иқтисод
ПАХТАКОРӢ. ДАВРАИ МАСЪУЛИЯТНОК ИДОМА ДОРАД
Заркорони ноҳияи Зафаробод соли ҷорӣ дар майдони 14382 гектар пунба кишт намуда, имрӯзҳо барои рӯёндани ҳосили фаровон заҳмат мекашанд. Соли 2019 истеҳсоли пахта дар ноҳия то 30000 тонна расонда шуд.
Мушоҳидаҳои бисёрсола ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар ноҳия нишон медиҳанд, ки рушду нумӯи зироати пахта аз даҳрӯзаи якуми моҳи июн - давраи шонабандӣ оғоз шуда, ҳосилғункунии пахта то моҳи август бо суръати баланд ҷараён мегирад ва агар дар давраи масъулиятнок ҳосилро эмин нигоҳ дорем, ҳосилнокии пахта баланд мешавад.
Дар урфият «об - хуни пахта» мегӯянд, ки ин беасос нест. Ин зироат озуқаро фақат тавассути об ҷаббида мегирад, аз ин рӯ, обёрии саривақтӣ рӯз ба рӯз миқдори ҳосилро зиёд мекунад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар қитъаҳои пахтазори барвақтӣ ниҳолҳо, аллакай, 13-16 шохи ҳосилдиҳанда давондаанд ва аз даҳрӯзаи 3-юми моҳи июл оғоз намудани сарчинкунии пахта ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар ин кор истифода бурдани фартукҳо (пешбандҳои газворӣ) тавсия дода мешавад, зеро айни ҳол дар пахтазор инкишофи як насли хавфноки зараррасонҳо - кирми ғӯза давом дорад ва шапалакҳои он шабҳо парида тухми худро дар нуқтаи сабзиши пахта ва баргҳои он мегузоранд. Агар сарчинҳоро беэҳтиётона ба замин партоем, шапалакҳо боз парида ба ниҳолҳо зарар мерасонанд, аз ин рӯ, дар пешбандҳо чида, сипас таги хок кардани сарчинҳои пахта амали фоиданок аст.
Барои пешгирии тухмгузории кирми ғӯза дар қитъаҳои алоҳида сари вақт истифода бурдани ҳашароти фоидаовор (трихограмма, бракон) ба мақсад мувофиқ мебошад. Агар миқдори кирми ғӯза дар 100 ниҳоли пахта аз 8-10 адад гузарад, ба коркарди кимиёӣ зарурат меояд. Дар ин кор истифода бурдани нурелд 1 л/га, Эндҷио 0,2 л/га, толистар 0,7 л/га, Арриво -0,3 л/га ва Аваунт 0,4 л/га (яке аз инҳо) беҳтар аст.
Як омили пешгирии талафот аз ҳашарот сари вақт қапидани шапалакҳои зараррасон мебошад. Барои ин истифода бурдан аз домҳои ферамонӣ ва сунъӣ, яъне истифода бурдани сироп (шарбат, маҳлули аз шакар ва хамиртуруши одӣ тайёршуда) муфид аст.
Ҳоло давраест, ки талаботи ниҳоли пахта ба озуқа зиёд мешавад, сари вақт додани озуқа бошад, баракати ҳосилро зиёд мекунад. Хусусан, ташкил кардани обёрии шабона, як омили муҳими фаровонҳосилӣ маҳсуб меёбад. Сари вақт обёрӣ накардани пахтазор маънои роҳ додан ба талафи ҳосилро дорад. Ҳамчунин, дар ин давраи ҳассос сари вақт тоза намудани пахтазор аз алафҳои худрӯй аҳамияти калон дорад, зеро ин амал барои кам шудани миқдори ҳашароти зараррасон дар қитъаҳои пахта мувофиқат мекунад. Барвақт қатъ кардани култиватсия низ ба ҳосилнокии пахта таъсири манфӣ мерасонад.
Тайи фаъолияти 35 – солаи илмию амалӣ бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар ҳақиқат, Мирзочӯли тоҷик имконият ва захираи фаровонест барои рушди на фақат соҳаи пахтакорӣ, балки полизикорию боғпарварӣ. Итминон дорам, ки рӯзе меваю ангур, анору бодоми Мирзочӯл, албатта, дар бозорҳои дунё мавқеи сазовори худро меёбанд.
Ином ҚОБИЛБЕКОВ, номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони илмии филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2020 №: 140 Мутолиа карданд: 665