ҳуқуқ
АЗ ЗИНДОН БА ЗИНДОН. ҚАЛЛОБӢ И. СОҚИЕВРО БОРИ НУҲУМ ПУШТИ ПАНҶАРА БУРД
Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки солҳои охир содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби шаҳрвандон зиёд шудааст. Баъзе афрод бо ҳар роҳу восита сокинонро фиреб карда, моликияташонро муфт ба даст меоранд. Мутаассифона, шаҳрвандоне, ки бо ин ҷурм зиндон мешаванд, баъд аз адои ҷазо боз даст ба ҷиноят мезананд. Имомалӣ Соқиев, сокини 33 - солаи ноҳияи Зафаробод, аз ҷумлаи чунин афродест, ки қаблан ҳашт маротиба (аз ин шаш бор бо ҷурми қаллобӣ, боқӣ дуздӣ) суд шуда, боз даст ба кирдори ношоиста задааст.
Имомалӣ Соқиев маротибаи 8-ум бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд (30 августи соли 2017) бо моддаи 247 қисми 2 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати се сол равонаи зиндон гардида буд. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (25 октябр соли 2019) аз қисми боқимондаи ҷазо озод шуд. Қаблан низ чор бор (солҳои 2009, 2011, 2014 ва 2016) мутобиқи қонун авф гардида буд, вале ислоҳ нашуд. Чуноне мегӯянд «он чи ба шир омад ба ҷон мебарояд».
Тафтишот нишон дод, ки маҳкумшуда бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ва суиистифода аз боварӣ, 4 декабри соли 2019 ба манзили истиқоматии Хуршед Додоев, воқеъ дар деҳаи Курушкати шаҳри Истаравшан омада, соҳибхонаро бо суханони дурӯғ бовар кунондааст, ки додараш Хусрав Додоев ҳамроҳ бо додари ӯ дар як қисми ҳарбӣ адои хизмат намуда истодаанд. Айни ҳол Хусрав аз тири яроқи оташфишон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Судшаванда аз Хуршед Додоев барои ҷарроҳии додараш ду ҳазор сомонӣ ва либосу пойазол гирифта, рақамҳои телефони мобилиашро ба ҷабрдида дода, аз ҷои ҳодиса ба самти номаълум ғайб задааст. Дар натиҷа, Имомалӣ Соқиев бо ин кирдораш ба Х. Додоев 2500 сомонӣ зарар расондааст.
Бо асосҳои болозикр суди шаҳри Истаравшан Имомалӣ Соқиевро бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а, в»-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, дар асоси қисмҳои 2 ва 6-и моддаи 67-и кодекси мазкур аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо (якҷо бо ҳукми ноҳияи Шаҳристон) Имомалӣ Соқиевро ба муҳлати се солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум намуд. Суд ҳукм кард, ки аз ҳисоби маҳкумшуда ба фоидаи ҷабрдида Хуршед Додоев зарари расондааш рӯёнда шавад.
Абдуҳаёт АБДУСАЛОМЗОДА,
судяи суди шаҳри Истаравшан,
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2020 №: 143 Мутолиа карданд: 991