logo

маориф

ДАНҒАРА. БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021), дар ноҳияи Данғара муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № № 32, 39, 45, 58 ва 79 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 – и деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти Оқсу соли 1947 ҳамчун муассисаи чорсола сохта шуда, бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва шумораи хонандагон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил ёфт.
- Бинои нави муассиса аз  ҷониби соҳибкори саховатпеша Раҷабалӣ Нозилов барои дар як баст ба таҳсил фаро  гирифтани 144 хонанда бо истифодаи дастовардҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Иншооти ҷашнӣ дорои ҳашт синфхона ва дафтарҳои корӣ мебошад. Ба сохтмони муассиса 25 сокини маҳаллӣ ҷалб шуд, - гуфт Н. Маъмурзода.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 79 дар деҳаи Чаманистони Ҷамоати деҳоти Оқсу бо тарҳи муосир қомат афрохт. Маблағи лоиҳавии иншоот 3,6 миллион сомониро ташкил дода, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва маблағгузории лоиҳаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бунёд шудааст. Иншооти таълимӣ дуошёна буда, барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. Он дорои 10 синфхонаи таълимӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ барои духтарон ва писарон, китобхонаи замонавӣ мебошад. Хонандагони деҳа то имрӯз дар муассисаҳои таълимии № 26 - и деҳаи Корез ва қисми дигар дар муассисаи таълимии № 66 - и Ҷамоати деҳоти Оқсу, ки ду - се километр дуртар аз деҳа воқеанд, таҳсил мекарданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 58 - и деҳаи Зулоли Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов соли 1989 сохта шуда, дар аввал муассиса чорсола ва минбаъд ба муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ табдил ёфт. Бо зиёд шудани шумораи аҳолии деҳа соли 2014 он ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузашт. Бинои нави муассиса аз ҷониби соҳибкор Исмонқул Таваралиев ба истифода дода шуд. Муассиса дуошёна буда, барои 240 толибилм дар як баст пешбинӣ гардидааст. Он дорои 14 дафтари корӣ, аз ҷумла 10 синфхонаи таълимист.
МТМУ № 39 - и деҳаи Дилнишини Ҷамоати деҳоти Пушинг бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гашт. Муассиса 61 сол муқаддам ҳамчун муассисаи чорсола таъсис ёфтааст. Соли 2007 мактаб ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузашт. Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 39 сохтмони бинои нав соли 2018 оғоз гардид. Маблағи лоиҳавии иншоот 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мактаби дуошёна барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 10 синфхона, китобхона ва дафтарҳои корӣ мебошад.
Муассисаи таълимии пешинаи деҳа куҳнаю фарсуда шуда, ба шароити рӯз  ва талабот ҷавобгӯ набуд. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилии сокинон ҳал шуд ва онҳо соҳиби боргоҳи замонавии илму маърифат гардиданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45 - и деҳаи Шаршари Ҷамоати деҳоти Пушинг бо маблағгузории Ҳукумати кишвар дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45 бунёд ёфт. Маблағи иншоот 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Муассисаи таълимӣ барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Он дорои 14 дафтари корӣ, аз ҷумла 10 синфхона, китобхона ва майдончаи варзиш, мебошад.
Бахтиёр  Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, дар суҳбат бо мо гуфт, ки то соли 2021 аз ҳисоби соҳибкорони  маҳаллӣ  ва  дигар  сарчашмаҳо дар ноҳия 33 муассисаи  таҳсилоти миёнаи  умумӣ бунёду навсозӣ  мегардад, ки  ба рушди  минбаъдаи  соҳаи маориф  мусоидат хоҳад кард. То имрӯз 21 иншооти таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Данғара ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву ободонӣ босуръат ҷараён дошта, дар ин раванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо соҳибкорон таъмиру азнавсозии 372 иншооти таъйиноти гуногун, аз қабили таъмир ва бунёди роҳҳо, кашидани хати оби нӯшоӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, кӯдакистон, кашидани хатҳои барқ ва коргоҳҳои маишию хизматрасонӣ, ба нақша гирифта шудаанд. То имрӯз сохтмони 158 иншоот бо арзиши беш аз 375 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст, ки 73 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2020    №: 146    Мутолиа карданд: 2068
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед