фарҳанг
ТОҶИКОБОД. РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод оид ба амалисозии ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019 - 2021 тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, тавассути барномаҳои грантӣ, вусъат бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ ва шарикии бахшҳои давлатию хусусӣ коргоҳҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, намудҳои гуногуни хизматрасонӣ роҳандозӣ мегарданд.
Ибтидои соли гузашта дар назди муассисаҳои давлатии таълимии «Маркази таълими калонсолон» ва «Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод» курсҳои омӯзишии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, устоҳои ҳунарманд аз вилояти Суғд ба 40 нафар духтарони маҳаллӣ маҳорати адрасбофиро омӯзонданд.
Дар ин муддат дар ноҳия коргоҳҳои дӯзандагии либосҳои занона, мактабӣ, варзишӣ, тиббӣ, сехҳои қаннодӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзию сӯзанзанӣ, марказҳои хизматрасонии кошонаи ҳусн ба фаъолият оғоз намуданд. Ба шарофати бунёду роҳандозии коргоҳҳои мазкур даҳҳо бонувони хонанишин дар деҳоти ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Ҷавондухтароне, ки пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хоҳиши ҳунаромӯзӣ доранд, тавассути лоиҳаҳои грантӣ дар деҳоти дурдасти ноҳия соҳиби касб мешаванд. Соли гузашта бо ташаббуси ҷамъияти «Фидокор» дар асоси бурсҳои хурди USAID мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ноҳия имкон пайдо намуданд, ки 50 зани хонашинро бо кор таъмин намоянд. Дар коргоҳҳои дӯхти либоси варзишӣ ва қаннодии деҳоти Ширинчашма 20 нафар духтарони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин шуданд. Инчунин, 40 нафар духтарон дар деҳоти Шогадоев бо омӯхтани ҳунарҳои чакандӯзию сӯзанзанӣ, дӯхтани ниқоб, сарулибоси тиббӣ ва нозукиҳои қаннодӣ ба кор ҷалб гардиданд. Зиёда аз 40 нафар бонувони деҳоти Қалъаи Лаби Об аз рӯи касбҳои кулолгарӣ, қуроқдӯзӣ ва 3 нафар бонувон дар кошонаи ҳусни “Бонуи Тоҷикобод” ба кор ҷалб гардиданд. Дар деҳоти Лангари Шоҳ дар ин муддат коргоҳҳои дӯзандагию бофандагӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва мебел таъсис ёфта, ҳоло ба мизоҷон маҳсулоти хушсифат пешниҳод менамоянд.
Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Нӯшор аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳҳои оҳангарӣ, мевахушккунӣ, масолеҳи сохтмонӣ, дуредгарӣ, пахтатозакунӣ ташкил карда шудаанд, ки айни ҳол фаъолияти назаррас доранд.
Коргоҳи дӯзандагии нав, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” дар маркази ноҳия таъсис гардида, соли 2019-ум 4975 ҷуфт ва соли равон барои муассисаҳои таълимӣ 5030 адад либоси мактабӣ пешкаш намуд.
Лоиҳаҳои грантӣ низ, ки дар пайи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занону духтарон ва ҷалби онҳо ба кор пешниҳод мешаванд, натиҷаҳои судманд бор оварда истодаанд.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.08.2020 №: 144 Мутолиа карданд: 567