фарҳанг
БАХТИЁР МУРТАЗОЕВ. МАКТАБИ АДАБИЕ, КИ ОМӮЗИШ МЕХОҲАД
Адиб ва мутарҷими маъруфи тоҷик Бахтиёр Муртазоев вақте заминаҳои воқеии офарида шудани асарҳо ва очеркҳои худро нақл мекунад, кас дар симояш қаҳрамони арсаи бунёдкориҳоро дармеёбад.
Бале, воқеан ҳам сохтмонҳои азиме, ки дар Тоҷикистон анҷом пазируфтанду ҳоло дар замони соҳибистиқлолӣ идома доранд, майдони набардро мемонанд. Инро аз ҳарорати суханҳои Бахтиёр Муртазоев пай бурдан мумкин аст. Зеро сухан аз забони Луқмон хуш аст: «Мисли шумо ҷавон будам, ки бори аввал ба сохтмони ГЭС-и Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев рафтам. Аз рафти бунёдкориҳо ва сохтмончиёни кордон лавҳаву очеркҳо навиштам. Касе, ки муҳити сохтмонро фазои холӣ аз шӯру шавқ медонад, сахт иштибоҳ мекунад. Зеро дар он ҷо низ зиндагӣ бо ҳама рангу тобишҳои нозанини худ идома дорад. Дар он фазо ҳам одамон дасти ҳамдигарро мегиранд, мактаби устодиву шогирдӣ ташаккул меёбад, муҳандисону устоҳо ҳар гоҳ ин ё он қисмати ГЭС - ро созанд, мисли фотеҳони қуллаҳои сарбаланд шодмонӣ мекунанд, аз фараҳ фарёд мекашанд ва гоҳо дар ҳамон нуқтаи сохтмон ба ҳақ ҳам мепайванданд. Ёдам ҳаст, то сохтани манзил барои сохтмончиён аксари мутахассисони аз кишварҳои дигари шӯравӣ омада дар хонаҳои мардуми Норак мезистанд. Чанде аз онҳо бо халқи тоҷик унс гирифта дар кишвари мо монданд.
Баъдтар дар охирҳои солҳои ҳаштодум ба НБО «Роғун» пайвастам. Аҷиб аст, ки як гурӯҳ аз муҳандисони чашмикордони дар Норак ошно шудаам, ин ҷо низ фаъол буданд. Бо тақозои давр, Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам рехт ва дар замони соҳибистиқлолӣ бо иродаву азми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди НБО «Роғун» сохтмони зарбдори аср эълон шуд. Ман, ки яке аз орзумандони сохта шудани ин кохи бошукӯҳи нур будам, аз нав афсари иттилоотии он гардидам. Акнун насли ангуштшумори аввали муҳандисон, ки ҳангоми бунёди НБО "Норак" шинос шуда будам, ҳамчун пирамардони банур, бо каф риши сапедашонро қабза карда бо ман суҳбат мекарданд. Онҳо таҷрибаи дар кӯҳистон кор карданро доранд, аз ин сабаб бори дигар онҳоро даъват кардаанд. Куҳансолони кору ҳунарро дида, пирии худро фаромӯш кардам. Шоду шокирам, ки ба кор оғоз кардани чархаҳои якуму дувуми НБО «Роғун» - ро дидам. Умедворам, ки ҳамаи чархаҳои «Роғун» ба кор медароянду барқ чун хун дар рагу пайванди кишвар меравад ва Тоҷикистон нуристон мешавад».
Ёд кардан месазад, ки устод Бахтиёр Муртазоев ягона адиб ва публитсист аст, ки дар тӯли панҷоҳ сол барои ҳама ҷаридаҳои Тоҷикистон – аз «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Садои мардум» то «Садои Шарқ»-у «Адабиёт ва санъат» аз сохтмонҳои аср матолиби ҷолиб менависад. Дар Афғонистон чор сол тарҷумон буд. Романи «Сурх ва сиёҳ» - и Стендал, китоби «Садбарги заррин» - и Паустовский ҳосили кори тарҷумонии ӯст. Чанде аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, литвонӣ, озарӣ, эстонӣ ва қазоқиву ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Аввалин сармуҳаррири нашрияи марказии ҲХДТ Тоҷикистон – «Минбари халқ» аст. Романи мустанади «Нақби «Истиқлол»-ашро ҳама дар ёд доранд. Очеркҳои хондании ӯ дар бораи неругоҳҳои «Норак», «Роғун», «Сарбанд» зеби аксари донишномаву қомусҳои вижаи мост.
Барои «Нақби «Истиқлол» сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Ин асар бисёр ҷолиб аст. Зеро кандани нақб ва набарди рӯйорӯйи инсону кӯҳ дар он бо маҳорати баланд тасвир ёфтаанд.
- Кӯҳи бовиқор, ки асрҳо боз побарҷост, дилашро ба инсон осон намекушояд. Вақте дили ӯро мешикофанд, ӯ ҳам ба саратон санг мерезад, об ҷорӣ мекунад ва ин дастбагиребонии сангу одам солҳо идома меёбад, то чунин нақбҳои чароғону ҳамвор сина боз кунанд, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.08.2020 №: 145 Мутолиа карданд: 631