сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
1 август суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат сарони давлатҳо ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикоти самимиро унвонии мардумони ба ҳам бародари ду кишвар анҷом доданд.
Дар сухани худ Пешвои миллат суннатҳои аслии ин иди саидро, ки таҷассумгари арзишҳои умумибашарии бародарию пайвандҳои амиқи дӯстӣ, ризоят, ҳамдигарфаҳмиву эътимод ба якдигар ва ҳамдастӣ мебошанд, таъкид карданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар зимн, Президенти Тоҷикистон ба мардуми шарифи Туркия, наздикону пайвандони қурбониёни ин бемории ҳамагир ҳамдардии амиқ баён намуда, ба бемороне, ки гирифтори он мебошанд, шифои ҳарчи зудтар орзу карданд. Ба ҷониби Туркия барои кумаки башардӯстонаи тиббӣ ва мусоидат дар баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан миннатдорӣ иброз намуданд. Дар робита ба ин, президентҳо омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати дар ояндаи наздик аз нав ба роҳ мондани парвозҳои мунтазамро байни ду кишвар таъкид карданд.
Масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ, дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.
Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2020 №: 143 Мутолиа карданд: 809