ҳуқуқ
БАДАХШОН. МАШҚҲОИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ БО ҶАЛБИ 10 ҲАЗОР НАФАР
Аз 2 то 5 августи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратӣ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ – стратегии зиддитеррористӣ, бо тирпарронии ҷангӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он зиёда аз 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, намояндагони мақомоти қудратӣ, инчунин, сарбозону афсарони эҳтиётӣ аз ҳисоби шаҳрвандони минтақа ҷалб гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ҷамъомади низомии мазкур тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2020 пешбинӣ гардидааст, дар се марҳила, дар машқгоҳҳо ва минтақаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ташкил ва ба роҳ монда шуд.
Тибқи нақша дар машқҳо дар баробари ҷалби ҷузъу томҳои пиёданизом ва таъйиноташ махсуси сохторҳои қудратӣ, инчунин, авиатсияи ҷангӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи сабуки оташфишон, 300 адад техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ, артиллерияҳои навъашон гуногун, автомашинаҳои махсуси низомӣ ва боркашу нақлиётӣ истифода гардид.
Илова бар ин, дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ Ситоди муштараки идории қӯшунҳо ташкил карда шуд, ки захираи эҳтиётии даъватшавандагон, техникаҳои хоҷагии халқ ва лавозимоте, ки барои баргузории ин чорабинии муҳими низомӣ заруранд ва мувофиқ ба эҳтимолияти замони ҷанг пешбинӣ шудаанд, мавриди санҷиш қарор гирифт.
Чорабинии муҳими низомӣ аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ташкилу ба роҳ монда шуда, ҷараёни баргузории тамоми марҳилаҳои нақшавии он аз тарафи вазири мудофиа назорат карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии низомӣ сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, вусъати қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористиро дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ фарогир аст.
Машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегии қӯшунҳои гарнизони Хоруғ бо ташкили паради ҳарбӣ ва гузашти низомии ҷузъу томҳои сохтору мақомоти давлативу қудратии ВМКБ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ шуд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.08.2020 №: 146 Мутолиа карданд: 1085