logo

фарҳанг

СОБИТҚАДАМ

Дар зиндагӣ шахсоне низ ҳастанд, ки як лаҳзаи умри худро зоеъ гузарондан намехоҳанд. Ин гуна шахсон одатан сарсупурдаи касби хешанд ва аз онҳо манфиати зиёд мерасад. Зиндагии онҳо аз эҷоду ҷустуҷӯ ва такопӯву талошҳо иборат аст. Ба мисли шамъ худ месӯзанду роҳи зиндагиро барои дигарон мунаввар менамоянд. Пешрафти ҳаёти инсонҳо маҳз ба ҳамин гуна шахсон вобаста аст.
Бешубҳа, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Назруллоҳ Саидов аз зумраи чунин шахсон мебошад. Ӯ на танҳо дар байни кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон, балки дар аксар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби обрӯю эътибор мебошад. Ҳама ӯро чун марди хоксору ҳалим, хештаншинос, ташкилотчиву кордон, меҳнатдӯсту поквиҷдон ва оқилу соҳибтадбир мешиносанд. Ин самараи омӯхтан ва натиҷаи таҷрибаи зиндагӣ андӯхтан мебошад.
Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии фарматсевтии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина барояш мактаби таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии тиббии якуми Маскав ба номи И.М. Сеченов бошад, калиди ганҷи маънавиро пайдо намуд ва дарҳои илму дониш ба рӯяш боз гардид. Рисолаи номзадии ӯ «Феррити барий хамчун чузъи суппозиторияи магнитии пармидин» баҳои баландро сазовор гардид.
Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ Саидовро дар Ватан вазифаҳои пурмасъулият интизор буданд. Баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон саркотиби илмии Комитети фармакологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Баъдан дар назди Вазорати тандурустӣ сарраёсати стандартизатсия ва назорати сифати маводи дорувориро ташкил намуда, роҳбарии онро ба зимма гирифт. Бо талошҳои зиёд ӯ ба ташкили Маркази давлатии илмии экспертиза ва сертификатсияи маводи доруворӣ, таҷҳизоти таъйиноти тиббӣ, маводи санитарию профилактикӣ ва косметикӣ муваффақ шуд ва роҳбари ин ниҳод таъйин гардид. Дар муддати кӯтоҳ воридоти доруҳои пастсифат ба ҷумҳурӣ пешгирӣ ва аз фурӯши маводи доруворӣ дар кӯчаву бозорҳо ҷилавгирӣ шуд. Вазифаи директори Маркази хизматрасонии тиббию «ФАРМЭКСПЕРТ» - ро ҳам ба зимма дошт. 
Соли 2011 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи шуъбаҳои тиббию фарматсевтии факултети биология, факултети тиббию фарматсевтӣ ташкил ва роҳбарии онро ба Назруллоҳ Саидов бовар кардаанд. Кафедраҳои тахассусии зарурӣ ташкил ва сафи устодону профессорон ҳам аз ҳисоби мутахассисони унвондор ва ҳам аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд пурра ва барномаҳои таълимӣ мураттаб гардиданд. Факултети тиббию фарматсевтии ДМТ соҳиби заминаи хуби моддию техникӣ, илмию тадқиқотӣ ва таълимию методӣ гардида, ба ду факултети мустақил (тиббӣ ва фарматсевтӣ) ҷудо шуд, ки имрӯз аз бонуфузтарин факултетҳои донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.
Ду сол қабл роҳбарияти ДМТ ба Назруллоҳ Саидов роҳбарии Институти илмӣ - тадқиқотии донишгоҳро бовар намуд. Дар ин вазифа низ ӯ бо масъулияти баланд корро оғоз кард. Бинои муассисаи илмию тадқиқотии назди ДМТ таъмир гардида, корҳои илмию тадқиқотӣ ривоҷу равнақи тоза касб карданд. Лоиҳаҳои илмӣ тартиб дода шуда, маблағгузории баъзе лоиҳаҳо шурӯъ шуд. Бо вуҷуди серкорӣ ва ташвишҳои роҳбарӣ Назруллоҳ Саидов фурсат ёфта ба кори илмӣ низ машғул гардид. Соли гузашта аз натиҷаи ҷустуҷӯву пажӯҳишҳои илмии чандсолаи худ дар шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина бомуваффақият рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.
Назрулоҳ Саидов муаллифи 3 монография, 48 китоби дарсӣ ва дастуру васоити таълимӣ буда, шумораи мақолаҳои илмӣ ва илмию методии ӯ ба даҳҳо адад мерасад.

Меҳроб ҶУМЪАЕВ, докторанти ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2020    №: 140    Мутолиа карданд: 566
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед