logo

иқтисод

МУШКИЛӢ РАФЪ МЕШАВАД

Посух ба матлаби «Об. Вақте масъулият нест...», ки 6 июли соли 2020 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 123) ба нашр расидааст.
Бо арзи эҳтиром ба идораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» мерасонем, ки матлаби «Об. Вақте масъулият нест...» дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки роҳбарону масъулони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, раёсати кишоварзии шаҳр, Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва Ассотсиатсияи  истифодабарандагони оби «Ғӯсар - Баҳор» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Тавре дар матлаб омадааст, дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ заминҳои кишти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ аз канали Марғедар, ки дарозии он 46 километрро ташкил медиҳад, обёрӣ мешаванд. Масоҳати заминҳои обии ҳудуди ҷамоат 2283 гектар буда, аз он 1898 гектараш ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста шудааст, 170 гектараш заминҳои ёрирасон ва 216,3 гектараш заминҳои захиравӣ маҳсуб меёбанд. 683,2 гектар боғ, 641,5 гектар токзор мавҷуд буда, дар 319 гектар ғалла, 176 гектар картошка, 180 гектар сабзавот, 60 гектар рустаниҳои равғандеҳ ва зироатҳои дигар парвариш мешаванд.
Аҳли  хоҷагии деҳқонии «Ғӯсар - 1», ки муаллифи матлаб  ба суханони сарвараш Содиқ Боймуродов истинод кардааст, соли равон дар майдони 2,9 гектар ҷав, 0,60 гектар сабзавот кишт намудаанд. Ҳамчунин, дар мувозинаи хоҷагӣ 2,2 гектар боғ ва 1 гектар токзор мавҷуд аст.
Зимнан, дар доираи  «Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» канали Марғедар низ таъмир шуда, обғунҷонии он бештар гардидааст. Азбаски заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ғӯсар - 1» ва чанд хоҷагии деҳқонии дигар дар охири канали Марғедар воқеанд, дар мавсими тобистон ба сабаби беэътиборӣ ва корро ташкил карда натавонистани раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Ғӯсар – Баҳор» дар таъмини оби полизӣ мушкилиҳо пеш омадаанд, ки онҳо бо дахолати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳаллу фасл шуданд.
Ба Идораи  давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон дастур дода шуд, ки таъмини обро дар канали Марғедар мутобиқи ғунҷоишаш ба роҳ монда, талафёбии онро пешгирӣ кунад. Раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Ғӯсар - Баҳор» Қурбон Раҳматов огоҳ карда шуд, ки дар сурати дуруст ба роҳ намондани тақсимоти об дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар муҳлати муқаррашуда ҷамъоварӣ накардани ҳаққи истифодаи об  аз вазифа сабукдӯш мегардад.

Ш. БОБОЗОДА,
муовини раиси шаҳри Панҷакент  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2020    №: 140    Мутолиа карданд: 649
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед