иқтисод
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ. ҲАДАФ ЗЕБОИЮ АЗАМАТИ ТОҶИКИСТОН АСТ
Имрӯзҳо ҳангоми қадам задан дар кӯчаю хиёбонҳои ободу гулпӯши шаҳру навоҳии кишвар пешрафти соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ баръало эҳсос мешавад. Бунёди иншооти бошукӯҳи маъмурию хизматрасонӣ, қомат афрохтани биноҳои осмонбӯс дар шаҳру навоҳӣ, хусусан шаҳри Душанбе, далели ин гуфтаҳост. Хабарнигори «Ҷумҳурият» Шаҳбоз Аброр дар остонаи ҷашни касбии сохтмончиён, ки ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи август ҷашн гирифта мешавад, суҳбате орост бо Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, перомуни бурду бохт, дастовардҳо, мушкилот ва нақшаҳои кормандони бахши сохтмону меъморӣ ва лоиҳакашии мамлакат.
- Сохтмончиён, меъморон ва лоиҳакашон ҳамеша рисолату масъулияти ифтихории созандагию ободкорӣ доранд. Шаҳру маҳаллаҳо ба шарофати ҳунар ва заҳмати онҳо обод мешаванд…
- Биносозӣ касби наҷибу пурмасъулият буда, на танҳо донишу таҷрибаву қобилият, балки фидокориро талаб мекунад. Сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рӯзгори сокинони кишварамон аз он ибтидо мегирад. Имрӯз дар сар то сари мамлакат бунёди иншооти нави замонавӣ бомаром идома дорад. Рушди соҳаи сохтмони мамлакат боиси афзоиши ҳаҷми масолеҳи нави биносозӣ, таъсиси ширкатҳои нави сохтмонию истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва истифодаи технологияҳои муосир мегардад.
Сохтмончиёну меъморон ва лоиҳакашони мамлакат дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, барои иҷрои вазифаҳои барномавӣ талошу кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Яке аз нуктаҳое, ки Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, истифода аз санъати ғании меъмории ниёгон ва ҳусни миллӣ бахшидан ба сохтмонҳои замонавист. Аз ин рӯ, лоиҳакашон зимни тарҳрезии нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба хусусияти миллии меъморӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
- Дар самти таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал чӣ корҳо иҷро шудаанд?
- Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 63 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд ва мавриди амал қарор доранд.
Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардид. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара низ ба итмом расида, мавриди мувофиқасозӣ қарор дорад.
Кумита ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 «Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии аз 5 то 12 - ошёнаро омода ва барои истифодабарӣ пешниҳод намуд.
Ҳоло бо мақсади иҷрои қарори зикршуда ва дар амал татбиқ намудани нақшаҳои генералии тасдиқгардида тасҳеҳи нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал идома дорад. Тасҳеҳи нақшаҳои муфассали банақшагирии 3 маркази шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии 9 маркази шаҳру ноҳия мавриди тасҳеҳ қарор дорад.
- Давоми солҳои охир симои шаҳри Душанбе бакуллӣ, ба таври шинохтанашаванда ва бо тарҳи меъмории миллӣ дигаргун шуда, он моро миёни дигар давлатҳо ҳамчун як миллати соҳибтамаддун муаррифӣ намуд. Омилҳои асосии ин пешравиҳо кадомҳоанд?
- Воқеан, мояи ифтихор аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу роҳнамоиҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои муосири меъморӣ сохтани иншооту биноҳо бунёди босуръати иншооти варзишӣ, мактабу кӯдакистонҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва хизматрасонӣ, шинондани гулу дарахтони ороишӣ ва майсазоркунӣ ба роҳ монда шудааст. Душанбе бо вусъати иҷрои корҳо дар ин самт ба пешравиҳои бесобиқа даст ёфта, бо симои дилписанди худ ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихори ҳар як сокини пойтахти азизамон гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкатҳои ватании бинокорию лоиҳакашӣ ва сохтмончиёну меъморони баландихтисоси дорои донишу малакаи замонавӣ ба арсаи созандагӣ омаданд. Имрӯзҳо меъморони ватанӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ фаъолияти пурсамар доранд ва беҳтарин биною иншоотро тарҳрезӣ ва бунёд менамоянд. Барои рушду инкишофи соҳаи меъморию сохтмон дар ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо фароҳаманд.
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатамон босуръат идома доранд.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ зиёда аз 60 лоиҳаи ангоравии иншооти таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, маданӣ ва маишӣ таҳия гардида, дар сомонаи кумита www.tajsohtmon.tj барои корбарӣ пешниҳод шудааст. Инчунин, лоиҳаи иншооти зикршуда аз ташхиси давлатии лоиҳаҳо гузаронда шуда, ба муроҷиаткунандагон ройгон пешниҳод гардидааст. Ҷойгиронии бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии КВД «Лоиҳакаш», ки дар ҳар як шаҳру ноҳия фаъолият менамоянд, амалӣ мешавад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, то баргузории ҷашни бузурги миллӣ сохтмони 23862 бинову иншоот ба нақша гирифта, то 1 июли соли равон 11112 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот зери назорати кумита қарор дошта, аз натиҷаи санҷишҳои гузарондашуда ҳар моҳ ба Ҳукумати кишвар маълумот пешниҳод мегардад.
- Ба сохтмончиёни Тоҷикистон чӣ гуфтание доред?
- Сохтмон ҷодаи муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ иншооти зиёди наву замонавӣ бунёд меёбанд. Асосгузори ҳамаи навсозию ташаббусҳо ва илҳомбахши сохтмони иншооти азиму стратегӣ дар ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамеша соҳаи сохтмону меъмориро ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навини худ таъкид намудаанд: «Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Ҳамаи кормандону собиқадорони соҳаи сохтмону меъмории Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар кадоми онҳо ободиву осоиш ва файзу баракат орзу менамоям. Итминони комил дорам, ки сохтмончиёни тоҷик барои боз ҳам ободу зебо намудани Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити боз ҳам беҳтари кору зиндагии мардум бо дили гарму бозуи қавӣ содиқона меҳнат мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.08.2020 №: 146 Мутолиа карданд: 1267