мулоқотҳо
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода герсог Йоркскийро ба ҳузур пазируфт
27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода герсог Йоркскийро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳолати имрӯза ва роҳҳои густариши муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуданд.
«Муносибатҳо бо кишварҳои Аврупо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд: «Дар доираи ин сиёсат мо ба рушди пайвастаи робитаҳо бо Британияи Кабир манфиатдорем».
«Густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ бо Тоҷикистон барои Британияи Кабир бисёр муҳим аст», - изҳор дошт дар посух герсог Йоркский.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Ҳукумати Британияи Кабир баҳри расондани кӯмак ба кишвари мо дар бартараф намудани оқибатҳои зимистони шадиди гузашта арзи сипос намуд.
Ҷонибҳо аз рушди робитаҳои байни ду кишвар дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳо барои густариши бештари ҳамкориҳо хеле зиёданд.
Доир ба ташкил ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхудкунии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Ҳамгироиҳои муштарак дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кӯмак ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва мубодилаи иттилоот оид ба авзои Афғонистон аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ маънидод гаштанд.
Мусоҳибон ҳамчунин атрофи равобити фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8953