logo

фарҳанг

«ФАРҲАНГ ЗИДДИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ»

Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти  Вазорати фарҳанги кишвар бо иштироки олимону адибон, рӯзноманигорон, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни он филми мустанади “Хиёнат” ва таъсири он дар тарбияи ватандӯстии насли ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги мамлакат, бо ёдоварӣ аз дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маишии кишвар иброз дошт, ки ба хотири ҳифзи тамоми арзишҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, муқаддасоти давлатдории навини миллӣ ва ояндаи дурахшони Меҳани азизамон имрӯз халқи тоҷик бояд беш аз пеш ҳушёру зирак ва бо ҳам муттаҳид бошад. «Мо бояд Ватани азизи худро аз самими қалб дӯст дорем, то хоинони миллат имкони рахна задан ба сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи моро надошта бошанд», - таъкид намуд мавсуф.
- Филми мустанади “Хиёнат” бозгӯи воқеаҳои нангини пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба сари миллати тоҷик фурӯрехта мебошад. Ин воқеаҳо дар бораи ба таври иҷборӣ аз ҷониби қувваҳои беруна бо истифода аз ашхоси фиребхӯрда ба гирдоби ҷангу ҷидол ва куштору сӯхтор кашидани кишварамон нақл мекунад. Он ифодакунандаи таърихи на чандон дури тоҷикистониён мебошад. Филм воқеияти талхи таърихиро нишон медиҳад, ҳадафҳои ғаразнок ва манфури роҳбарони ташкилоти экстремистӣ - террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ошкор ва найранги муносибатҳои сиёсиву дипломатии баъзе кишварҳоро ифшо месозад, - зикр намуд зимни суханронӣ Мурод Муродӣ, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри пажӯҳишгоҳ.
Ба андешаи Абдуфаттоҳ Аминов, мудири шуъбаи илмӣ - методии пажӯҳишгоҳ: “Филми мазкур дар сатҳи баланди ҳунарӣ барои бедор кардани ашхоси дарғафлатмонда таҳия шуда, тамоми паҳлуҳои хиёнаткориҳои наҳзатиёнро фаро гирифтааст. Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба зиммаи равшанфикрон ва зиёиён аст. Вазорати фарҳанг оид ба баргузории чорабинии мазкур тасмими саривақтӣ гирифтааст ва он бояд идома ёбад».
- Хиёнаткориҳои наҳзат буд, ки иқтисодиёти кишвар коста гашта, теша ба решаи фарҳанг зада шуд. Дар филм нишон дода шудааст, ки наҳзатиён чӣ гуна фарҳангсолорони миллатро як – як бо усули зӯроварӣ ба қатл маҳкум намудаанд, то решаи фарҳанги ғании миллатро фалаҷ созанд, - гуфт зимни маърӯзааш Лутфулло Ниёзов, сардори раёсати байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.  – Хиёнати наҳзатиён ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд.
Сипас, ба аҳли толор порчаҳо аз филми мустанади “Хиёнат” намоиш дода шуд. Ҳангоми мубодилаи афкор М. Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, М. Достизода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Ш. Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, пешниҳод гардид, ки ба хотири тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию арҷгузорӣ ба ниёгони пурифтихор, фарҳангикунонии наврасону ҷавонон, филми мазкур дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба маъраз гузошта шавад.

М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2020    №: 144    Мутолиа карданд: 636
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед