logo

иқтисод

СУҒД ДАР ШОҲРОҲИ РУШД

Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси вилояти Суғд

Бо назардошти он ки пандемияи COVID- 19 ба иқтисодиёти тамоми ҷаҳон таъсири манфии худро расонд, дар асоси  супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати истифодаи мақсадноки захираҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсадноку дуюмдараҷа дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор нақшаи қисми даромаду хароҷоти буҷетҳои давлатию маҳаллӣ бознигарӣ ва ба он тағйирот ворид карда шуд. 


Дар нимсолаи аввали соли 2020 бо назардошти тағйирот ё камкунӣ нақшаи даромади Буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ)  дар вилоят ба маблағи 1 миллиарду 75 миллион сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша 100,8  дарсад таъмин шуд. Нақшаи воридоти Буҷети давлатӣ ба истиснои ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷро гардид. Нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,2 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 219,8 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд.
Бо назардошти камкунӣ нақшаи буҷети маҳаллии вилоят 816,7 миллион сомонӣ муайян гардида, дар амал ба буҷет 807,3 миллион сомонӣ ворид шуд.
Шумораи соҳибкорони инфиродӣ дар вилоят афзуда, ба 110143 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2718 нафар зиёд аст.
Ҳоло дар вилоят 645 ташкилоту муассисаи қарзию хизматрасонии бонкӣ - 2 бонки мустақил, 4 ташкилоти амонатию қарзӣ, 9 фонди қарзии хурд, 109 филиали ташкилоти қарзӣ ва 521 маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Соли ҷорӣ зери таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, бар асари паҳншавии бемории сироятии коронавирус, ҳаҷми маблағгузории қарзӣ нисбат ба моҳҳои январ - майи соли гузашта ба андозаи 17,1 дарсад кам шуд. Ҳаҷми пасандози аҳолӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,7 дарсад афзуд.
Баҳри  фароҳам  овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ  дар доираи  ҷалби сармояи  дохилию хориҷӣ моҳҳои январ - марти соли ҷорӣ ба иқтисодиёти вилоят 71 миллион доллари ИМА  сармоя (58,7 миллион сармояи хориҷӣ ва 12,3 миллион сармояи дохилӣ) ҷалб гардида, воридоти сармояи мустақим ба 26,7 миллион доллар баробар шуд.
Кишоварзони вилоят дар пайи роҳандозии тадбирҳои судманди саривақтӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расонданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 дарсад зиёд мебошад.
Бо мақсади таъминоти мунтазами оби полизӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин мебошад, аз ҳисоби буҷети вилоят барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 3,9 миллион сомонӣ равона карда шуд. Тибқи нақша, соли равон барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5496 гектар замин 5 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,5 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,4 дарсад зиёд аст. Аслан, таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ равона гардид, аз ҷумла 571,8 ҳазор тонна семент ва 695,9 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуд. Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 19,7 дарсад ва газвори пахтагини тайёр 3,8 дарсад афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ тақвият ёфта, дар ин давра 252,5 ҳазор тонна орд ва 2740,2 тонна равғани рустанӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2 ва 1,4 баробар зиёд аст. 
Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо фарогирии 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли равон ба истифода додани 119 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо фарогирии 2308 ҷойи нави корӣ тарҳрезӣ гардида, то ҳол 48 корхонаву коргоҳ (бо 650 ҷойи нави корӣ) ба фаъолият шурўъ намуд.
Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 541,9 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 514,2 миллион сомонӣ иҷро гардиданд. 1040 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати  Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 273 муассисаи таҳсилоти томактабӣ - 203 муассисаи тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 57 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ  44567 кўдакро ба тарбия фаро гирифтаанд. Нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 10 -то  ва теъдоди кўдакон 1685 нафар афзудааст.
Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва бедор намудани эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандўст маҳсуб меёбад.  Ҳоло дар вилоят 362 китобхона, 133  муассисаи клубӣ, 6 клуби сайёр, 95 қаср, кох ва хонаи фарҳанг, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 9 осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ, 5 осорхонаи шахсӣ ва 6 хона - музей, 3 маҷмааи фарҳангӣ, амфитеатр, маркази фарҳангӣ - фароғатӣ, 22 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли “Шашмақом”, 2 гурўҳи ҳаҷвӣ, 6 ансамбли фолклорӣ - этнографӣ, 2 ансамбли «Фалак», 1 ансамбли доиранавозон, 1 ансамбли карнайнавозон, 18 ансамбли рақсӣ, 6 ансамбли эстрадӣ, 3 радио ва 1  телевизиони маҳаллӣ фаъолият доранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки онҳо  муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардида, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2016 - 2020» заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят марҳила ба марҳила тақвият меёбад. Баҳри рушди соҳа ҳоло бунёди қасрҳои фарҳанг дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба маблағи 12 миллион сомонӣ ва дар ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 22 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.
Дар хизмати сокинони вилоят 936 муассисаи тандурустӣ қарор дорад, ки дар онҳо ба аҳолӣ 5276 табиб ва  17945 корманди миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд.
Бо мақсади пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии коронавирус, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, ситоди вилоятӣ ташкил шуд. Айни замон барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба пешгирии сирояту паҳншавии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ, безараргардонии маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ, нақлиёту толорҳо, муассисаҳои мактабию томактабӣ, бозорҳо пурзўр карда, барои пешгирии паҳншавии коронавирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд. Мардуми шарифи вилоят, бахусус кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дар ин лаҳзаҳои ҳассос зери ғамхорӣ ва дастгирии доимию ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бо иқдоми хайрхоҳонаи Сарвари давлат ба вилоят зиёда аз 900 тонна маҳсулоти озуқаворӣ ва тиббӣ ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла 95 тонна картошка, 100 тонна пиёз, 151 тонна сабзӣ, 190 тонна орд, 36 тонна равған, 11,5 тонна шакар, 36 тонна макарон, 90 тонна биринҷ, 1150 литр спирт, 1280 килограмм гипохлориди натрий ва маводи дигар барои ниёзмандон ва муассисаҳои тиббӣ равона ва дастрас гардонда шуд.  
Барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ аз ҳисоби буҷети вилоят барои харидани таҷҳизоти тиббӣ 3868,8 ҳазор, корҷома ва либоси тиббӣ 1935,9 ҳазор, доруворӣ ва маводи антисептикӣ 2739,1 ҳазор, инчунин, барои иловапулӣ ба маоши табибон 951,9 ҳазор ва кумаки моддӣ ба кормандони соҳаи тиб 66,1 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 9561,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзиш, 563 толори варзиш, 33 ҳавзи шиноварӣ, 181 маҷмаа, инчунин, иншооти махсуси варзишӣ - тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, тайи ним сол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмўъ, 21 иншооти нави варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят фаъолияти босамари 44 мактаби варзиш, аз ҷумла мактаби маҳорати олии варзиш, мактаби варзиши вилоятӣ, 10 мактаби махсуси варзиш,  мактаби махсуси варзиши захираҳои олимпӣ, 28 мактаби варзиш дар шаҳру ноҳияҳо ва 3 мактаби варзиш дар тобеияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳосилот» ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, барои таъмини рушди бемайлони соҳа як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуданд.  Ин имконият дод, ки шумораи ширкатҳои сайёҳӣ зиёд ва таҷдиди инфрасохтори соҳа тадриҷан амалӣ гардад. Ҳоло дар вилоят 43 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ - Шўрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар 6 моҳи соли равон 3 ширкати сайёҳии нав таъсис ёфт. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 89 меҳмонхонаю осоишгоҳ, 44 осорхона, 753 мавзеи таърихӣ ва 97 зиёратгоҳ дар хизмати сокинону сайёҳонанд.
Ширкатҳои сайёҳӣ дар самтҳои сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ - этнографӣ, табобатӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводиду шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ хизмат расонда, ҷиҳати рушди сайёҳии воридотӣ барои ташвиқу тарғиби мавзеъҳои ҷолибу арзишҳои фарҳангию таърихӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкили хатсайрҳои наву ҷолиб талош менамоянд.
Бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти Сарвари давлат дар вилоят аз 14 марти соли 2018 “1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  эълон шуда, айни ҳол раванди амалисозии ин ҳадаф идома дорад.
Хамчунин, тибқи нақшаи мазкур, дар вилоят бунёд ва таъмиру навсозии 7111 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар пайи ибтикороти нави соҳибкорону  афроди ташаббускор дар нақша аст, ки ин теъдодро ба беш аз 10 ҳазор расонем. Бунёду навсозии коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, хизматрасонӣ, истиқоматӣ, қасру боғҳои фарҳангию фароғатӣ, толору майдончаҳои варзишӣ дар ҳар як деҳа, маҳалла ва биноҳои баландошёна аз рўи нақша идома дорад. Соли равон бунёду навсозии 1895 иншоот пешбинӣ шуда, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 883 иншоот ба фаъолият оғоз намуд. Дар маҷмўъ, то ин давра 4901 иншоот бунёд ва таъмиру навсозӣ шуд.
Итминони комил дорам, ки сокинони заҳматпешаи Суғди бостон содиқона меҳнат намуда, ҷашнҳои миллии 29 ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегиранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2020    №: 141    Мутолиа карданд: 1075
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед