сиёсат
ХУРОФОТ ВА БЕТАРАФӢ. ДУ ОМИЛИ ХАТАРЗО
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 марти соли равон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат тамоми паҳлуҳои ҳаёти илмии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, бо натиҷагирӣ ва хулосабарории пурмантиқ ба ҳар як соҳаи илм баҳои сазовор ва барои пешрафти онҳо пешниҳоду маслиҳат ва дастурҳои ҷолибу судманд доданд.
Дар баробари дигар масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби соҳаҳои илм нисбат ба бетарафии аҳли зиё дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва имрӯз, оид ба рӯз то рӯз ҷоннок шудан ва реша давондани хурофотпарастӣ дар ҷомеа, адами аксуламалҳо, ҷавобҳои илмӣ, асоснок ва дар пояи факту рақамҳо тартибёфтае, ки бояд фазои холимондаи ҳаёти ҷомеаро пурра пӯшонад, бо овардани мисолҳои фаровон таъкид намуданд, ки агар аҳли зиё дар он солҳо майдондори асосӣ мебуду сухани ҳақро ба гӯши ҷомеа мерасонд, мо тақрибан пурра аз ҷанги шаҳрвандӣ дар амон мемондем.
Мутаассифона, дар он рӯзҳо қисмате аз зиёиёни мо, ки онҳоро танҳо бо доштани дипломҳо ва маълумоти дунявияшон наметавон зиёии асил номид, худ саркарда ва майдондори дастаи ба ном «мухолифин» - и Ҳукумат буданд ва зери садои дойраи ҲНИ мерақсиданд. Олимону шоирони «шинохта»-и демократмаоб, ки ба хотири нафси бади хеш, ба хотири пулу мол ва вазифаҳои дар оянда (агар Худое нохоста ба ҳадаф мерасиданд) барояшон ваъдашуда тамоми супоришҳои аз ҷониби наҳзатиҳо ба онҳо ирсолшударо бо мамнунӣ қабул намуда, барои иҷрояшон бо тамоми неру мекӯшиданд ва барои худ шараф ҳам меҳисобиданд. Пул дар дасти наҳзатиҳо буд, аз ин рӯ, мусалламан мусиқиро ҳам наҳзатиҳо фармоиш медоданд. Агар ин тавр намебуд, гуруснанишинӣ эълон кардани собиқ корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Юсуф ва баъдтар аз ҷониби ҳамин шахс ташкил намудани ситоди «Наҷоти ватан», азобу шиканҷаи даҳҳо ҳаммиллати хеш дар ин ситод ба хотири шарик ва ҳамақида набудан бо ӯ ва наҳзатиёни дигарро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст?
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди суханашон ба бетарафии зиёиён дар он солҳо ишора карда фармуданд, ки: «Мо бояд ба тақдири халқу давлат, гузаштаву имрӯза ва ояндаи пурифтихори Тоҷикистони маҳбуб бетараф набошем. Бетарафӣ худ нишони марг аст. Фаромӯш набояд кард, ки як сабаби ҷанги шаҳрвандӣ худро бетараф эълон кардани зиёиён буд. Бо ин сабаб дидед, ки халқи тоҷик чи сахтиҳоеро аз сар гузаронд. Ба назари мо воқеаҳои гузашта барои ҳар як шахси огоҳу солимфикр сабақи зиндагӣ ва мактаби худшиносиву худогоҳӣ мебошанд. Аз ин рӯ, биёед, Ватану давлатамон ва халқи азизамонро сидқан дӯст дорем, нисбат ба тақдири Тоҷикистони маҳбубамон бетарафу бетафовут набошем, ба қадри бузургонаш расем, наврасону ҷавононро тарбия намоем ва робитаи наслҳову замонҳоро устувор карда, ба сӯи рушди кишвар қадамҳои ҷиддӣ гузорем ва ин замину диёри биҳиштосоро ободу пешрафта гардонем».
Хатари дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро домангир гаштааст ва решаҳои хеле чуқури иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад, ин хурофот мебошад. Хурофот дардест сирояткунанда.
Ҳоло яке аз масъалаҳое, ки бо хурофот омехта шуда, нимчамуллоҳои чаласаводи мо онро дар суҳбатҳо ва мавъизаҳояшон ҳамчун силоҳ барои тарс додан ва дар вуҷуди шунавандаҳояшон ба вуҷуд овардани ҳиссиёти мағшуш ва пур аз ваҳму ҳарос истифода менамоянд, риш мебошад.
Риш як масъалаи одӣ дар тамоми давру замонҳо буд ва ҳаст. Проблемаи риш тақрибан вуҷуд надошт, вале ба вуҷуд омадани ҳар гуна гурӯҳу равия ва созмону ҳизбҳои ифротии бадномкунандаи ислом ришро дар баъзе кишварҳо ба як масъалаи доғи рӯз табдил доданд. Дар кишвари мо низ дар солҳои 1990 дар байни ҷангиёни мухолифон доштани риш ба ҳукми анъана даромад, ки бе таъсир аз хориҷ набуд.
Олимон, зиёиён, аҳли эҷод ва умуман ҳар як шахси босавод ва дорои ақлу заковатро зарур аст, ки даст ба дасти ҳам дода, дар ҳама ҷо, дар ҳамаи маъракаву маросимҳо сухани ҳақ ва бо факту рақамҳои илмӣ асоснокшуда ва қонеъкунандаро ба мардум гуфта, ба бетарафӣ ва бетафовутӣ ҷанг эълон намуда, мавқеи аздастрафтаи хешро комилан барқарор карда, бар ватанпарастӣ ва миллатдӯстии хеш биафзоянд.
Н. ХОЛНАЗАРОВ,
ходими калони илмии Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.07.2020 №: 140 Мутолиа карданд: 690