ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ҚАЛЛОБӢ
"Заминфурӯш" - и мардумфиреб ба толори суд рафт
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намуд.
Дар ин бора маркази матбуоти агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, С. Давлатов моҳи майи соли 2019 аз шаҳрванд Соҷида Мирова барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кӯлоб ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 10000 сомонӣ гирифтааст.
Номбурда бо ҳамин усул аз шаҳрвандон М. Ҳақназаров, М. Шарифзода, М. Ҷамилова, М. Мирова, Н. Назарова, И. Орзуев, Д. Абдуллоева, З. Назаров, Ҷ. Умаров, Қ. Ибрагимов ва Р. Суҳробӣ дар 12 ҳолати дигар 156000 сомонӣ гирифта, ба манфиати худ истифода намудааст.
Ин кирдори Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) мавриди тафтиш қарор гирифт.
МАВОДИ НАШЪАОВАР
Милитсия ду қочоқбари афғонро дастгир кард
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Носири Хусрав кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро аз ҷониби қочоқбарони афғон пешгирӣ карданд.
Тавре сомонаи ВКД хабар дод, шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолиддин валади Ёрмурод ва Қалдов Аҳмад Чорӣ шоми 23 июли соли ҷорӣ ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марз дар мавзеи қаторкӯҳҳои «Туюнтов»-и ҳудуди Ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав боздошт шуданд. Кормандони милитсия аз дастгиршудаҳо маводи зиёди нашъаовар дарёфту мусодира карданд, ки тибқи маълумоти шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар вилояти Хатлон аз миқдори умумии маводи мусодирашуда 14 килограмму 250 грамми онро «афюн» ва 140 граммашро «ҳашиш» ташкил медиҳад. Ҳамчунин, аз қочоқбарон 1 адад автомати Калашников, 5 тирдон бо 141 тир дарёфт гардид.
Зимни бозпурсӣ муайян шуд, ки дастгиршудагон мехостанд маводи нашъаоварро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароранд, ки хушбахтона, ин ҳадафашон хунсо гардида ва ҳоло алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.07.2020 №: 142 Мутолиа карданд: 979