иқтисод
БАРАКАТИ МЕҲНАТИ ҲАЛОЛ
Рӯзгордидаҳо мегӯянд, ки одамро меҳнати ҳалолу софдилона ба нафъи халқу кишвар соҳиби обру мегардонад.
Марди накуном Қувват Раҳимов бо амри дилу виҷдони пок ҳамвора пайи ободию шукуфоии Ватани азиз дар талош аст. Ӯ дар деҳаи хушманзараи Муъминободи ноҳияи Файзобод хоҷагии деҳқонии «Бедил» - ро ташкил карда, аз заминҳои солиёни дароз бекорхобида ҳосили фаровон мерӯёнад.
Аъзои хоҷагӣ дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз чор гектар замини бекорхобидаи талу теппаро тахту ҳамвор карданд ва дар майдони як гектар боғи нав бунёд намуда, дар майдони ду гектар картошка, ним гектар сабзавот кишт намуданд ва ҳосили фаровон ба даст оварданд. Дарахтони боғи нав, аллакай, серборанд. Аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 250 - сентнерӣ ҳосили картошка ба даст омад. Сабзавот ҳам ҳосили хуб дод. Ҳосили хуб ғайрати аъзои хоҷагиро бештар кард. Соли дигар аз дарёчаи Оби Ғозӣ ба баландии қариб панҷсад метр об бароварданду масоҳати замини картошкаро ба панҷ гектар расонданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ҳам афзуд.
Ҳоло Қувват Раҳимов аз ҳисоби фоидаи замин ба омӯзгорон, соби-қадорони ҷангу меҳнат ва ниёзмандон ёрӣ мерасонад. Ӯ ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин сармашқи фаъолият қарор дода, ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мақсад гузоштааст, ки имсол ҳосилнокии ҳар гектар картошказорро ба 300 - сентнерӣ расонад.
Имсол аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд барои панҷ гектар картошкаи тухмӣ дастрас карда, онро сари вақт кошт.
Мардум ӯро эҳтиром мекунанд, пирони умрдида ӯро ба дигарон чун намунаи ибрат нишон медиҳанд. Чанде пеш Қувват Раҳимов дар зодгоҳаш – деҳаи Муъминободи деҳоти Мискинобод болои дарёчаи Оби Ғозӣ пул сохту мушкили мардумро осон кард.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.07.2020 №: 139 Мутолиа карданд: 654