сиёсат
СИЁСАТ. ВАҚТЕ МУХОЛИФОН ФАРОСАТИ ОДИИ ИНСОНӢ НАДОРАНД...
Баҳманёр, нависандаи номвари тоҷик, дар силсилаҳикоёти “Сармаддеҳ” образеро ба риштаи тасвир кашидааст бо номи Холдори чилдурӯғ. Қаҳрамони ҳикоя ба гуфтаи мардум аз тоифае аст, ки агар дурӯғ наёбад, ноилоҷ рост мегӯяд. Ба ҳамин монанд нафареро медонам, ки шикорро дӯст медошт ва баъди ҳар бозгашт қиссаи наверо дар атрофу акноф паҳн мекард. Боре дар маъракае бо кафки даҳон аз дидани море, ки даҳ метр дарозӣ дошт, қисса кард. “Наход? Андак кам кунед, - хоҳиш карданд ҳамсуҳбатон”. Ба ҳамин минвол дарозии ин аждаҳоро то ба як метр фаровард. Ба ин ҳам шубҳа карданд. “Валлоҳ, дигар кушед ҳам, як ваҷаб кам намекунам”, - гуфт ӯ. Воқеият ба назари ӯ ҳамоне буд, ки хаёлан тасаввур мекард ва онро сурати ҳол мепиндошт.
Ин қисса вақте лофу газоф ва суханрониҳои Муҳиддин Кабириро дар бораи вазъи Тоҷикистон мешунавам, ба хотирам меояд. Дар тасаввури ӯ воқеияти Тоҷикистон ҳамонест, ки солҳо қабл медонист ва ҳанӯз ба коргоҳҳои зиёд фармонравоӣ мекарду дар ҷаласаҳои ҳизбӣ пеши ҳамсафон донотарошӣ менамуд.
Аз он солҳо аз ин ҷӯй оби зиёде гузашт, воқеият дигар шуд. Агар имрӯз аз мардум пурсише доир намоянд, ҳатто собиқ ҳамсафонаш дигар ӯро ҷонибдорӣ намекунанд. Хаёли хоме, ки ҷомеа “ғояҳои” онҳоро мепазирад, ба айбҷӯиҳои онҳо табдил ёфтааст. Аммо “ба ҳован об кӯбидан” аст талошҳои ӯ ва ҳаммаслаконаш.
Баъдан, маълум аст, ки дар ниҳояти кор ҳадафи ҳар ҳизби сиёсӣ даст ёфтан ба ҳокимияти сиёсӣ аст. Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом низ истисно нест. Онҳо ба чӣ такя мекунанд, ба чӣ умед мебанданд? Ҳизбашон бо ҳукми суд мамнӯъ ва террористию экстремистӣ эълон шуд, ҳазорон нафар аъзоёнаш аз он расман рӯй тофтанд. Худаш солҳо боз дар хориҷи кишвар қарор дорад. Ё умедворанд, ки “қатра оқибат сангро сӯрох мекунад?” Шояд ба ҳамин хотир тарғиботашонро аз тариқи сомонаҳои интернетӣ бештару фаҳштару ғаразноктар сохтаанд.
Онҳо фаромӯш кардаанд, ки заминаҳои иҷтимоии ҳизбашон дар ҷомеа рӯ ба нестӣ ниҳодааст ва ба он такя задан хаёли хоме беш нест. Мардум дигар ба афсонаи “Давлати исломӣ”, суиистифода аз номи ислом ва мушкилоти мавҷуда ба манфиатҳои шахсию сиёсӣ, ба хотири сиёҳ кардани Роҳбарияти олии кишвар дода намешаванд. Мардум аз расонаҳои иттилоотӣ бохабар ҳастанд, ки дар режимҳои исломӣ мардум чӣ ҳолу рӯзгоре доранд. Ғарази таъсиси ҳизби мазҳабӣ дар кишвари мо низ, аз оғоз пардапӯш намоянд ҳам, таъсиси давлати ба ном исломӣ буд ва аз он то ҳол даст накашидаанд. Ба яқин, неруҳое ҳастанд, ки интиқолу паҳн кардани чунин режимро пуштибонии молӣ ва маънавӣ менамоянд. Кабирӣ ҳам аз ин илтифот бархӯрдор аст.
Усули пешгирифтаи онҳо шарҳу тавзеҳи ғаразноки рӯйдодҳои Тоҷикистон гардидааст. Барои мисол, аз зиёни сел дар як деҳаи ноҳияи Хуросон хабар дода, ҳамзамон, таъкид менамоянд, ки Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба офатзадаҳо беэътиноӣ менамояд. Ин дар ҳолест, ки ҳоло маҳз бо дастури Пешвои миллат ва дастгирии Ҳукумати мамлакат барои зарардидагон замин ҷудо шуда, дар он бунёди хонаҳо идома дорад.
Худ шоҳид ҳастам, ки оқибати селҳои харобиовари солҳои 2003 ва 2005 дар шаҳри Панҷакент маҳз бо дастури Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ бартараф гашта, тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ба ёрии офатзадагон сафарбар шуданд. Дар ифтитоҳи шаҳраки нав барои сокинони осебдидаи Ҷамоати деҳоти Шинг бошад, худи Пешвои муаззами миллат ширкат намуда, калиди хонаҳоро худашон тақдим намуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳа низ бо иштироки Сарвари давлат сурат гирифт. Шаҳраки навбунёд бо пешниҳоди Президенти мамлакат номи Саразмро гирифт. Ҳоло он як макони обод мебошад.
Иштироки Президенти мамлакат дар тантанаҳо бахшида ба 75 - солагии Ғалаба дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва низ мавриди таҳлили бадхоҳон гардидааст. Ба онҳо гуфтаниам, ки барои Пешвои миллате, ки дар таъмини ин ғалаба саҳми сазовор гузошта, ҳазорон нафар фарзандони миллаташ дар он ҷанг қурбон шудаанд, иштирок дар ин маросими ёдбуд ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонии гузаштагон аслан мояи ифтихор барои тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Маълум мешавад, ки ҳаммаслакони Кабирӣ аз он маънии дигар меҷӯянд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ин хаёлҳои хомашонро ба сари хонандагони эҳтимолиашон дар сомонаҳои иҷтимоӣ бор намоянд.
Мухолифини мо аз зимоми давлатдорӣ огоҳ нестанд, шеваи муросою мадоро намедонанд, дар доираи манфиатҳои геополитикию минтақавӣ мавқеи миллату давлаташонро дифоъ карда наметавонанд. Онҳо ҳатто фаросати одии инсонӣ надоранд, ба даҳонашон чизе ояд гуфтан мегиранд. Аз оқибати гуфтаҳояшон ҳеҷ намеандешанд. Онҳо умед доранд, ки шояд нафароне ёфт шаванд, ки ба доми онҳо афтанд. Ба ҷои айбҷӯӣ ва хулосабарориҳои аз воқеият дур бояд пешниҳодҳои ҷолибу ояндадор ирсол доранд.
Тоҷикистон чун давлати мустақил ба қарибӣ сисола мешавад. Дар ин муддати кӯтоҳ тавонистем ба ҷанги шаҳрвандии харобиовар ва пурфоҷиа хотима бахшем, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ робита барқарор намоем, иқтисоди фалаҷшударо ба по рост кунем. Эҳёи суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва фарзандони фарзонаи миллатро дар меҳвари сиёсати фарҳангии давлат қарор додем. Зиёда аз ин ба лоиҳаҳое даст мезанем, ки давлати абарқудрати шӯравӣ аз пиёда сохтани онҳо бо сабабу омилҳои гуногун истиҳола менамуд. Бо ҳама нуқсу камолаш роҳи бунёди давлати мутамаддини дунявиро бебозгашт ихтиёр намудаем. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ҳама мушкилоту монеаҳои сари роҳамон пешомадаро пурра бардоштаем гуфтан камоли содалавҳӣ мебуд. Дар бораи камбудиҳои ҷомеа Сарвари давлат дар ҳар мулоқоту вохӯриашон бо аҳли ҷомеа махсус истода мегузаранду барои ҳалли онҳо дастуру супоришҳои махсус медиҳанд. Муҳим он аст, ки мо роҳи дурустро интихоб намудаем ва умедворем он бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба қуллаи мурод мебарад.
Турдибой СОЛЕҲЗОДА,
роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.08.2020 №: 144 Мутолиа карданд: 827