сафарҳо
БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН
5 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Ҳадафи сафар шиносоӣ аз рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, махсусан рушди боғҳои интенсивӣ, ҳолати нигоҳубин ва нашъунамои дарахтон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мебошад.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Фахробод, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ба макони зебову ҳосилхез табдил ёфтааст, оғоз гардид.
Дар ин ҷо, нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи интенсивии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” бо навъҳои беҳтарини себҳои содиротӣ шинос шуда, аз дарахтони нав баҳосиломадаи он себ чиданд.
Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли 2016 дар мавзеи Фахробод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони 360 гектар бо шинондани ниҳоли себ ба бунёди боғи интенсивии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” оғоз бахшида буданд. Баъди бунёди боғ беш аз 1000 нафар сокини Фахрободи ноҳияи Хуросон соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардид.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар заминҳои солҳо боз бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешаванд, боғҳои нави интенсивӣ бунёд ва боғоти куҳна барқарор мегарданд.
Дар асоси ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидорон бо роҳи обёрии қатрагӣ заминҳои ташналаби талу теппаҳоро шодоб карда, ҳосили фаровон парвариш ва аз ҳисоби содироти он даромади хуби иқтисодӣ мегиранд. Ҳамаи ин тадбирҳо омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат мегарданд.
Имрӯз зимни сафар Сарвари давлат бо ҳолати нашъунамои дарахтони боғ, ки нав ба ҳосил даромадаанд, шинос шуда, бо боғдорон суҳбати самимӣ доир карданд.
Дар боғҳои интенсивии хоҷагии фермерии “Асадулло” дар 226 гектар, аз ҷумла 105 гектар боғи интенсивӣ, 32 навъи себи ба содирот нигарондашуда парвариш меёбад. Хоҷагӣ дар маҷмӯъ, 931 гектар замин дорад, аз ҷумла 25 гектар нок, 103 гектар зардолу, 202 гектар ангур, 98 гектар бодом, 220 гектар биҳӣ.
Дар ҳамин ҷо, зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо заминҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони хоҷагии фермерии «Асадулло» супориш доданд, ки дар мавзеи дигари ҳамин хоҷагӣ дар майдони 150 гектар боғи сиёҳолуи содиротӣ бунёд намоянд.
Мавриди зикр аст, ки аксари меваҳои боғҳо, аз ҷумла себ, олуи сиёҳ ва ангур, ба содирот нигаронда шудаанд ва маҳсулот, асосан, ба шаҳрҳои Федератсияи Россия фиристода мешавад.
Комёбии худро боғдорон аз ҳидоятҳои неки Сарвари давлат медонанд, зеро зимни ҳар сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон барои парваришу нигоҳубини зарурии боғҳо, истифодаи самараноки сардхонаҳо ва содироти маҳсулот маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Дар хоҷагии фермерии «Асадулло» барои беталаф нигоҳ доштани меваҷот се сардхона бо иқтидори 60 тонна бунёд шудааст.
Имрӯз низ зимни боздид аз хоҷагӣ Сарвари давлат ба боғдорон барои истифодаи самараноки замин баҳои арзанда дода, онҳоро ба ҷамъоварии беталафи ҳосили парваришёфта, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо меваю сабзавот ва полизӣ ва минтақабоб намудани ниҳоли дарахтон ҳидоят карданд.
Ноҳияи Хуросон яке аз минтақаҳои калони аграрии вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, дар ноҳия ба ҳолати имрӯза 3300 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз ин 800 гектар боғи куҳнаи барқароршуда мебошад.
Дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия дар майдони 4112 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст.
Оянда дар майдони 200 гектар картошка шинонда мешавад. Майдони пахтаи ноҳия 4350 гектарро ташкил медиҳад, ки нашъунамои хуб дорад. Кишти зироатҳо дар майдони 2000 гектар замини наздиҳавлигӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст.
Умед аст, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Хуросон бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосили парваришкардаи худро беталаф ҷамъ оварда, ба бозорҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо мебароранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.08.2020 №: 146 Мутолиа карданд: 2404