маориф
МАОРИФ. ЯК ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ
Устоди равоншод Ҳабиб Искандаров аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар мебошад. Қариб тамоми зиндагии пурбаракаташро сарфи масъалаҳои мактабу маориф, масъулиятшиносии омӯзгорону роҳбарони соҳа бахшидааст. Ҳамзамон, барои роҳнамоии дурусту шоиста китобу дастурҳоро ба табъ расонд. Барои пешравии ин соҳаи ҳаётан муҳим ва таълиму тарбия пайваста тариқи воситаҳои ахбори омма низ баромад мекард.
Ӯро барҳақ устоди устодон медонистанд ва гиромияш медоштанд. Тавре Абдуҷаббор Раҳмонзода, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ду сол пештар дар сарсухан ба китоби панҷоҳумини ин устод навишта буд: «Гумон намеравад, ки номи Ҳабибулло Искандаровро нафаре аз аҳли маорифи ҷумҳурӣ ношунида бошад... Устоде, ки аз шодиву ифтихори омӯзгорон меболад, ҳама ҷо ва дар ҳар замон истеъдодро меҷӯяд, онҳоро то ҳадди имкон дастгирӣ мекунад... Ҳамзамон, аз дарду алам огоҳӣ меҷӯяд, баробари онҳо азият мекашад, душмани нотавонбиниву ноадолатӣ буда, хусусан, дар мавриди ҳимояи иҷтимоии омӯзгорон хеле талош мекунад... Ба ҳар навъ, чун асолати омӯзгорӣ дорад, ҳаёту мамоташро бе тору пуди соҳа тасаввур карда наметавонад».
Муҳаммадюсуф Имомзода, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазири маорифи ҷумҳурӣ, соли 2018 дар бораи Ҳабиб Искандаров навишта буд: «Ӯро, барҳақ, муаллими муаллимон номиданд. Дарвоқеъ, вақте дар 88 – солагӣ ӯ пайи навиштан қалам ба даст мегирад, аз омӯзгорон аҳвол мепурсад, бевосита рӯзномаву маҷалла мехонад, чаро ба бузургияш қоил нашавем? Устоде, ки танҳо муносибаташ ба шахс намунаи ибрат аст, устоде, ки суҳбаташ саросар аз панду омӯзиш иборат аст, соҳибэҳтиром набошад?»
Месазад илова кард, ки заҳматҳои ин устоди зиндаёд бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва дигар мукофотҳо қадр шудаанд. Инчунин, ӯ барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад.
Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам ва ин зарур аст, ки ба хотири гиромидошти ному кораш дар шаҳри Душанбе яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ё коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ ба номи устод Ҳабиб Искандаров гузошта шавад. Ин амал рӯҳи ӯро бештар шод мегардонад ва дар тарбияи насли навини омӯзгорон асари неки худро мегузорад.
Қурбоналӣ МАҶИДЗОДА, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.07.2020 №: 142 Мутолиа карданд: 1817