қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби барҳам дода шудани Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси он Бахтия Муҳаммадиева ва муовинҳои раис Асват Асоев ва Ихтиёр Ашӯров аз вазифа озод карда шуданд.
Бо сабаби барҳам дода шудани Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори он Маҳмадтоир Зокиров, муовини аввали директор Мунаввара Исмаилова ва муовинҳои директор Нусратулло Нозанинов ва Шарофиддин Бобоназаров аз вазифа озод гардиданд.
Маҳмадзоир Соҳибов аз вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Лолахон Раҳмонов аз вазифаи директори Агентии таъмини амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо сабаби барҳам дода шудани ин сохторҳо аз вазифа озод карда шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2825