logo

ҳуқуқ

«ҲАЛНОМАИ БАҲСБАРАНГЕЗ Ё ЧАНД СУОЛИ БЕПОСУХ!»

Матлаби Мунаввари Сафар, ки дар рўзномаи «Ҷумҳурият» 21 майи соли 2020, № 96 таҳти унвони  «Ҳалномаи баҳсбарангез ё чанд суоли бепосух!» ба нашр расидааст, дар Суди Олӣ мавриди омўзиш қарор дода шуд.
Муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди шаҳри Турсунзода аз 17 июли соли 2019 даъвои Р. Бурханова ба ҷавобгарии С. Шукурова, шахси сеюм шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД дар шаҳри Турсунзода ва идораи нотариалии давлатии шаҳри Турсунзода дар бораи беэътибор донистани ваколатнома рад гардидааст.
Ҳалномаи мазкур бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ аз 9 октябри соли 2019 бетағйир гузошта шудааст.
Бо таъйиноти судяи Суди Олӣ аз 16 апрели соли 2020 ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ рад шудааст.
Зимни омўзиши парванда муайян гашт, ки дар асоси ваколатнома аз 17 марти соли 2015, ки нотариуси шаҳри Москваи Федератсияи Россия тасдиқ намудааст, А. Эшназаров  С. Шукуроваро барои намояндаи дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ваколатдор кардааст. Ваколатнома ба муҳлати се сол бо ҳуқуқи худро ба шахси дигар додан дода шудааст.
Инчунин, бо ваколатнома аз 10 октябри соли 2016 А. Эшназаров – С. Шукуроваро ваколатдор намудааст, ки дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи ў бошад. Ин ваколатнома ба муҳлати даҳ сол дода шуда, аз ҷониби нотариуси шаҳри Москваи Федератсияи Россия тасдиқ шудааст.
Оид ба ваҷҳи мақола дар хусуси он ки шахсияти А. Эшназаров аз ҷониби суд муайян карда нашудааст, қайд менамоем, ки чуноне аз маводи парванда бармеояд шахсияти А. Эшназаров дар маҷлиси судӣ марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ тибқи талаботи қисми 2  моддаи 164 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 365 кодекси зикршуда нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсон, ки агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо бо санадҳои судии қабулкардаи суд вайрон гардида бошад, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб шикояти назоратӣ пешниҳод карда шавад.
Аз ин рў, Р. Бурханова нисбат ба санадҳои судии зикргардида метавонад, бо риояи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олӣ бо шикояти назоратӣ муроҷиат намояд.

А. ИСҲОҚӢ, муовини раиси Суди Олӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2020    №: 141    Мутолиа карданд: 1022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед