАГОНИ БЕЛАРУС ЛИБОС МЕДӮЗАД
Тавре Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии дастгоҳи раиси шаҳр, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» фармоиши ширкати «Бил Бим Бом»-и Ҷумҳурии Беларусро ба маблағи 68 000 доллари ИМА оид ба дӯхтани либоси мактабӣ барои хонандагони мактабҳои ин кишвар ба анҷом расонд ва, илова бар ин, боз дар ҳаҷми 100 000 доллар фармоиш гирифт.
Лоиқи зикр аст, ки кормандони ҷамъият ҳар рӯз барои мактаббачагони Беларус 300 либос омода месозанд.
Айни замон ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» аз матоъҳои хушсифати пахтагӣ истеҳсоли се намуд ниқоби тиббиро ба роҳ мондааст.
Дар ҳамин ҳол корхона бо роҳандозии 3 хати нави истеҳсолӣ ва насби 70 таҷҳизоти муосир шумораи коргаронашро боз 100 нафари дигар бештар карданист.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ба масъулони корхона дастур дод, ки дар корхона, инчунин, истеҳсоли шиму костюми мардонаро ба роҳ монанд. Зеро дар бозори дохилӣ ин навъи маҳсулот харидори зиёд дорад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.07.2020 №: 138 Мутолиа карданд: 692