logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

 

ЧАЙНВОРДИ «ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ НОҲИЯҲОИ ТОҶИКИСТОН»
 
Ҷумъагул НАЗАРОВА, сокини шаҳри Ваҳдат

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

ҶАВОБ БА КРОССЧАЙНВОРДИ “ҲАМАДОН” АЗ 17 ИЮЛИ СОЛИ 2020
1. Рухом. 2. «Ирфон». 3. Наск. 4. Китоб. 5. Бастакор. 6. Ранг. 7. Гулистон. 8. Нодир. 9. Рақам. 10. Машҳур. 11. Рақиб. 12. Баракат. 13. Тарбуз. 14. Забон. 15. Нарх. 16. Хирс. 17. Синон. 18. Норак. 19. Кармаил. 20. Лона. 21. Асрор. 22. Раият. 23. «Тобистон». 24. Нун. 25. Навшодир. 26. Раҳима. 27. Аҳком. 28. Ман. 29. Нам. 30. Минқор. 31. Рангун. 32. Нон. 33. Наср. (Дар доира). 34. Замин. 35. Нишон. 36. Нур. 37. Роман. 38. Нодар. 39. Ромиз. 40. Зот. 41. Таманно. 42. Орд. 43. Дирам. 44. Макр. 45. Ришта. 46. Амр. 47. Регар. 48. Рама. 49. Андоз.  

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


«ШОМИ ШАНБЕ». ПАЁМИ ХУШ АЗ САМАРҚАНД
Аз шаҳри Самарқанд паём расид, ки барои вусъат бахшидани доираи хонандагони «Шоми шанбе» дар шабакаи интернетии «Telegram» гурӯҳи вижа бо номи «Садои тоҷик» таъсис ёфтааст.
Ин амали хайрро котиби масъули нашрияи «Овози Самарқанд» Фаридуни Фарҳодзод роҳандозӣ кардааст. Барои дақиқ кардани иттилоъ бо Фаридун суҳбат доштем.
- Нахуст матолиби хурду реза, аммо муҳиму хотирмони «Шоми шанбе» - ро аз сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» гирифта, дар гурӯҳи худ нашр мекардем. Баъдан шумораи мухлисону хонандагони он афзуд. Аз охири моҳи июн гурӯҳи «Садои тоҷик» - ро боз намудем. Сабаби шавқу завқи тоҷикони бурунмарзӣ ба матлабҳои «Шоми шанбе» илмиву оммавӣ ва нав будани онҳост.   Ба ин гурӯҳ пайвастани муаллифони «Ҷумҳурият» - ро бисёр мехостем. Бо хоҳиши обуначиёни гурӯҳ нақша дорем, ки оянда тарҷумаи ҳоли мухтасари муаллифони фаъоли ин саҳифаи фарҳангиро интишор диҳем, - изҳор дошт Фаридуни Фарҳодзод.
Ёдовар мешавем, ки Фаридун адиби хушқалами тоҷик буда, асарҳои ӯ рӯи чопро дидааст. Чанд ҳикояву қиссаҳои ӯ дар матбуоти тоҷик низ инъикос ёфтааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Акрам дар юнучқазор хона сохта, дубора зан гирифт. Лекин то ҳол фарзанд надидааст. Гоҳ аст, ё ногаҳ… ҳар боре ки ба Хадича рӯ ба рӯ шавад, вай намедонад чашмони гунаҳкорашро куҷо барад. Ҳатто салом-алейк… ё баъзан аҳвол пурсиданаш нимғурма омада, баръало даступо мехӯрад. Ва Хадича мехоҳад ҳаргиз ба назари Акрам натобад. Вале кӯшишҳои ӯ аксар барабас мераванд – ҳамсоя ки ҳастанд, онҳо хоҳ – нохоҳ вомехӯранд.
* * *
Даме ки дилбарам монанди гул хандида меояд,
Умеди тоза дар дил, нури нав бар дида меояд.
Танашро дода бо пироҳани абрешимин оро,
Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 24 ИЮЛИ СОЛИ 2020
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
36.  Яке аз соҳибтаҷрибатарин тактикадонҳои Германия дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Эрвин Роммел, ки муҳофизати ҳудудҳои Нормандияро бар дӯш дошт, қарор дод як рӯз бо аҳли оила истироҳат намояд ва дидбонгоҳи худро партофта, ба хона рафт. Рӯзи истироҳати Эрвин дар таърих, баъдтар, ҳамчун рӯзе сабт мегардад, ки неруҳои иттифоқчиён дар хоки Нормандия маскун шуданд. 

37. 26 сентябри соли 1983 системаи россиягии аз ҳамлаҳои атомӣ огоҳкунандаи “Око”, ногаҳон, аз ҳуҷуми мушакҳои амрикоӣ бонги изтироб зад. Вале  командир Станислав Петров қарор дод, ки ҷавобан оташ накушоянд, зеро ба андешаи ӯ ин хабари дурӯғин буд. Баъдтар, маълум шуд, ки системаи огоҳкунанда дар ҳақиқат иштибоҳ намудааст. Яъне, ба гумони ғолиб, Петров бо ин амалкарди худ аз ҷанги атомии ҷаҳонӣ пешгирӣ кардааст.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


«ЭПИДЕМИЯ»-И ХАНДА
Дар таърихи башар олимон борҳо бо вабоҳое рӯ ба рӯ шудаанд, ки сабабҳои пайдоиш ва аз байн рафтани онҳоро фаҳмонда наметавонанд. Барои мисол, соли 1962 дар Танганйике (Танзания) эпидемияе зуҳур кард. Се талабаи мактаб баъди шӯхии муқаррарӣ ба хандидан пардохта, дигар натавонистанд, аз ханда бозистанд. Баъди чанде ба онҳо боз якчанд хонандаи дигар ҳамроҳ шуданд. Онҳо низ хандаи худро қатъ карда натавонистанд. Ин эпидемия ба хамсоядеҳ паҳн шуд ва, ҳамин тавр, қариб 1000 одамро фаро гирифт...
Таҳияи Умар АЛӢ


САБР
Худованд ба Уми Салим ва шавҳараш писаре бахшид, аммо писар ба бемории шадиде мубтало шуд. Ин фарзанд дар қалби падару модараш бисёр азиз буд. Шабонгаҳ писар аз дунё рафт ва модараш  нахост, ки қалби шавҳараш ғамгин шавад. Пас ин ғаму ранҷро ба танҳоӣ таҳаммул кард. Вақте шавҳараш омад, пурсид: «Писар дар чӣ ҳоле аст?» Ҳамсараш ҷавоб дод: «Ором гирифтааст».
Падар гумон бурд, ки писараш хобидааст, дар ҳоле, ки манзури ҳамсараш ин буд, ки мурда ва аз дард роҳат шудааст.
Вақте субҳ шуд ва хастагии мард баромад, зан гуфт: «Агар амонате аз ҳамсояи мо наздамон бошад, оё бояд онро баргардонем?»
Мард ҷавоб дод: «Бале!»
Зан гуфт: «Ва агар муддати зиёде аз он гузашта бошад, чӣ?»
Мард гуфт: «Дар ин сурат ҳатман бояд онро баргардонем».
Зан гуфт: «Пас, ба хотири Худо сабр кун, чаро ки ӯ амонаташро пас гирифт».
Баргардони Абдулқодири РАҲИМ аз хати арабиасоси форсӣ


НИМШӮХИВУ
КЭРРОЛЛ ВА МАЛИКА ВИКТОРИЯ
Шояд бисёриҳо надонанд, вале яке аз машҳуртарин афсонаҳои бачагона  «Алиса дар олами аҷоибот»-ро математик  Люис Кэрролл навиштааст.
Воқеан, вақте маликаи Британияи Кабир  Виктория афсонаро мехонад, мафтун мешавад ва фармон медиҳад, ки тамоми асарҳои нависандаро харида барояш биёранд. Аҷиб, ҳарчанд малика «асарҳо»-ро варақгардон мекунад, ғайр аз ҳисобу китоби математикаи олӣ чизи дигаре намеёбад. 
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


МЕҲМОНХОНАИ ТИЛЛОӢ
Дар пойтахти Ветнам аввалин меҳмонхонаи панҷситорадор  бо номи «Dolce Hanoi Golden Lake» эъмор гардид, ки дар ҷаҳон беназир аст. Меҳмонхона аз 25 ошёна иборат буда, ба маркази шаҳри Ханой ҳусну зинати тоза мебахшад. Дару девору сақф ва асбобу абзори меҳмонхона, ки наздики 5000 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, бо тиллои 24-қирота рӯкаш шудааст. Бояд гуфт, ки сохтмони бино 10 сол давом кард.  Он дорои 342 ҳуҷра буда, пардохти  иқомати якшабонарӯзиаш  250 доллари ИМА мебошад.   
Таҳияи  Барноз РАҲМОНШОЕВА


ФИШЕР
Шомгоҳон, вақте химики машҳур ва кашшофи чандин доруи дармонбахш Эмил Фишер сайругашт мекард, нависандаи ҳамасраш Зудерман, ки низ дар соҳаи худ саршинос буд, баъди ҳолпурсӣ чунин лутф мекунад:
-Намедонам чӣ тавр изҳори сипос намоям, охир маҳз доруи ихтироъкардаи  шумо «веронал» маро аз азоби бехобӣ наҷот дод.  Бовар намекунед, вале ҳамин кофист, ки ин доруи сеҳрнок болои мизи кориям бошад, нанӯшам ҳам, мурда барин хобам мебарад.
-Мувофиқати олиҷаноб,- бо табассум мегӯяд Фишер.- Ҳар шабе, ки хобам набарад, романи шуморо таги сарам мемонам. Бовар кунед, китобатонро нокушода хобам мебарад.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


2. САРВАТИ ЛИМА
Тахмин мекунанд, ки дар ҷазираи беодами Кокос, воқеъ дар соҳили Коста – Рика, ганҷинае маҳфуз аст, ки он аз 113 тандис, муҷассамаи Дев Мар, 200 сандуқ ҷавоҳирот, 273 шамшер, 150 ҷом, бриллиант ва садҳо сабикаи тилло иборат мебошад. Арзишашро ҳам муайян кардаанд - 300 миллион доллар.
Ҳангоми ҷанг байни испаниҳо рӯҳониён хазинаро ба тоҷири бритонӣ Уилям Томсон месупоранд, то дар заврақе онро нигоҳ дорад.  Аммо Томсон ва ҳамроҳонаш чунин накарданд. Онҳо ба ҷазираи Кокос рафта, ганҷинаро гӯронданд. Пас аз чанде ба чанги роҳзанҳо афтоданд. Аз миёни онҳо танҳо Томсон бо шарти нишон додани макони дафина ҷон ба саломат бурд. Вале дар роҳ чашми ғоратгаронро хато карда, якбора ғайб зад. Дигар на аз Томсон хабар асту на аз сарват. Вале ҳамоно ҷустуҷӯи хазина давом дорад.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ТӮФОН ДАРАХТИ 1200 – СОЛАРО ЧАППА НАМУД
Дарахти 1200 – солаи ҷалғӯза, ки дар назди маъбади синтоизми Японияи марказӣ буд, ба тӯфони шадиду борони сел тоб наоварда чаппа шуд. Баландии дарахт 40 ва ҷойи васеътарини бадани он 11 метрро ташкил медод. Бино ба қиссаи маъмул ҳангоми хушксолӣ муъҷиза рӯй дода, аз зери он чашмаи об пайдо гардид. Чашма дар рӯзҳои сахт аҳолии маҳаллиро аз пайомадҳои вазнин наҷот дод. Оби ин чашма алҳол низ ҷорист. Чанде қабл бар асари обхезӣ решаи дарахти ҷалғӯза ковок гардид ва дар натиҷаи тӯфон ба болои роҳ афтида, ба бинои анбори маъбад, дарвозаву боми хонаи ҳамсоя зарар расонд.
- Дарахти мазкур барои бошандагони маҳал боиси ифтихор маҳсуб мегардид. Бинобар ин, онҳо аз ин ҳодиса андуҳгин гаштаанд, - мегӯяд намояндаи маъбад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БУЗУРГОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Ҷосеф Стиглитс
«Ман то он дараҷа аблаҳ нестам, ки ба гуфтор дар бораи масъалаҳои иҷтимоиро ҳал кардани бозор бовар кунам. Нобаробарӣ, бекорӣ, ҳифзи муҳити зист мушкилотеанд, ки бе дахолати фаъолонаи давлат ҳал намешаванд» (2002).
«Ҷангҳои тиҷоратӣ, нобаробарӣ ва тағйирёбии иқлим проблемаҳои мушкилтарини иқтисодии ҷаҳони имрӯзаанд» (2019).
«Ба рӯзномаи сиёсӣ бояд масъалаи хусусигардонии (приватизатсияи) ғайриқонунии солҳои 90 – ум дар Россия гузошта шавад, зеро дар он решаҳои тафриқаи сатҳи зиндагии мардуми Россия ниҳонанд. Ин на танҳо масъалаи адолати иҷтимоӣ, балки масъалаи оянданигарии оқилонаи иқтисодист. Агар масъала ҳал нашавад, олигархияи (ҳукмронии мутлақи) иқтисодӣ метавонад ба олигархияи сиёсӣ табдил ёбад» (2003).
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО


ТОП 10. Баландтарин кӯҳҳои системаи офтобӣ
КӮҲИ ИОНИ
Кӯҳи вулқонии Иони дар радифи «Ио» - и сайёраи Муштарӣ ҷойгир аст. Номи онро ба хотири баҳри Иони уқёнуси Атлантика гузоштаанд. Кӯҳ аз рӯйи аксҳои аввалини пойгоҳи кайҳонии «Галилео» кашф гардид, вале то ба ҳол пурра омӯхта нашудааст. Баландии Иони 12,7 ҳазор метр мебошад.
Таҳияи Комрон САФАР


Ҳамеша роҳи мушкилро интихоб намоед, зеро дар он ҳеҷ гоҳ рақиб пайдо намекунед.
Шарл де Голл
Таҳияи Нигина РАҲМОН


103 КАЛИМА ДАР 47,44 СОНИЯ РЕКОРДИ НАВИ МУҲАММАД ХУРШЕД
Муҳаммад Хуршед Хусейн, донишҷӯи 23 - сола аз Ҳиндустон, бо нишондоди аҷиби худ дубора вориди «Китоби рекордҳои Гиннес» гардид. Ӯ тавонист дар 47,44 сония бо дастони баста 103 калима ҳуруфчинӣ намояд. Муҳаммад Хуршед дар ин ҳолат ҳарфҳои клавиатураро тавассути биниаш зер мекард. «Китоби рекордҳои Гиннес» пешниҳод намуд, ки бе дастон ва бо ёрии биниам дар кӯтоҳтарин вақт калима ё ҷумлае ҳуруфчинӣ намоям», - иброз доштааст донишҷӯ.
Ин бори аввал нест, ки Хуршед рекорди ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Соли 2012 ӯ алифбои англисиро дар 3,43 сония ҳуруфчинӣ карда буд ва ин ҳодиса ба ӯ илҳоми дубора бахшид. Барои рекорди дуюм Муҳаммад Хуршед 3 сол шабу рӯз тамрин намудааст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ДАР ЯК БОЗӢ ДУ РЕКОРД
Дар бозии даври 22 - юми Премйер - лигаи Англия дастаи «Манчестер Сити» дар меҳмонӣ «Астон Вилла» - ро бо ҳисоби бузурги 6:1 мағлуб кард. Дар ҳайати «шаҳриҳо» Серхио Агуэро муаллифи хет-трик шуд. Бо задани 3 гол Агуэро яку якбора 2 рекорди нав гузошт. Ҳамлагари аргентинӣ бо задани 177 гол дар 255 вохӯрӣ беҳтарин нишонзани хориҷӣ дар таърихи Премйер-Лига шуд ва аз Тйерри Анрии фаронсавӣ, ки дар ҳисоби худ 175 гол дошт, пеш гузашт.
Ҳамчунин, Агуэро аз рӯи шумораи хет-трикҳо дар Премйер-Лига рекорд гузошт. Бо 12 хет-трик Агуэро аз Алан Ширер (11 хет-трик) пеш гузашт.
М. МИРЗОЁН


ХУБӢ БАРМЕГАРДАД
Алан Фолби, сокини иёлати Техаси ИМА, ба садама дучор шуд. Пойяш шикаста, аз он  хун мешорид. Эҳтимол, аз талафоти хун мефавтид. Дар ҳамин вақт Алфред Смит, сокини иёлат, ки дар ҳамон наздикӣ буд, зуд ба ёрии таъҷилӣ хабар дод…  
Баъд аз 5 сол Фолби шоҳиди садамаи нақлиётӣ шуд. Ронанда дар натиҷаи кафидани артерияи пой ва рафтани хуни зиёд аз ҳуш рафт. Он Алфред Смит буд. Фолби ҳамон амалеро иҷро кард, ки Смит анҷом дода буд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЯК ҲИКМАТ
- Чӣ ҳикмат аст, ки нобиноён дар пешаи интихобкардаашон  муваффақтаранд? - пурсиданд аз хирадманде.
Донишманд гуфт:
- Аз он ки  нобиноён дигаронро намебинанд, танҳо мутаваҷҷеҳи кору зиндагии худ мешаванд. Ба ҷуз мушкилоти хеш дар бораи  касони дигар намеандешанд. Аммо нафарони бино агарчи имкони бештар доранд, ҳамеша фикрашон банди кору зиндагии дигарон аст. Аз ин рӯ, наметавонанд камбудҳои худро сари вақт ислоҳ намоянду пеш раванд.  
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ


НИҚОБИ ТИЛЛОӢ ВОСИТАИ НАВ БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС
Шанкара Курхаде, соҳибкор аз шаҳри Пунаи Ҳиндустон, тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз ниқоби тиллоӣ худро аз COVID - 19 ҳифз намояд. Ниқоб фармоишӣ буда, арзишаш тақрибан 4000 доллари амрикоист. Он дар ҳашт рӯз таҳия гардид, ки вазни тиллои холиси он 60 грамм мебошад.
Новобаста аз ин, соҳибкор мутмаин нест, ки ниқоби мазкур дар мубориза бар зидди COVID – 19 воситаи хубе бошад.  Аз ин рӯ, Курхаде, ҳамчунин, аз дигар чораҳои эҳтиётӣ истифода мебарад.
Ниқоби тиллоӣ соҳибкорро дар зодгоҳаш маъруф кард. Ба гуфтаи вай, мардум ӯро дар чунин ниқоб дида ҳайрон мешаванд ва хоҳиш мекунанд, ки бо ӯ сурат гиранд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ГӮШКАНӢ  ДАР ПАРЛУМОН
Дар яке аз ҷаласаҳои парлумони Кения ду сиёсатмадор бо ҳам даст ба гиребон шуданд. Муовини вазири кишоварзӣ ва намояндаи махсуси Иттиҳоди миллӣ дар интихоби яке аз вазифаҳои калидӣ наметавонистанд ба мувофиқа оянд. Дар ниҳояти кор, муовини вазир ба газидани рақиб сар кард. Зеро фаҳмид, ки дигар зӯраш ба гапгузаронӣ намерасад.  Аввал ба дасти ҳарифаш дандон зад. Баъд гӯшашро мавриди ҳамла қарор дода, онро аз бехаш канда гирифт ва  гӯш дар даҳон  аз ҷойи воқеа фирор намуд.
Пас аз як ҳафта баргашт. Вале аз гӯш дарак набуд. Ӯ гуфт, ки гӯши дар даҳон будаашро ба дарёча «туф» кардааст. Пулиси минтақа як ҳафта гӯш кофт, вале онро пайдо карда натавонист. Ба узви Иттиҳоди миллӣ гӯши сунъӣ дӯхтанд, маблағашро муовини вазир пардохт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2020    №: 138    Мутолиа карданд: 1114
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед