logo

иқтисод

САНГВОР. НАҚШИ ЯК НОҲИЯ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Кишоварзони ноҳияи Сангвор бо мақсади истеҳсоли барзиёди маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 3 ҳазору 11 гектар картошкаву ғалла ва зироатҳои полизӣ кошта, 16 гектар боғи нав бунёд карданд.

Тавре Акбар Иззатов, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, асоси иқтисодиёти ноҳияро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, аз ин рӯ, аҳли заҳмати ноҳия баҳри зиёд кардани истеҳсоли мева, ғалла, картошка, сабзавот, гӯшт, асал ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ аз имкониятҳои мавҷуда оқилонаву самаранок истифода мебаранд.
Ба гуфтаи ӯ, кишоварзони ноҳия имсол дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол майдони кишти картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва чарогоҳҳо 300 гектар зиёд намуданд.
Ҳаҷми истеҳсоли мева аз майдони 821 гектар боғ ҳамасола афзуда, ҳамзамон, бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли меваи хушсифат боғҳои замонавӣ бунёд шуда истодаанд. Деҳқонон аз замини боғҳо самаранок истифода бурда, дар байни қаторҳои ниҳолҳо зироатҳои полизӣ кишт мекунанд, то эҳтиёҷоти хонаводаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд.
Соҳаи дигари пешбарандаи иқтисоди ноҳия занбӯриасалпарварӣ ба шумор рафта, соли сипаришуда занбӯриасалпарварони ноҳия аз ҳисоби нигоҳубини хуби 12 ҳазору 960 оила беш аз 300 тонна асали хушсифат истеҳсол карданд.
- Сокинони ноҳия ҷидду ҷаҳд доранд, ки аз имкониятҳои мавҷуда оқилона истифода бурда, ба афзоиши бештари маҳсулоти хушсифат ноил шаванд ва ба ин васила дар таъмини амнияти озуқавории кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд, - гуфт А. Иззатов.

Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2020    №: 145    Мутолиа карданд: 903
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед