сиёсат
МАҲБУБИ МИЛЛАТ. МУҲАББАТНОМАИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН БА ПЕШВОИ МУАЗЗАМ
Фозилон ва мутафаккирони миллатҳои гуногун аҳамияти таърихии ваҳдати миллиро кайҳо собит намудаанд. Дар ҳар сарзамине, ки дӯстиву ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, дар он ҷо амну амонӣ ва сулҳу субот пойдор шуда, пешрафт ва некуаҳволии ҷамъият таъмин мегардад.
Ин раванди таърихиро дар мисоли Тоҷикистон, ки ба қарибӣ 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии он ҷашн гирифта хоҳад шуд, мушоҳида карда метавонем. Ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 баргузор гардида буд, сарчашма гирифтааст.
Ҳамроҳ бо Истиқлолияти давлатии кишвар муваффақ гаштан ба ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, зеро яке аз шартҳои муҳимтарини сиёсати давлатдорӣ ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт ва кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Воқеан, Тоҷикистон аз замони истиқлолият роҳи минбаъдаи рушди худро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пайгирона таъмин намуд. Ҳарчанд бунёди давлати мустақил кори саҳл нест, вале талошу ҷонбозӣ ва садоқати Сарвару мардуми шарифи Тоҷикистон, тафаккури баланди аҷдодӣ ва дарки ҳувияти миллӣ ба ин дастовардҳои беназир ноил гардидан замина фароҳам оварданд. Ба сари қудрат шахсияте омад, ки тақдири эҳёи давлатдории миллӣ маҳз бар дӯши ӯ вогузор шуда буд. Ин шахсияти таърихӣ фарзанди фарзона ва содиқи Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ба ҷасорат ва ғайрату матонати ӯ баҳои ҳаққонӣ додан камоли инсоф аст, зеро дар ҳамон замони пурталотум ва ниҳоят душвор иҷрои ин вазифаи пурмасъулият бағоят душвору гарон ва хатарнок буд. Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш маҳорату матонат ва садоқату ҷоннисории худро барои Тоҷикистон борҳо собит сохта, бо ҳамроҳии мардуми шарафманди кишвараш ба эҷоди давлати тозабунёди миллӣ шарафёб гардиданд.
Мардуми заҳматкаш ва шарафманди тоҷик то ҳол дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосияи таърихӣ дар ҳузури вакилони мардумӣ дар симои халқи шарифи Тоҷикистон савганди садоқат ёд карда буданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату иродаи қатъӣ Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо намуда, дилпурона то ба ваҳдати миллӣ расонданд.
Хидматҳои шоёни Пешвои миллат дар ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи тоҷикон саҳифаҳои рангини рӯзгори босаодати Тоҷикистони соҳибистиқлолро зинат медиҳанд. Заҳматҳои кашидаи ӯро ҳар як тоҷикистонӣ бо чашми сар ва ақли солим мушоҳида кардаву шоҳиди бевоситаи онҳо шудааст.
Маҳз истиқлолият ва ваҳдати миллӣ имконият фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ сохтори давлатдориро ба талаботи меъёрҳои дунявӣ мувофиқ намояд. Имрӯз Тоҷикистонро тамоми кишварҳои ҷаҳон ба расмият мешиносанд ва ин далели раднашавандаи зафари афкори хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон аст.
Дар тӯли таърихи 29 соли истиқлолият ва 23 соли ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба пешравиҳои бузурги мислаш дар 70 соли шӯравӣ диданашуда ноил гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурандешона иброз медоранд: «Истиқлолияти давлатӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ – бунёди давлати навину пешрафтаи тоҷиконро гузоштааст. ... Маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем барои аз буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо додани кишвар заминаи устувор гузорем».
Ҳоло талошҳои пайгиронаи Сарвари давлати тоҷикон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ манзури оламиён гардида, Тоҷикистон ба мактаби бузурги таҷрибаи ваҳдату сулҳофарӣ табдил ёфтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаи муфидро омӯхта, дар ҳалли буҳронҳои сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни олам истифода менамояд. Собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ҷиддан таъкид намудааст: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир додааст».
Дар ҳақиқат, баракати беназири ваҳдати миллӣ ниҳоят бузург ва нотакрор аст. Дар натиҷаи он ҳазорон гурезагон ба Ватан баргаштанд, ҳазорон кӯдакону бепарасторон ба ғамхории давлат фаро гирифта, сарпаноҳ ёфтанд, ҳазорон нафар аз нав соҳиби хонаву дар шуданд. Аз баракати ваҳдати миллӣ Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, маркази асосии чорабиниҳои зиёди сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ қарор гирифт. Халқи тоҷик дар бисту нуҳ соли соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешрафту ободии кишвар муваффақ гардид.
Дар ин муддати на чандон тӯлонӣ дар самти ободии кишварамон корномаҳо ва рӯйдодҳои наҷиб ба вуқӯъ пайвастанд. Сарвари давлат ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлати азизамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардуми кишварамон пайваста талош менамоянд.
Воқеан, хидматҳои пурарзиш ва босуботи Сарвари давлат, махсусан дар барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ, ҳама гуна баҳои баландро сазоворанд. Садоқати беандоза ба Ватан, ҷоннисорӣ баҳри шукуфоӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти кишвар, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавон ва ниёзмандон, дастгирии соҳибкорон ва даҳҳо амалҳои наҷиб хирадмандӣ ва дурандешии ин шахсияти барӯмандро ба пуррагӣ нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, бо боварии комил ва камоли эҳтиром гуфта метавонем, ки қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» муҳаббатномаи мардуми Тоҷикистон ба Пешвои азизу муҳтарами худ мебошад. Ваҳдати миллӣ ва ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ, ки бо талошу ҷоннисориҳои Пешвои миллат ба даст омадааст, пирӯзии имрӯзу фардо дар низоми давлатдории миллӣ ва рушду такомули хоҷагии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Б. ҚУРБОНОВ, мудири кафедраи таърихи халқи
тоҷики ДМТ, доктори илмҳои таърих,
Ю. ШОДИПУР, дотсенти кафедраи таърихи
халқи тоҷики ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.08.2020 №: 145 Мутолиа карданд: 880