ҳуқуқ
КОРРУПСИЯ. АГЕНТӢ ОМОРИ ҶИНОЯТҲОРО ЭЪЛОН КАРД
Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 1218 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор карданд, ки 482 - тои он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Ба феҳристи ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани кредит, қаллобӣ, қочоқ, саркашӣ аз пардохти андоз, гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, суистифода ва баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин шомил мебошанд.
Сулаймон Султонзода, директори агентӣ, зимни ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи ин ниҳод гуфт: «Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 116, соҳаҳои маориф ва илм 88, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 41, нақлиёт 9, кишоварзӣ 71, адлия 21, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 22, саноат ва технологияҳои нав 2, молия 2, энергетика ва захираҳои об 1, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ 60, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 4, кумитаҳои андоз 8, меъморӣ ва сохтмон 3, кор бо ҷавонон ва варзиш 6, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо 3, ШСХК «Барқи тоҷик» 7, соҳаи бонк 96, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ 260, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон 225 ва дигар идораю корхонаҳо 84 ҷиноят содир гардидааст.
Муфаттишони агентӣ аз 372 парвандаи ҷиноятӣ тафтиши пешакии 266 - тои онро нисбат ба 361 нафар ба анҷом расонданд. Аз ин шумора 213 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 266 нафар бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардида, 53 парванда нисбат ба 95 нафар дар пешбурд қатъ шудааст, ки 38 - тои он нисбат ба 74 нафар бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мебошад.
Кормандони агентӣ вобаста ба рӯёндани маблағҳои зарар ба мақомоти судӣ 38 аризаи даъвоӣ ба маблағи 23 миллион сомонӣ пешниҳод намуда, то ҳол 9 ариза бо маблағи 3,1 миллион сомонӣ қонеъ, боқимонда дар баррасии суд қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, агентӣ аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият дар ин давра 53,6 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид намудааст, ки аз он ба суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 36,6 миллион, буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 10,5 миллион, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1,6 миллион ва суратҳисоби муваққатии Вазорати молия барои пардохти қарзҳои мушкилситон 4,9 миллион сомонӣ рост меояд.
Ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони агентӣ 1155 пешниҳод ирсол гардида, бо натиҷаи баррасии онҳо нисбат ба 480 нафар огоҳӣ, 231 нафар сарзаниш, 273 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 2 нафар ба вазифаи паст ва 75 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.
Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 798 ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 922,6 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.
- Дар ин давра 41 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, ошкор ва ҳуқуқвайронкуниҳои мазкур бо пешниҳоди санадҳои эътиноӣ бартараф шуданд. Чунончи, сардори шуъбаи истифодаи оби раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд духтараш Манижа Бобоҷоноваро ба ҳайси мутахассиси пешбари ҳамин шуъба, ки зери тобеияташ қарор дорад, таъйин намудааст, - гуфт С. Султонзода.
Ба агентӣ ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузарондан 613 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки 521 - тои он мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 75 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа бозпас гардонда шуданд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2020 №: 143 Мутолиа карданд: 1246