logo

ҳуқуқ

ЁВОН. БЕЭҲТИЁТИИ ҲАМШИРАИ ТИБ БОИСИ МАРГИ ЯК НАФАР ШУД

Суди ноҳияи Ёвон Нигинаи Маҳмадрозиқ, ҳамшираи тиббии маркази тиббӣ-оилавии кумаки аввалияи тиббии санитарии ноҳияро, бо қисми 1 моддаи 108 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз беэҳтиётӣ ба марг расондан) гунаҳкор дониста, ба муҳлати як сол равонаи зиндон кард.
   

Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси суди ноҳияи Ёвон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, судшаванда ба ҳайси ҳамшираи тиббии маркази болозикр фаъолият намуда, ҳангоми дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштанаш, 21 марти соли равон дар манзили истиқоматиаш ба таъйиноти дар пораи варақ навиштаи табиб Соибегим Руштова бепарвоёна муносибат карда, оқибатҳои ҳаракатҳояшро пешбинӣ накарда, тавассути сӯзандору маҳлули доруҳои адреналин 1,0 мл, дексаметазон 1,0 мл ва натрий хлор 1,0 мм-ро ба ҳам омехта намуда, ба раги хунгарди дасти шаҳрванд Фирӯза Тӯраева гузарондааст. Дар натиҷаи ин амали беэҳтиётонаи ӯ вазъи саломатии Ф. Тӯраева вазнин гардида, номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия барои расондани ёрии тиббӣ дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ - тиббӣ сабаби марги Фирӯза Тураева ин садамаи анафлатикии барангезандааш дорувории адреналин, дегидрооксифенил-2 метиламиноэтанол дексаметазон, ки боиси варами шушҳо, норасогии шадиди кори дил ва рагҳои хунгард гардидаанд, ба шумор меравад.
Мувофиқи моддаи 60 Кодекси ҷиноятӣ ҳангоми таъйини ҷазо суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳкор, хусусият ва андозаи зарари расондашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ҳамчунин, қарори Пленуми Суди Олиро “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъйини ҷазо” асос намуда, ҷинояти содирнамудаи судшаванда Н. Маҳмадрозиқро тибқи талаботи моддаи 18 Кодекси ҷиноятӣ ба категорияҳои ҷиноятҳои начандон вазнин мансуб донист. Сабабҳои содир шудани ҷиноят ин зоҳир намудани муносибати бепарвоёна нисбат ба амали худ аз ҷониби судшаванда мебошад.
Бар пояи ҳукми суд Нигинаи Маҳмадрозиқ дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 108 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии низомашон сукунат таъйин карда шуд.
Бо дастрасии моддаи 78 Кодекси ҷиноятӣ ҷазо нисбат ба судшаванда то ба синни ҳаштсолагӣ расидани фарзанди ноболиғаш Н. Холбобоева мавқуф гузошта шуд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2020    №: 146    Мутолиа карданд: 1073
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед