logo

фарҳанг

МУАЛЛИФ ҲАҚ АСТ. КАМБУДИҲО БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Дар бахши раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб мақолаи Сарвиноз Шодмонова таҳти унвони «Маърифат. Вақте китобхона ҳоли табоҳ дорад...», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 30 марти соли 2020 ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Санҷиш нишон дод, ки филиал – китобхонаҳои №№16, 17 ва 19 – и деҳаҳои Тоқакаппа, Мирапоқ ва Хонаободи деҳоти Даҳана дар тавозуни бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қарор доранд. Хазинаи китобии филиал – китобхонаҳои номбурда, дар маҷмӯъ, 12001 нусхаро ташкил намуда, солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Тавре дар мақола зикр гардидааст, айни замон бинои муассисаҳои мазкур дар ҳолати корношоямӣ қарор дошта, солҳо рӯи таъмири асосиро надидаанд ва фаъолияти минбаъдаи онҳо имконнопазир аст. Мувофиқи мақсад мебуд биноҳои ин китобхонаҳо азнавсозӣ карда мешуд.
Бо вуҷуди камбудиҳои дар боло зикргардида, кормандони соҳаи фарҳанги деҳоти Даҳана фаъолияти худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда, чорабиниҳои фарҳангиро дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор менамояд, дар озмуну дигар чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ иштироки фаъолона доранд.
Имрӯзҳо ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти фарҳангӣ дар тамоми гӯшаю канори Ватани азизамон рафта истодааст. Тибқи нақша бинои филиал – китобхонаҳои деҳаҳои Тоқакаппа, Мирапоқ ва Хонаободи деҳоти Даҳана то ин ҷашни умумимиллӣ аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ, дастгирии соҳибкорон ва дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ таъмири асосӣ ва навсозӣ мешаванд.

А. ОДИНАЕВ,
мудири бахши раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2020    №: 144    Мутолиа карданд: 794
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед